Корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди тазаҳуроти шаҳри Хоруғи ВМКБ

11.12.2021 09:14

 

Санаи 10-уми декабри соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, оиди воқеаҳое, ки санаҳои 25, 26, 27 ва 28-уми ноябри соли 2021, аз ҷониби баъзе ҷавононе, ки дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рошқалъа шуда гузашт, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳо ва фаъолон бо иштироки намояндагони сохторҳои қудратӣ баргузор карда шуд.
Инчунин баъд аз баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ, навори видеоии бо номи “Нерӯи қонун”, ки аз тарафи шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ омода гардида буд, ба намоиш гузошта шуд.