Айёдати сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбии ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

23.12.2021 13:30

 

Имрўз дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба таҷлили Соли нави мелодӣ аз ҷониби Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муҳтарам Самӣ Шариф Ҳамид аёдати сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбии 6593 – и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 02615 «г» - и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таълимгирандагони Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар рафти аёдат Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф бо сарбозону афсарон мулоқот доир намуда, ибрози андеша намуданд, ки имрўз вақти он аст, ки мо фарзандони ин миллати тамаддунофар бояд баҳри ҳифзи марзу буми Тоҷикистони азизамон, ҳимояи нангу номуси домони поки модар ва хоҳари худ, вазифаи виҷдонӣ ва қарзи шаҳрвандии худро дар назди давлату миллат – анҷом диҳем.
Дар ин замина, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба сарбозону афсарон маводҳои ғизоӣ аз қабилӣ орд, равған, шакар, биринҷ, картошка, сабзӣ, гушт, макарон ва шириниҳо тақдим карда шуд.
Воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихору сарбаландист.