Ҳисоботи раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар бораи натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар ёздаҳ моҳи соли 2021

27.12.2021 12:23

 

Муҳтарам вакилони халқ,
Ҳозирини гиромӣ,

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар моҳи декабр ҳисоботи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар бораи натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар ёздаҳ моҳи соли 2021 шунида мешавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва коллективҳои меҳнатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ин давра ҷиҳати иҷрои талаботи конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта, ба дастовардҳои шоён ноил гардидааст.
Дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2021 дар ноҳия 449 қарор ва 104 амрҳои раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба тасвиб расида, аксар қарорҳо вобаста ба масъалаҳои беҳтар намудани шароити моддии аҳолӣ қабул карда шудааст.
Дар ин давра ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 4010 адад ҳуҷҷат ворид шудааст, ки аз он 372 адад аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 362 адад аз Вазоратҳо, кумитаҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 638 адад аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, 169 адад ташкилоту муассисаҳои ноҳия ва 32 адад хабарҳои телефонӣ ворид гардидааст.
Дар ин давраи соли ҷорӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 1772 адад муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон дохил шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2020 шумораашон 673 адад зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ 48 маротиба қабули шаҳрвандон гузаронида шуда, 592 нафар шаҳрвандон ба раиси ноҳия, 104 нафар ба муовини якум, 243 нафар ба муовинони раиси ноҳия ва 79 нафар ба роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия ба таври шифоҳӣ муроҷиат намудаанд.
Масъалаи интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи кадрҳо ҳамеша зери диққати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. Ҳоло бештар аз 22,0 фоизи кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия собиқаи зиёда аз 15 солаи корӣ дар мақомоти давлатӣ доранд.
Ҳамаи кадрҳои роҳбарикунанда ва захиравӣ маълумоти олӣ дошта, рӯйхати онҳо дар асоси Низомномаи захиравии кадрҳои хизмати давлатӣ тартиб дода шудааст.
Дар ин давра 3 маротиба озмун барои ишғоли 11 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ гузаронида шуда, дар он 21 нафар довталабон иштирок намуданд ва инчунин 7 нафар хизматчии давлатӣ ба аттестатсия фаро гирифта шудааст.
Вакилони гиромӣ,
Масулини муассисаи давлатии «Ҳунарҳои мардумӣ»-и ноҳия дар ёзаҳ моҳи соли 2021 ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида дар ҳамкорӣ бо ҳунармандон дар чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ, иштирок ва ҷойҳои намоёнро ишғол намудааст.
Дар ин давра масуълини Муассиса дар ҳамкорӣ бо бахши Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия курсҳои омӯзишӣ касбии кӯтоҳмуддат ба роҳ монда шуда, дар онҳо 23 гуруҳи касбомӯзон иборат аз 348 нафар аз ҳисоби занону духтарони хонашин ва ҷавонписарони бешуғл ташкил карда шудааст.
Айни замон аз 15 адад ҷойҳои ҷамъиятии дар тобеияти Муассиса қарор дошта, 13 адад бо таъсиси зиёда аз 147 ҷойи корӣ фаъолият намуда истодааст.
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 28 январи соли 2019, №37 нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ иборат аз 167 банду 708 чорабинӣ ба тавсиб расида, то 1 октябри соли ҷорӣ аз нақшаи мазкур 673 чорабинӣ ба анҷом расонида шудааст, ки 96% нақшаро дарбар гирифта, дар боқимонда чорабиниҳо корҳо ба маром идома дорад.
Дар ин давра дар ҳудуди ноҳия, сохтмонӣ 5 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 муассисаи томактабӣ, 7 адад корхонаҳои саноатӣ, 34 адад марказҳои савдою хизматрасонӣ, 1 адад коргоҳӣ ҳунармандӣ, 1 адад меҳмонхона, 6 адад сохтмонӣ биноҳои давлатӣ, 59 адад сохтмонӣ биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, 270 адад рангубори биною иншоотҳо, 65 адад азнавсозии нуқтаҳои партовпартоӣ, 11 адад сохтмони майдончаҳои варзишӣ ба истифодаи сокинон дода шудааст.
Бояд қайд намуд, ки дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи рӯзномаи ноҳиявии «Сомон» фаъолият менамояд, ки ҳамасола вобаста ба вазъият шумораи рӯзномаҳо зиёд шуда истодааст.
Дар ин давра аз ҷониби масъулин зиёда аз 10 рӯзнома ба чоп бароварда шудааст. Рӯзнома асосан вобаста ба пешравӣ ва дастовардҳои соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия мақолаҳоро ба чоп мебарорад.
Айни ҳол шумораи чопи рӯзнома дар як моҳ як маротиба ба роҳ монда шуда, шумораи чопи он ба 1000 адад расонида шудааст.
Бо мақсади беҳтару хубтар ба роҳ мондани назорати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе, фаъолияти масъулини шуъбаю бахшҳо, ҷо ба ҷо ва интихоби дурусти кадрҳо, назорати иҷрои саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти рӯзномаи ноҳиявии «Сомон», ба пуррагӣ ба кор андохтани ҷойҳои ҷамъиятие, ки ба Муассисаи давлатии «Ҳунарҳои мардумӣ» вобаста шуда ва инчунин бо мақсади баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва иҷрои пурраи талаботҳои дастурамалҳои мансабии хизматчиёни давлатӣ роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия Баротзода Д. вазифадор карда шавад, ки дар соли 2022 камбудиҳои ҷойдоштаро сари вақт бартараф намуда, барои ба даст овардани комёбиҳои бештар, чораҳои зарурӣ андешанд.

Муҳтарам вакилон,
Аксар масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳия, баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардум ба иҷрои нақшаҳои ҷамъоварии андозҳо ва пуррагардонии буҷет вобаста мебошад, ки ин масъала ҳамеша зери диққати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошта, баҳри истифодаи самаранок аз имкониятҳои мавҷуда, пурра ба кор андохтани механизм ва манбаъҳои иловагии ҷамъоварии андозҳо тадбирҳои судманд андешида шудаанд.
Дар натиҷаи ҷамъбасти ёздаҳ моҳи соли 2021, нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии умумӣ ба андозаи 100,5 фоиз иҷро гардида, ба буҷет ба ҷои 769,7 млн. сомонӣ, 773,7 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки аз нақшаи андозҳо 4 млн. сомонӣ зиёд ва нисбати ҳамин давраи соли 2020 ба маблағи 143,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба ҷойи 141 млн. 974,1 ҳазор сомонии нақшаи солона, 132 млн. 62,3 ҳазор сомонӣ харҷ гардидааст, ки 93,0 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳамаи ташкилоту корхонаҳои буҷетии ноҳия пурра бо маош ва нафақа таъмин гардидаанд.
Дар ҷамъбасти ёздаҳ моҳи соли 2021 музди миёнаи меҳнати меҳнаткашони ноҳия 2703 сомонию 16 дирамро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2020 ба маблағи 361 сомонию 80 дирам зиёд шудааст.
Қарзи музди меҳнат ба 1 декабри соли 2021 дар ноҳия вуҷуд надорад.
Соҳаи саноат ҳамчун соҳаи воқеъии иқтисодиёт дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Зеро дар шароити имрӯза бе мавҷудияти саноати пешрафта, таъмини сатҳи баланди зиндагии мардум, ҳалли проблемаҳои иҷтимоӣ аз имкон берун мебошанд.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 472,7 млн. сомонӣ таъмин гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2020 ба маблағи 24,2 млн. сомонӣ зиёд буда, 101,4 фоизро ташкил медиҳад.
Мутассифона аз 76 корхонаҳои саноатии бақайдгирифташуда дар ноҳия 18 адад ҳаҷми истеҳсолотро кам намуда, 15 адад умуман фаъолият накардааст.
Гардиши савдои яклухт, чакана ва таъмири автомобилҳо дар ҷамъбасти ёздаҳ моҳи соли 2021 маблағи 2 миллиарду 958,6 млн. сомониро ташкил дод, ки афзоишаш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 112,8 фоизро ташкил медиҳад.
Дар моҳҳои январ - декабри соли равон ба маблағи 1 миллиарду 463,2 млн. сомонӣ хизматҳои гуногуни пулакӣ ба аҳолӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2020 ба маблағи 260,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Дар Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳия 9975 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2020 ба миқдори 95 нафар зиёд шудааст. Дар ин давра талаботи нафақаи нафақахӯрон 54,0 млн. сомониро ташкил дод, ки ҳар моҳ тавассути кортҳои Амонатбонки ноҳиявӣ пардохт карда мешаванд.
Дар ноҳия нафақагирони меҳнатӣ - 5037 нафар, нафақагирони иҷтимоӣ - 502 нафар, нафақагирони суғуртавӣ - 2969 нафар, нафақагирони давлатӣ - 1441 нафар мебошанд.
Дар ёздаҳ моҳи соли 2021 андозаи миёнаи нафақа 463,14 сомониро ташкил медиҳад.
То ин давра дар ноҳия ҳамагӣ – 2192 нафар маъюбон ба қайд гирифта шудааст, ки аз инҳо маъюбони гуруҳи 1 – 255 нафар, маъюбони гуруҳи 2 – 1182 нафар, маъюбони гуруҳи 3 – 385 нафар, маъюбони то 18 сола – 370 нафар, маъюбони Чернобл – 16 нафар, маъюбони Афғонистон – 10 нафар мебошанд.
Ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 3557 нафар шаҳрвандони бекор барои дарёфти ҷойи кор муроҷиат намудаанд, ки аз ин ҳисоб 2957 нафарашон ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуда, 2366 нафарашон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштаанд.
Дар асоси нақшаи пешбинишуда, дар моҳҳои январ-декабри соли ҷорӣ 9 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд, ки дар онҳо беш аз 135 ташкилоту муассисаҳо ба шахсони бекор 720 ҷойҳои холии кориро пешниҳод кардаанд. Дар ин чорабиниҳо 130 нафар корҷӯён ба худ кори муносиб пайдо намуда, бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо тибқи маълумотҳо дар ёздаҳ моҳи соли 2021 дар ҳудуди ноҳия 11256 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ ба бахши ҳифзи иҷтимоӣ 1664 нафар оилаҳо муроҷиат намуданд, ки аз ин 1644 оила ҳамчун оилаҳои камбизоат эътироф карда шудаанд ва бо ин мақсад барои пардохт аз буҷети ҷумҳурӣ ба маблағи 616560 сомонӣ ҷудо гардидааст.
Ҳамзамон қайд менамоем, ки аз шумораи умумии оилаҳои камбизоат ба 698 нафар оилаҳои камбизоати кудакони синни то 7 – сола дошта, дар доираи маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки умумиҷаҳонӣ ба маблағи 500 сомонӣ ба ҳар яки онҳо, дар маҷмуъ ба малағи 349000 сомонӣ ҷудо гардида, тавасути бонкҳои дар ноҳия фаъолиятдошта пардохт карда шудааст.
Ба 46 нафар нафақагирони махсуси дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон бар ивази роҳхатҳои истифоданашуда, ҷубронпулӣ дар ҳаҷми 1200 сомонӣ дар маҷмуъ 55200 сомонӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардида, тавассути бонки амонатгузории «Амонатбонк» № 05 дар ноҳия буда, дастрас гардонида шудааст.
Ба 35 нафар кӯдаконе, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасои мебошанд, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 232 дар ёздаҳ моҳи соли 2021 ба ҳар яке аз онҳо аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1260 сомонӣ ҷубронпулӣ дар маҷмуъ 190680 сомонӣ пардохт гардидааст.
Дар арафаи Иди Саиди Фитр аз ҷониби соҳибкорон, эҳсонкорон, вакилони халқи шаҳрӣ, ноҳиявӣ, масҷидҳои ҷомеаи ва буҷети маҳаллӣ ба 3542 оила ба маблағи 1060526 сомонӣ ва дар арафаи Иди Қурбон ба 912 оила ба маблағи 162509 сомонӣ кумак расонида шудааст.
Дар ноҳия 245 марказҳои савдо ва мағозаҳо, 33 ошхонаҳо, 15 тарабхонаҳо, 92 адад дорухонаҳо, 14 адад меҳмонхонаҳо, 13 адад сехҳои дӯзандагӣ, 90 адад кошонаҳои ҳусн, сартарошхона ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ ба мардум хизмат мерасонанд.
Дар ноҳия 25 нуқтаи фурӯши ангишт, 7 нуқтаи фурӯши гази моеъ, 9 нуқтаи фурӯши сузишворӣ ва 25 нуқтаи фурӯши ҳезум фаъолият доранд, ки дар онҳо ба миқдори 402 тонна ангишт, 602 тонна гази моеъ ва 391 метри мукааб ҳезум захира ба нақша гирифта шудааст.
Бо мақсади фаровон намудани бозори истеъмолӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷониби маъмурияти бозорҳо ва соҳибкорон дар ин давра 90 тонна картошка, 100 тонна пиёз ва 80 тонна орд, 21,7 тонна шакар, 30 тонна равған, 16,8 тонна биринҷ захира шуда, ба фурӯш бароварда мешавад.
Муовини Раиси ноҳия Мусозода И., сардори Нозироти андози ноҳия Ниёзӣ И., сардори Раёсати молияи ноҳия Давлатзода Х. ва дигар сохторҳои соҳаи иқтисодиёт ва саноати ноҳия вазифадор карда шаванд, ки барои ғани гардонидани буҷети маҳаллӣ, пешгирии канораҷӯи соҳибкорон аз андозбандӣ мақсаднок истифода гардидани маблағҳои буҷетӣ, тадбирҳои зарурӣ андешида, бо мақсади зиёд намудани истеҳсолоти маҳсулоти рақобатпазир, ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ, ба корҳои ободонӣ сафарбар намудани соҳибкорон, воридоти технологияи саноатии нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, назорати фаъолияти дурусти марказҳои савдо, тарабхонаҳо, бозорҳо ва дар маҳал санҷида баромадани вазъӣ шароити молии шаҳрвандони камбизоат, хизматрасонии бо сифат ба нафақахӯрон, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва зиёд намудани шумораи касбомӯзон тадбирҳои заруриро андешида, нақшаҳои пешбинишударо дар соли 2022 бо сифати баланд ва саривақт иҷро намоянд.

Вакилони гиромӣ,
Аз тарафи Идораи шабакаҳои барқи ноҳия дар ёздаҳ моҳи соли 2021 дар умум ба миқдори 422,8 млн. кВт/соат қувваи барқ дода шудааст. Маблағи пардохтшуда 158 млн. 545,4 ҳазор сомониро ташкил дод, ки он 102,3 фоизи маблағи умумии барқи истифодашударо дарбар мегирад.
Дар доираи чорабиниҳо оид ба иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ, беҳтар намудани таъминот бо нерӯи барқ як қатор тадбирҳои ташкилӣ-техникӣ, аз он ҷумла, таъмири шабакаҳои барқӣ, зеристгоҳҳо, хату ноқилҳо, трансформаторҳо ва таҷҳизотҳои барқӣ гузаронида шудааст.
Пешравии иқтисодиётро бе рушди соҳаи сохтмон тасаввур кардан номумкин аст. Дар давраи сипаригашта ташкилотҳои сохтмонии ноҳия дар беҳдошти симои меъморию зоҳирии шаҳри Душанбе ҳиссаи сазовор гузошта, як зумра корҳоро ба анҷом расонидаанд.
Назорати ба нақшаи Генералии шаҳр мутобиқ будани сохтмонҳо ва самаранок истифода бурдани заминҳо ба зиммаи бахши меъморӣ, шаҳрсозӣ ва идораи замини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вогузор буда, аз ҷониби мутахассисони шуъба дар ҷамъбасти ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ нисбати пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ ва ғасби худсаронаи заминҳо дар ноҳия корҳои муайян ба сомон расонидааст.
Дар ин давра 33 ҳолати ғасби худсаронаи қитъаи замин ва сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар масоҳати 41541,0 метри мурабаъ ошкор карда шуд.
Бо мақсади мутобиқ намудани кӯчаю хиёбонҳо ба нақшаи генералии шаҳри Душанбе аз ҷониби мутахассисони соҳа дар давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ аз кӯчаю хиёбонҳои Рудакӣ, Ш.Шоҳтемур, М.Турсунзода, Ойгул, Ҳ.Аҳрорӣ, Шафтолузор, Ф.Ниёзӣ, Л.Шералӣ, М.Миршакар ва Хоҷанбиёи боло 468 биною иншоот ва хонаҳои истиқоматӣ бартараф карда шуд.
Дар баробари ин қайд кардан зарур аст, ки аз ҷониби соҳибкорон дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 43 хонаҳои истиқоматии баландошёна ба тарзи замонавӣ сохта шуда истодааст.
Ҷамъи маблағгузориҳои асосӣ дар миқёси ноҳия аз ҳисоби маблағҳои ҳамаи сармоягузорон 1 миллиарду 863,4 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли 2020 ба маблағи 675,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Бо мақсади ҷалби соҳибкорон ба корҳои ободонию созандагӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо соҳибкорон ва шахсони алоҳида ҳамкории зичу пайвастаро ба роҳ монда, зиёда аз 46200 метри муъраба хонаҳои баландошёнаи ҳудуди ноҳияро намои беруниашон таъмири ҷорӣ карда шудааст.
Бо мақсади иҷрои талаботҳои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 15 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Рӯзи байналмилалии оила, бинои нави Хонаи ақди никоҳро, ки “Қасри бахт” номгузорӣ гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сохтмони бинои мазкур соли 2019 оғоз гардида, он бо сифати баланд ва бо назардошти талаботи муосири корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар бино барои гузаронидани маросими ба расмиёт даровардани ақди никоҳи навхонадорон шароити зарурӣ фароҳам гардидааст.
Инчунин дар давоми соли ҷорӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бинои нави Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои нави Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо тарҳу шакли муосир дар маркази пойтахт бо ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қомат афрохт, аз зумраи иншооти ҷашнӣ буда, дорои имконоти фарохи фаъолият барои тамоми кормандони Дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои зертобеи Вазорати молияи мамлакат аст.
Бино аз 11 ошёна, 2 даромадгоҳи асосӣ ва 7 даромадгоҳи ёридиҳанда иборат аст.
Дар ин рӯз инчунин дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ меҳмонхонаи «Сафо Душанбе»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Меҳмонхонаи чорситорадор бо тарҳи муосир ва бо назардошти санъати меъмории миллӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз тарафи соҳибкорони ватанӣ бунёд карда шудааст.
Иншооти замонавӣ аз 13 ошёна иборат буда, дорои 86 ҳуҷра мебошад. Ошёнаи 12-уми бино барои қабули меҳмонони олиқадр пешбинӣ шуда, дар он шароити беҳтарин фароҳам мебошад. Дар ин ошёна барои қабулҳои расмӣ дар сатҳи намояндагони воломақоми кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ имконият мавҷуд буда, сатҳи баланди хизматрасонӣ барои буду бош ва истироҳати меҳмонон аз қабили, ҳамом, ошхонаи алоҳида, утоқҳои фароғатӣ ва ғайра ташкил гардидааст.
Дар баробари ин дар ин рӯз бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомониро ба истифода супориданд.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва он ҳам бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти кормандони соҳаро дар иҷрои вазифаҳои хизмати давлатӣ афзун намуда, ба беҳдошти сатҳи зиндагонии онҳо низ мусоидат менамояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи иншоот ва мулоқот бо кормадони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона бар нафъи халқу Ватан ва саҳмгузорӣ намудан дар пойдории сулҳу субот, Истиқлоли давлатӣ ва арзишҳои миллӣ роҳнамун сохтанд.
20 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ бинои Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе ва Нозироти андоз дар ноҳияи Исмоили Сомониро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Масоҳати умумии бино 3,4 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, иншооти навбунёд аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум толори хизматрасонӣ ба шаҳрвандон, андозсупорандагон ва маҷлисгоҳ бо 120 ҷойи нишаст ҷойгир мебошад.
Иншоот бо тарҳу услуби хоси меъморӣ бунёд карда шуда, саҳни он бо гулу бутта ва ниҳолҳои ороишию сояафкан обод гардидааст.
Дар ҳамон рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Муассисаи давлатии таълимии "Гимназияи ноҳияи Исмоили Сомонӣ"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои хуштарҳу замонавии гимназия аз се қисмати 4 ошёна бо таҳхона иборат буда, барои 2560 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Муассисаи нави таълимӣ дар доираи ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, роҳбари Гурӯҳи корхонаҳои "Ғаюр" Акабар Ғуломов бо харҷи 42 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ва шиносоӣ бо шароити нави таълимӣ дар ин муассиса ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкори ватаниро намунаи ибрат арзёбӣ карданд.
Сохтмони бинои таълимӣ соли 2018 оғоз шуда, корҳои бунёдкорию паймонкориро мутахассисони Гурӯҳи корхонаҳои "Ғаюр" бо сифати баланд ба анҷом расондаанд.
Бинои нави Муассисаи таълимӣ дар ноҳия дорои 52 синфхонаи таълимӣ бо 13 кабинети фаннии муҷаҳҳаз бо шароити муосири донишомӯзӣ, аз ҷумла химия, биология, математика, физика, технологияи иттилоотӣ, география, озмоишгоҳҳо ва таълими меҳнат барои духтарону писарон мебошад.
Омӯзиш дар ин даргоҳи маърифат бо забонҳои тоҷикию рӯсӣ ба роҳ монда шуда, 70 нафар омӯзгори ботаҷриба ба таълиму тарбияи хонандагон ҷалб карда шудааст.
Бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар таърихи 1 сентябри соли ҷорӣ дар кӯчаи Варзоби ноҳияи Исмоили Сомонӣ Кӯдакистон ва Литсейи хусусии “Адолат” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Муассисаи томактабии мазкур аз се ошёна иборат буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 360 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст ва дар он имкони ҷойгир намудани 14 гурӯҳ бо шумораи 260 нафар кӯдак ва 100 нафар дар 5 гурӯҳи омодагӣ ба мактаб фароҳам аст.
Кӯдакистони мазкур дорои 8 синфхонаи таълимӣ, 6 синфхонаи таълимии ёрирасон барои зергурӯҳҳо, ҳуҷраҳои кории маъмурият ва табибон, 14 ҳуҷраи хоб бо 280 кат, ошхона барои гурӯҳҳои тайёрӣ ба мактаб бо 60 ҷойи нишаст, толори фарҳангӣ бо 120 ҷойи нишаст ва толори варзишӣ аст, ки дар онҳо шароити мусоид фароҳам мебошад.
Бинои литсейи «Адолат» аз се ошёна иборат буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 528 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст.
Литсейи мазкур дорои 28 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла биология, таърих, забони англисӣ, технологияи компютерӣ, химия, физика ва гимнастика аст, ки дар онҳо шароити арзандаи таҳсил фароҳам оварда шудааст.
Дар литсейи «Адолат» ҳамчунин 4 утоқи корӣ барои маъмурият, 2 хонаи омӯзгорон, китобхона, ошхона барои 112 ҷойи нишаст, толори фарҳангӣ бо 210 ҷойи нишаст ва майдончаи болопӯшидаи варзишӣ мавҷуд аст.
19 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанберо дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ мавриди истифода қарор доданд.
Муассисаи таълимӣ аз 1 бинои чорошёна иборат буда, барои 2200 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Баъди бунёди мактаби нав дар ин ҷо 80 нафар бо кор таъмин гардиданд, ки 54 нафарашон омӯзгорони соҳибтахассус мебошанд.
Раванди таълим дар муассиса пурра бо забони русӣ ба роҳ монда шуда, он дорои 48 синфхонаи замонавӣ мебошад.
Дар Муассисаи таълимӣ як толори калони маҷлисӣ бо 460 ҷойи нишаст ва ошхона барои 280 нафар иборат аст.
Инчунин дар ин давра дар асоси нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия биноҳои истиқоматии бисёрошёна бо ҷойгиркунии маркази савдо ва хизматрасонӣ иборат аз 6 блок, воқеъ да кӯчаи Қ. Раҳимов аз ҷониби соҳибкор Сайфуров С. Х., ба маблағи 21 миллион сомонӣ, бинои истиқоматии баландошёна бо ҷойгиркунии маркази савдо ва хизматрасонӣ дар кӯчаи М.Турсунзода 1, соҳибкор Розиқов У. ба маблағи 11,7 млн. сомонӣ, Маркази замонавии таълимии «Илм Ситӣ» барои 40 ҷой, воқеъ дар кӯчаи Пӯлодӣ 43, соҳибкор Мирзоев М.Ф ба маблағи 230 ҳазор сомонӣ, нусха манораи «Эйфел» дар шакли хурд аз конструксияҳои филизӣ, воқеъ дар кӯчаи А. Лоҳутӣ аз ҷониби ҶСК «Душанбе мол» ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ, майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон дар Муассисаи давлатии Боғи Ғалаба ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ, бинои баландошёна бо ҷойгиронии марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, воқеъ дар кӯчаи Дӯстии халқҳо №47 соҳибкор Исроилов С. Х., ба маблағи 9,6 миллион сомонӣ, бинои истиқоматии на кам аз 5 (панҷ) ошёнаи бисёрҳуҷрадор бо ҷойгир намудани маркази савдо, хизматрасонӣ ва таваққуфгоҳи зеризаминӣ дар таҳхонаи он, кӯчаи Азизбеков 27, соҳибкор Саидов Н. ба маблағи 10 миллион сомонӣ корхонаи дӯзандагии ҶДММ “КАМ Зебо” бо таъсиси 50 ҷойи нави корӣ ва корхонаи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикии ҶДММ “Паймон сохтмон” бо таъсиси 30 ҷойи нави корӣ ташкил ва ба истифода дода шуд. Дар иншоотҳои мазкур зиёда аз 300 ҷойи нави кории доимӣ, таъсис дода шуд.
Вакилон ва ҳозирини гиромӣ,
Ҳолати ободонӣ, кабудизоркунии кӯчаю хиёбонҳои ноҳия ба зиммаи кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳия вогузор шудааст. Ёдовар мешавем, ки дар мувозинаи корхона 195,8 роҳҳои автомобилгард, 666,6 ҳазор метри мураббаъ роҳҳои пиёдагард, 3 адад гузаргоҳҳои зеризаминӣ, 114 адад истгоҳҳои нақлиётии ҷамъиятӣ, 4 адад фавора, 112950 метри тулони ҷуйборҳо ва 62 адад мошину механизмҳо мавҷуд мебошад.
Бояд қайд намуд, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида, аз оғози мавсими кабудизоркунӣ аз 1-уми ноябри соли 2020 то 31-уми марти соли 2021 дар кӯчаю хиёбонҳо, гулгаштҳо, маҳаллаҳо, корхонаю ташкилотҳо ва муассисаҳои таълимию тандурустии ҳудуди ноҳия, зиёда аз 13353 бех дарахтон, аз ҷумла 733 бех сояафкан, 12334 бех ороишӣ, 183 бех мевадиҳанда ва 43 адад буттаҳо шинонида шудааст. Яъне нақшаи ниҳолшинонӣ дар ҳудуди ноҳия 2,1 баробар иҷро карда шудааст.
Аз ин миқдор дарахтони шинонидашуда, 184 адади онро дарахтони аз хориҷи кишвар овардашуда ташкил медиҳад.
Дар умум ноҳия дар ин давра барои қабули меҳмонони олиқадр ва фароғати сокинони ноҳия зиёда аз 2,6 млн. дона гулҳо, аз ҷумла 2,1 млн. дона гулҳои мавсимӣ, 129,8 ҳазор дона гулҳои бисёрсола ва 367300 дона гули лола шинонида шудааст.
Дар соли 2021 таъмири ҷории 19300 м2 роҳҳои ҳудуди ноҳия ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1 декабри соли 2021 ба миқдори 19300м2 (100 фоизи нақша) роҳҳои ноҳия таъмир ва 4700 метри тулонӣ пиёдароҳҳо дар ин давра аз ҷониби Раёсат ва шахсони эҳсонкоррон асфалт ва сафолакпӯш карда шудааст.
Дар ҳудуди ноҳия 25096 адад биноҳои бисёрҳуҷрадори истиқоматӣ, ҳавлиҳои шахсӣ ва хобгоҳҳои умумӣ, аз ин ҷумла 278 адад биноҳои истиқоматии бисёрҳуҷрадор ва баландошёна (1-16) дар ҳудуди КВД «Манзилхизматрасон»-ҳои №№ 1, 2, 3, 4, 5 ва Ширкатҳои соҳибмулкони манзил мавҷуд мебошанд.
Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ пайвастшавии 510 адад биною иншоотҳои ҳудуди ноҳия ба шабакаҳои гармидиҳии муттамарказ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022, ба нақша гирифта шудааст.
Натиҷаи ҷамъбаст нишон медиҳад, ки рафти иҷрои нақшаҳои тасдиқардида таҳти назорат қарор дошта, аз 510 адад биною иншоотҳое, ки дар мувофиқа бо Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе барои қабули нерӯи гармӣ ба нақша гирифта шудааст, барои таъмин бо нерӯи гармӣ омода карда шудааст.
Фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии Муассисаи “Партовкашонӣ”- и ноҳия ҷиҳати тозагии кӯчаҳои ноҳия, вазъи санитарию экологӣ, аз партовҳо тоза намудани ноҳия равона буда, кормандони муассисаи мазкур аз 321 нуқтаи паспартов ба миқдори 48742 тонна партовҳоро баровардаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2020 ба миқдори 1232 тонна зиёд мебошад.
Нозирони муассисаи мазкур вазъи ҷамъоварии маблағҳои хизматрасонии коммуналиро беҳтар намуда, иҷрои нақшаро дар ин давра ба 88 фоиз расонидаанд.
Ҷамъоварии ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ ба маблағи 5,7 млн. сомонӣ расонида шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 476033 сомонӣ зиёд мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар ин давра аз ҷониби муассиса ба маблағи 496,2 ҳазор сомонӣ қарзи лоиҳаи партовҳои сахти маишӣ ба суратҳисоби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд гузаронида шудааст.
Дар мувозинаи муассиса 27 адад техникаҳои паспартобкашонӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин миқдор техникаҳо 12 ададаш дар ҳолати корӣ қарор дорад.
Бо мақсади ба даст овардани комёбиҳои назаррас дар соҳаҳои сохтмону меъморӣ ва коммуналии ноҳия, муовини якуми раиси ноҳия Сафарзода Ш. вазифадор карда шавад, ки дар асоси талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷиҳати зиёд намудани ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ чораҳои зарурӣ андешида, ҷаҳати тоза нигоҳ доштани нуқтаҳои партовҳо, бо сифати баланд анҷом додани корҳои таъмиру азнавсозии биною иншоотҳо ва беҳтар намудани назорати тозагии кӯчаю хиёбонҳои ҳудуди ноҳия пурзур намоянд.

Муҳтарам вакилон,
Бояд қайд намуд, ки дар тавозуни Муассисаи давлатии “Нигоҳдории боғу гулгаштҳо”-и ноҳия як зумра боғҳо ва майдону гулгаштҳо буда, майдони умумии онҳо зиёда аз 13 гектарро ташкил менамояд, ки барои дар сатҳи зарурӣ нигоҳу бин намудани онҳо, зиёда аз 67 нафар корманд (гулпарвар) фаъолият намуда истодааст.
Дар ҳудуди Муассисаи мазкур гармхонаи замонавӣ сохта шудааст, ки дар он айни ҳол зиёда аз 22000 дона қаламчаи гули садбарг парвариш карда шуда истодааст.
Дар ин давра дар боғу гулгаштҳои ноҳия ба миқдори 406200 адад гулҳо, аз ҷумла 290000 дона гулҳои мавсимӣ, 32700 дона гулҳои бисёрсола (садбарг), ва 83500 дона гулҳои Лола ба тарҳу дизайни замонавӣ шинонида шудааст.
Масъулини Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи С.Айнӣ”-и ноҳия дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади ташкили истироҳат барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе корҳои муайянеро ба сомон расонидааст.
Дар ин давра дар ҳудуди Муассиса, ки масоҳати замини он 16,2 га мебошад, 377440 адад гулҳо шинонида шудааст, ки аз инҳо 18000 бех ниҳоли гулҳои бисёрсола, 205440 бех решапиёзакҳои гули Лола ва 154000 адад гулҳои мавсимӣ мебошад.
Аз ҷониби Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи С.Айнӣ”-и ноҳия дар ин давра ба маблағи 355652 сомонӣ аз ҳисоби хизматрасонӣ фойда ба даст оварда шудааст, ки ин маблағ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 94345 сомонӣ зиёд мебошад.
Бо мақсади иҷрои ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати табдил додани пойтахти мамлакат ба “Шаҳри гулрез” қарори Раиси ноҳия аз 24 ноябри соли 2021, № 99 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳҳои корӣ оид ба иҷрои корҳои ободонӣ ва гулшинонӣ вобаста ба ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати табдил додани пойтахти мамлакат ба “Шаҳри гулрез” дар мавсими кабудизоркунии тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ” ба тавсиб расонида шуда, гурӯҳҳои корӣ фаъолияти худро оғоз намудаанд. Дар ин замина бояд қайд намоем, ки дар мавсими навбатӣ дар ҳудуди ноҳия тибқи нақша зиёда аз 1050945 бех гули садбарг шинонида мешавад.
Дар зери назорати Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия 1213 адад иншоот қарор дорад, ки аз ин миқдор дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ ҳолати санитарию гигиенӣ ва эпидемиологии 564 иншоот санҷида шудааст, ки ин 46 фоизро ташкил медиҳад.
Аз тарафи мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия нисбати вайронкунандагони қоидаҳои санитарӣ 63 протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 56925 сомонӣ ҷарима таъин карда шудааст.
Бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз он ҷумла бемориҳои зуком, бемориҳои шадиди роҳҳои нафас (коронавирус), зардпарвини вирусии намуда «А», сурхча, бемориҳои паразитӣ, ва шабушкзанӣ (педикулёз), коронавирус дар муассисаҳои кӯдакон ва наврасон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст.
Бемориҳои сироятӣ дар ёздаҳ моҳи соли 2021 нисбати ҳамин давраи соли 2020 ба миқдори 1772 ҳодиса кам ба қайд гирифта шудааст. Дар ёздаҳ моҳи соли 2021 740 ҳодисаи бемориҳои сироятӣ (соли 2020-2512) ба қайд гирифта шудааст, аз он ҷумла 43 ҳодисаҳои бемории сил ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин миқдор 13 ҳодисаашро сили микобактерия-хориҷкунанда (БК+) ташкил медиҳад, ки нисбати ёздаҳ моҳи соли 2020 бемории сироятии сил 15 ҳодиса кам ба қайд гирифта шудааст.
Дар давраи сипаришуда, дар ҳудуди ноҳия 13 ҳодисаи микроспория (соли 2020-16), 7 ҳодисаи хоришак (соли 2020-11), 4 ҳодисаи оташак (соли 2020-2), 203 ҳодисаи захмбардорӣ аз ҳайвонҳо (соли 2020-185), 94 ҳодисаи бемории сироятии зардпарвини вируси ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 93 ҳодисааш зардпарвини намуда А ва 1 ҳодисаи зардпарвини намуди В ташкил медиҳад.
Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар асоси нақшаи кории тасдиқгардида оид ба зиддиэпизоотикӣ ва байторию санитарӣ дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ, 390сар саг ва 92 сар гурба эмгузаронӣ бар зидди бемории ҳорӣ, 85 сар саг эмгузаронӣ бар зидди бемории вабои саг, 71 сар асп эмгузаронӣ бар зидди бемории сухтанӣ, 29 сар эмгузаронӣ бар зидди бемории зукоми асп дар ҳудуди ноҳия ба сомон расонидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби бригадаи махсуси Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳия 476 сар саги беназорат дастгир ва ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол дода шудааст.
Аз тарафи мутахассисони Марказ нисбати 36 нафар шаҳрвандон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 5960 сомонӣ ҷарима карда шудааст.
Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо муовини раиси ноҳия Абдуллозода В. вазифадор карда шавад, ки баҳри иҷрои иқдоми пешгирифтаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати табдил додани пойтахти мамлакат ба “Шаҳри гулрез” аз шароиту имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, нақшаҳои пешбинишударо саривақт ва бо сифати баланд иҷро намоянд.
Дар баробари ин, назоратро аз болои фаъолияти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия, Хадамоти оташнишонӣ, Муассисаи давлатии “Нигоҳдории боғу гулгаштҳо” ва Идораи бойтории ноҳия пурзур намуда, назорати нигоҳубини ниҳолҳои шинонидашуда ва гулу гулбутаҳоро дар майдону гулгаштҳои ноҳия пурзур намуда, то ҷамъбасти шашмоҳаи соли 2022 оид ба корҳои анҷомдода, ба унвони раиси ноҳия ахборотҳо пешниҳод намоянд.

Муҳтарам вакилон,
Кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон, варзиш, ҳуқуқи кӯдак, занон ва оила қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ноҳия ва шаҳрро дар фаъолияти худ дастури амал қарор дода, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, маданияту маънавиёти аҳолии ноҳия як қатор корҳоро ба анҷом расонидаанд.
Дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ 30 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 19 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 гимназия, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ маблағгузорӣ карда мешавад, гимназияи хусусии “Донишвар”, 4 литсей (литсейи хусусии «Роҳнамо», литсейҳои № № 1 ва 3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ва литсейи назди филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.Ломоносов, литсейи хусусии “Адолат”, муассисаи таҳсилоти умумии № 14 назди Донишгоҳи славянии Русия – Тоҷикистон ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе фаъолият доранд.
Дар маҷмӯъ дар 30 муассисаи таҳсилоти умумии ҳудуди ноҳия (бо литсей ва гимназияҳо) сарфи назар аз шакли идоравӣ ва тобеъияташон 33361 нафар хонанда, аз ҷумла 15557 нафар духтар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар оғози соли таҳсили 2021-2022 ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ба синфи якум 3633 нафарро қабул намудаанд, ки аз ин шумора 1730 нафарашонро духтарон ташкил медиҳад.
Дар соли таҳсили 2020-2021 дар умум дар ноҳия 1182 хонанда муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияро хатм намуда, 1200 нафар барои дохил шудан ба мактабҳои олии кишвар тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат супоридаанд. Инчунин 158 нафар дар муассисаҳои олии хориҷи кишвар дохил шуда, таҳсилро давом дода истодаанд.
Дар ноҳия 35 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 17 адад буҷавӣ, 1 адад идоравӣ, 16 адад хусусӣ ва 1 адад маркази инкишофи кӯдак “Субҳи доноӣ” фаъолият менамояд, ки дар онҳо 3928 нафар кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудааст.
Бояд қайд намоем, ки дар ноҳия Муассисаи давлатии “Рушди истеъдодҳо” фаъолият намуда истодааст.
Дар Марказ 27 нафар корманд фаъолият доранд, ки аз он 5 нафар маъмурият, 15 нафар омӯзгорон ва 7 нафарашон кормандони техникиро ташкил медиҳанд. Аксарияти устодони фаннӣ мутахассисони ҷавонон буда, дорои маълумоти олӣ (бакалавр ва магистр) ҳастанд. Ҳамаи устодон тибқи озмун ва ба тариқи шартнома ба кор қабул карда шудаанд.
Дар Марказ фанҳои математика, физика, забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ, таърих, химия, биология, шоҳмоту шашка ва технологияи информатсионӣ (барномасозӣ) таълим дода мешавад.
Тибқи рӯйхати бақайдгирӣ дар Марказ ба санаи 1 декабри соли 2021 - 218 нафар хонандагон дар машғулиятҳо фаъолона иштирок доранд.
Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолияти худро ба ташаккули дониш, малака, маҳорат, қобилият, инчунин инкишофи зеҳнӣ, маънавӣ ва ҷисмонии таълимгирандагон нигаронида, ҳамчун муассисаи корҳои тарбиявӣ ва таҳсилоти иловагӣ дар асоси конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти иловагӣ”, дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба роҳ мондааст.
Дар муассисаи мазкур 42 маҳфил - ба монанди маҳфилҳои забони англисӣ, маҳфил забони русӣ, филологони ҷавон, компютер, маҳфили ҳуқуқшиносони ҷавон, маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”, журналистони ҷавон, бофандагӣ, дӯзандагӣ, зардӯзӣ, дабал, доира, кадбону, маҳфили таблак, кар