Сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ

01.10.2021 17:20

 

Сафарбаркунии ҷавонони далеру шуҷои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори “Хизмат ба ватан шараф аст”.
Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2021, №246 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои 1994-2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” санаи 1 октябри соли 2021 дар Комисариати ҳарбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо руҳияи баланди идона барои сафарбар намудан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони синни даъватӣ ҳозир шуданд.
Дар маросими сафарбаркунии даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф ширкат варзида ҷавононро барои содиқона ва поквиҷдонона хизмат намудан дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда ва ба волидайни онҳо низ ҷиҳати дар рӯҳияи ватандустӣ тарбия намудани фарзандонашон миннатдорӣ намуданд.
Инчунин ба як қатор навдаъватшавандагон шаҳодатномаи ронандагӣ аз ҷониби роҳбарияти ноҳия тақдим карда шуд.