Ҷаласа оид ба ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати табдил додани пойтахти мамлакат ба «Шаҳри гулрез» дар мавсими кабудизоркунии тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022

26.11.2021 17:01

 

Ба хотири сарсабзу хӯррам гардонидани пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе, имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷаласаи назди Раиси ноҳия баргузор шуд. Дар он ректорони муассисаҳои олӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони маҳаллаҳо, эмомхатибони масҷидҳо, КВД манзилхизматрасонҳо, боғҳои фарҳангию фароғатии қаламрави ноҳия ширкат доштанд.
Ҷаласаро Раиси ноҳия муҳтарам Самӣ Шариф ифтитоҳ намуда, ба ҳозирин иқдоми шаҳрдориро ҷиҳати табдил додани пойтахти мамлакат ба «Шаҳри гулрез» баён дошт.
Раиси ноҳия муҳтарам Самӣ Шариф пешниҳод намуд, ки дар мавсими кабудизоркунии тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022 дар қаламрави ноҳия зиёда аз як миллион гули садбарг шинонида шавад. Ҳозирин ин пешниҳод ва иқдоми шаҳрдориро ба хушнудӣ пазируфта, ҳар кадом уҳдадор шуданд, ки то охири мавсим беш аз 1 млн гулҳои садбаргро дар заминҳои назди муассисаҳо ва хиёбону гулгаштҳои қаламрави ноҳия мешинонанд.
Ҳамчунин, Раиси ноҳия муҳтарам Самӣ Шариф пешниҳод кард, ки аз гулҳои маҳаллӣ, ки ҳам дар ранг ва ҳам дар бўй назир надоранд истифода шавад, то таровати пойтахт рангину зебо шавад.