Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати шашум.

30.09.2021 16:14

 
Санаи 29-уми сентябри соли 2021 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ даъвати шашум баргузор гардид.
Дар иҷлосия масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд;
1.Ҳисоботи муовини соҳавии раиси ноҳия оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, №293 “Дар бораи Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025”дар ноҳия.
2.Ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ “Оид ба масъалаҳои аграрӣ, озуқа, ислоҳоти замин, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ”.
3.Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳавзаи интихоботии №6.
4.Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ.