Иди касбии омӯзгорон муборак!

04.10.2021 09:05

 

Санаи 1 октябри соли 2021 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, бахшида ба иди касбии омӯзгорон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинии мазкур аз ҷониби Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, муҳтарам Самӣ Шариф ба кормандони соҳаи маорифи ноҳия, аз ҷумла омӯзгорон, мураббиён ва ба дигар роҳбарони муасисаҳои таълимӣ вобаста ба иди касбиашон мукофотҳои моливу пулӣ ва сипосномаҳо тақдим карда шуд.
Инчунин зимни суханронӣ Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамаи кормандони соҳаро ба муносибати иди омӯзгорон самимона табрик намуда ва дар таълиму тарбияи насли наврас дастоварду комёбиҳо таманно намуданд.