Машқи мукаммали зернизоми ҳудудии низоми ягона оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

19.10.2021 14:46

 

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷаласа дар бораи гузаронидани машқи мукаммали зернизоми ҳудудии низоми ягона оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда баргузор карда шуд. Дар ҷаласаи мазкур Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф ва Роҳбари машқ Шеров Фарҳод сардори шубаи оперативӣ ва назорати раёсати ташкилию оперативии Сарраёсати мудофияи граждании кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофияи граждании назди ҲҶТ суханронӣ намуданд.
Машқи мазкур дар асоси Фармоиши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 октябри соли 2021, №258 «Оид ба гузаронидани санҷиши ҳолати омодагӣ ва машқи мукаммали зернизоми ҳудудии Низоми ягона оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ» ва иҷрои талаботи қрори Раиси шаҳри Душанбе аз 21 декабри соли 2020, №659 «Дар бораи тасдиқ намудани нақшаи чорабиниҳо оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва нақшаи пуррагардонии шунавандагони Маркази таълимию методии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2021», бо мақсади таъмини омодагии доимӣ, ҷиҳати иҷрои вазифаҳо ва саривақт бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, мусоидат намудан барои устувории фаъолияти ташкилотҳо дар ҳолатҳои фавқулодда гузаронида мешавад.
Рўзҳои аз 19 то 21 октябри соли 2021, санҷиши ҳолати омодагӣ ва машқи мукаммали зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар мавзўи: «Амали ҳайати роҳбарикунандаи зернизоми вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳангоми иҷрои чорабиниҳои бартарафкунии оқибатҳои заминларзаи 6-7 балла», дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.