Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати шашум

29.12.2021 08:12

 

Санаи 27-уми декабри соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар иҷлосия масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:

1.Ҳисоботи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ “Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ёздаҳ моҳи соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022”
2.Баррасии лоиҳаи буҷети ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои соли 2022 ва тасдиқи иҷрои буҷети ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар соли 2020
3.Тасдиқ намудани Нақшаҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои соли 2022
4.Пешниҳоди раиси Комиссияи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ “Оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳалла, кўча, майдон, хиёбон, боғ, пул ва дигар қисмҳои таркибии маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Исмоили Сомонӣ” оид ба иваз намудани Муассисаи давлатии Гимназияи №9 ба номи Н.Ганҷавӣ ба Муассисаи давлатии Гимназияи ба номи Асадулло Ғуломов.
5.Ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ «Оид ба одоби вакилон».
6.Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳавзаи интихоботии №8.