Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ноҳиявии Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна

28.12.2021 17:42

 

Санаи 27-уми декабри соли ҷорӣ дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ноҳиявии Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна доир шуд. Дар даври дуюми ноҳиявии Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ миёни синфҳои 5-11 аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ 501 нафар ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд. Ба ин муносибат бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, бахши маориф ва роҳбарону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон доир гардид. Дар даври дуюми ноҳиявии Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, миёни синфҳои 5-11 и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ 136 нафар сазоври медали тилло, 164 нафар медали нуқра ва 202 нафар медали биринҷиро ба даст оварданд, ки ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ диплом, медал ва тӯҳфаҳои солинавиро тақдим карданд. Бояд гуфт, ки хонандагон дар баробари таҳсил дар муассисаи таҳсилоти миёна, инчунин аъзои машғулиятҳои Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва шаҳри Душанбе мебошанд.