ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

24.11.2021 17:36

 

Санаи 24-уми ноябри соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси зикргардида Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф, раиси Суди ноҳия Сангинзода Ғайрат, Иброҳимзода Абдураҳим прокурори ноҳия, Маликзод Парвина вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Одилбекова Лола узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони даъватшуда иштирок ва суханронӣ намуданд.
Аз ҷониби роҳбарият ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баъд аз анҷоми чорабинӣ то боғи Парчами миллӣ роҳпаймоии умумӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Инчунин дар боғи Парчами миллӣ аз тарафи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангию фароғатӣ баргузор карда шуд.