Баргузории ситоди ноҳиявӣ оиди зимистонгузаронӣ

11.10.2021 11:43

 

Санаи 8 октябри соли 2021 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, бо иштироки номояндагони Гурўҳи корӣ оид ба гузаронидани мониторинги иҷрои саривақтии Нақшаи чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №101 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022”, ситоди ноҳиявӣ баргузор карда шуд.
Роҳбари Гурўҳи корӣ Сафаров Иброҳимбек – сармутахассиси Сарраёсати рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва муовини якуми Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Сафарзода Шарифхон зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо намояндагони Гурўҳи корӣ ҷиҳати гузаронидани мониторинг, ҳамкорӣ намоянд ва ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба дар ҳудуди ноҳия ба мавсими тирамоҳу зимистони соли ҷорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.