Дастгирии маъюбону оилаҳои камбизоат дар арафаи соли нави мелодӣ

30.12.2021 14:08

 

Дастгирии беморону маъюбон ва ниёзмандон таҳти ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маҳсуб ёфта, ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳо ба ин қишри ҷомеа кумакҳои хайриявӣ расонида мешавад.
Қайд менамоем, ки имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳамкорӣ бо КВД “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фуруши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе” дар арафаи Соли нави мелодии 2022 ба 20 нафар маъюбон ва оилаҳои камбизоат дар маҳаллаҳои Саҳбо ва Кӯҳдомани ноҳияи Исмоили Сомонӣ маводҳои ниёзи аввал, аз қабили 20 кг орд, 5 литр равған, 10 кг шакар, 10 кг биринҷ, 20 кг картошка ва 20 кг пиёз расонида шуд. Аз ин иқдоми пешгирифтаи давлату ҳукумат дар Соли нави мелодӣ мардум хушҳолу хушнуд гардида ва миннатдории худро ба роҳбарияту ташкилкунандагон расониданд.