Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

10.12.2021 11:05

 

Таълими илму дониш ба фарзанд ва тарбияти неки онҳо аз ҷумлаи масъулиятҳои бузурги падару модар аст, ки қонунгузориҳои ҷумҳурӣ ба он таъкид менамоянд.
Қобили зикр аст, ки бо такя ба манобеи фарҳанги миллӣ 10 сол муқаддам 2 августи соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид, ки ба вазифаҳо ва масъулиятҳои волидон ва фарзандон дар тули ҳаёт ҷанбаи ҳуқуқӣ дод. Қонуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, инчунин дар рўҳияи инсондўстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллию умумибашарӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанг ба воя расонидани фарзандон қабул гардид, ки аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандии ҷумҳурӣ мавриди истиқболи самимӣ қарор гирифт. Зеро он заминаи аслии ҳуқуқу вазифаҳои падару модар ва фарзандонро дар ҷомеа гузошт.
Дар бандҳои алоҳидаи қонуне, ки дар боло зикр намудем, вазифаҳои падару модар, омўзгор, давлат ва ҷомеа дар таълиму тарбияи фарзанд мушаххас карда шудааст. Аз ҷумла, гуфта шудааст, ки «Вазифаи падару модар фароҳам овардани шароити моддӣ, молиявӣ ва ровонӣ дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд мебошад».
Дар қонуни мазкур масъулияти тарбия ва парвариши насли наврас қабл аз ҳама ба зиммаи волидон, сипас омўзгорон, давлат ва ҷомеа вогузошта шудааст. Воқеан ҳам, бе дастгирӣ ва ҳамкории ин сохторҳо дар масъалаи тарбияи фарзандон ягон самар ба даст намеояд. Ҳанўз дар замони қабули ин қонун ва муҳокимаи ҳамагонии он Пешвои миллат зикр намуда буданд, ки «Таҷдид ва такмили низоми таълиму тарбия аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ва вазифаи муҳимтарини сиёсати давлатӣ эълон гардид, соҳаи маориф мавриди ислоҳоти фарогир қарор дорад, вале ҳамаи тадбирҳои муҳимми давлатӣ бе кўмаку дастгирии бевоситаи аҳли ҷомеа, аз ҷумла падару модарон ва азми қавии онҳо ба ҳадди дилхоҳ ва самарабахш намерасанд».
Воқеан, ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат аст. Барои амалишавии тадбирҳои дар ин самт андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагонро, аз ҷумла падару модаронро зарур аст, ки камари ҳиммат баста, масъулияту вазифаҳои хешро дар назди ҷомеа иҷро намоянд.
Оила ба сони решаест, ки чӣ гуна рўидани дарахт ва чӣ навъ мева додани онро муайян мекунад. Ҷомеаро аз решааш, яъне оилаҳо мустаҳкам бояд кард ва ислоҳи ҷамъият ва давлат, рушди муназзами он низ аз таълиму тарбияи фарзанд дар оила шурўъ мегардад. Ҳамин ки реша мустаҳкам шуд, баргу шохаҳои сиҳат ва меваҳои шаҳдбор ҳосил мешавад. Адабу ахлоқ ва илму дониш боиси саодат ва сарбаландии инсон аст ва хушбахт он миллате, ки ин ҳамаро дар ҳаёти иҷтимоӣ татбиқ карда тавонад.
Дар ин маврид сухан аз маърифати кулли ҷомеа меравад, ки ба ҳамкориву робитаи зичи се ниҳод оила, мактаб ва ҷомеа бастагӣ хоҳад дошт. Агар ба беҳбудии таълиму тарбияи насли наврас дар ин се ниҳод муносибати якхела, яъне дар ҳадди баланди масъулият амри воқеъ шавад, тарҳи зиндагӣ ботамом тағйир хоҳад ёфт. Бо назардошти ҳамаи паҳлуҳои ин масъала ба ҷо овардани масъулият аз ҷониби падару модарон нисбат ба фарзандон дар чаҳорчўбаи оила, таълими дуруст дар мактаб ва дастгирии ниҳодҳои ҷамъиятӣ низоми зиндагии моро таъмин месозад. Сарвари давлат ду омили муҳим-ҷаҳонбинии миллӣ ва эътиқодоти маънавиро дар ҳалли проблемаи ахлоқиву маънавии оила зарур шуморидаанд. Зеро агар волидайн дорои ҷаҳонбинии васеъ ва ахлоқи ҳамида бошанд, албатта дар рушду нумўи фарзандон комёбу муваффақ хоҳанд шуд.
Фарзандон мисли масолеҳе ҳастанд, ки то ба сурати чизи мукаммал даромаданашон заҳмати доимиро талаб мекунанд. Писарону духтароне, ки адабу ахлоқ, дониши хуб доранд ва касбу ҳунаре меомўзанд, аз ҷумлаи беҳтаринҳоянд. Миёни онҳо агарчӣ ятимон ҳастанд, набояд худро ятим шуморанд. Зеро ятим ҳамонест, ки аз илму адабу ахлоқ бебаҳра бошад.
Падару модар барои фарзандони худ бояд намунаи беҳтарин бошанд, талаботи ҳам моддӣ ва ҳам маънавии онҳоро то ҳадди имкон таъмин намоянд. Нисбат ба фарзандон адолатпеша бошанд, онҳоро аз рафиқони бад ва рафтору одати ношоиста пешгирӣ намуда, ба онҳо тарбияи хуб диҳанд. Масъулияти фарзандонро бояд азим шуморанд.
Ба қуллаҳои баланди каромати инсонӣ расидан, ҷуз дар сояи тарбияи саҳеҳ ва ахлоқу рафтори накў, ки қонунгузории имрўзаи кишвар дар самти таълиму тарбияи фарзанд моро ба он даъват мекунанд, имконпазир нест. Падару модар вазифадоранд, ки ба фарзанд маълумоти мувофиқ диҳанд.
Албатта, фарзандон самараи боғи зиндагӣ мебошанд, лекин падару модар дар назди онҳо барои таълиму тарбияи зарурӣ масъулияти бузургро ба уҳда доранд, зеро мо имрўз дар замоне зиндагӣ дорем, ки халқу миллатҳо на аз рўи шумораи аҳолӣ ва ҳудуди мамлакати худ, балки вобаста ба рушди илму техника ва технологияи муосир, имкониятҳои техникӣ, навовариҳо, дастовардҳои илмӣ ва дараҷаи маълумотнокии аҳолӣ ифтихор мекунанд ва кишварашон рушд мекунад.
Бо назардошти ин, Ҳукумати кишвар бо сарварии Пешвои муаззами миллат ба масъалаи таҳдиду такмили заминаҳои моддиву техникии соҳаи маориф, истифодаи пурсамари имконияту нерўҳои илмӣ, инчунин дастгирии ҳамаҷонибаи фарзандони мову шумо ҳамеша таваҷҷўҳи хос зоҳир менамояд.
Имрўз бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама шароит барои омўхтани илму маърифат ва касбу ҳунар дар ҷумҳурӣ муҳайё карда шудааст. Барои бачагони болаёқат мактабҳои махсус бунёд шуд, барои дастгирии хонандагони пешқадами шаҳру ноҳияҳои дурдаст квотаи президентӣ барои дохил шудан ба донишгоҳу донишкадаҳо муқаррар карда шуд. Барои қадрдонӣ аз ин ибтикороти ҳукумат падару модаронро зарур аст, ки фарзандонро дар рўҳияи ватандўстӣ, садоқат ба сарзамини аҷдодӣ ва соҳибдонишу соҳибхирад тарбия намоянд. Чуноне, ки сарвари давлат дар мулоқот бо ҷавонону наврасон пайваста таъкид менамоянд, ҷавонон бояд хонанд, дониш гиранд ва ба Ватану сарзамини хеш хидмат намоянд.
Роҳбари давлат зимни яке аз суханрониҳои хеш фармуда буданд:
“...Дар робита ба ин, ба падару модарон, омўзгорону зиёиён ва ҳамаи онҳое, ки тақдири ояндаи давлат ва миллатамон барояшон бетафовут нест, хотирнишон месозам, ки дар шароити имрўзаи ҷаҳонишавӣ вазифаи ҳар яки мо тарбияи наврасону ҷавонон дар рўҳияи дўст доштани илму маърифат, худшиносиву худогоҳӣ, ахлоқи волои инсонӣ ва ба ҷо овардани эҳтироми волидайн, калонсолону шахсони рўзгордида мебошад, то ин ки фарзандони мо ҳамчун шахсони боодобу тарбиятдида, соҳибмаърифату донишманд ба камол расанд ва дар оянда барои ободии сарзамини аҷдодиамон азму талош варзанд, бузургтарин рисолати падару модар ва вазифаи муқаддаси ҳар як оила, мактаб ва ҷомеа аз он иборат аст, ки фарзандонамонро, пеш аз ҳама, дар рўҳияи арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ тарбия намоем, то ки онҳо ҳамчун шаҳрвандони бонангу номус, ватандўсту ватанпарвар, дорои ахлоқу одоби ҳамида, донишманд ва ҳунарманду соҳибкасб ба воя расанд. Дар ин раванд мо бояд муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро риоя ва иҷро намоем”.

Афзалшо Ашуров - мутахассиси пешбари бахши дин, танзими
анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии ноҳия