1-уми декабр рӯзи мубориза бар зидди ВИЧ-СПИД

02.12.2021 09:19

 

Санаи 1-уми декабри соли 2021 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе чорабинӣ бахшида ба рӯзи мубориза бар зидди ВИЧ-СПИД баргузор шуд, ки дар он масъулин, мутахассисон ва хонандагони фаъол иштирок ва суханронӣ карданд.
Аз соли 1987 дар тамоми дунё 1 декабр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди ВНМО таҷлил мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин рӯзро ҳамасола таҷлил менамояд. Бемории Вируси норасоии масунияти одам бемории музмин буда, танҳо аз шахси сироятшуда ба одами солим мегузарад. Мутахассисон муайян кардаанд, ки ин беморӣ ҳангоми истифодаи сӯзандоруҳои яккаратаи тамизнашуда, алоқаҳои ҷинсии беҳимоя ва аз модари сироятшуда ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва ширмаконӣ ба тифл метавонад гузарад.
Ба ин муносибат дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хонандагон ҳар гуна суханронию намоишҳо баҳри дар толор ҳузур доштагон пешкаш намуданд, ки то ҷавонон огоҳ аз ин бемории табобатнашаванда ва марговар бошанд.