ДАРХОСТИ БОШАНДАГОНИ ПАНҶШЕР АЗ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ, СММ, ИМА, СОЗМОНИ САЛИБИ СУРХ ВА ҲИЛОЛИ АҲМАР, СОЗМОНҲОИ ИМДОДРАСОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА СОЗМОНҲОИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ БАШАР ДАР БАРОБАРИ НАСЛКУШИИ ТОЛИБОН

11.09.2021 12:24

 
Тавре ҳамаи ҷаҳон огоҳ мебошад, аз се ҳафта ба ин сӯ қаламрави Панҷшер, ки амнтарин вилояти Афғонистон маҳсуб мешуд, мавриди ҳамлаи Толибон бо пуштибонии гуруҳҳои чандмиллиятии террористии байналмилалӣ қарор дорад. Баъди шикасти пайдарпайи ҳамлаҳои ин гурўҳҳо ва дар муҳосира қарор гирифтани Толибон ва ҳамроҳонашон, мутаассифона дар рӯзи 5 сентябри соли 2021 мо – мардуми мулкӣ – сокинони Панҷшер шоҳиди ҳамлаҳои ҳавоии ҳавопаймо ва пањподњои њушманди артиши Покистон болои қарияҷоти Панҷшер шудем. Садҳо бомб ба рӯди дару хонаҳои мо рехта шуд, ки дар натиҷа даҳҳо нафар сокинони ғайринизомии Панљшер шањид гашта, аҷсоди бархе аз онҳо ҳанӯз ҷамъоварӣ ва дафн нашудааст.
Ҳамлаҳои ҳавоии тайёраҳои покистонӣ, ки дар тӯли шаб идома кард, тавозуни ҷангро ба нафъи гурўҳи Толибон тағйир дод ва фардо рӯзи дигар Толибон вориди шаҳраку қарияҷоти Панҷшер гашта, зану мард, пиру ҷавон, ҳар касеро, ки ба гирашон омад, аз дами теғ гузаронда, қатлу куштор ва ғорати умумиро ба роҳ андохтанд.
Инак, аз он рўз то имрўз дар Панҷшер наслкушӣ ва поксозии қавмӣ ба маънои аслии калима идома дорад. Ҳанӯз қабл аз ҳамлаи худ ба Панҷшер гурўҳи Толибон интиқоли барқ, маводи ғизоӣ ва адвия (дорувор) ба минтақаро қатъ намуда буданд. Акнун ҳам мардуми Панҷшер имкони дастрасӣ ба барқ, нон, кӯмаки аввалияи тиббӣ, мухобирот ва интернетро надоранд. Мардум аз ҳамаи ҳуқуқҳои зотӣ ва башарии худ маҳрум сохта шудаанд, ки љароими љангї мањсуб мешавад. Дар кулл як наскушии тамоман айёр идома дорад. Ин дар њолест, ки љомеаи љањонӣ, созмонњои њуќуќи башар ва созмонњои хайрия њама дар баробари ин фољеаи башарї сукут ихтиёр намудаанд.
Толибони ҷинояткор дар Руха, Парён, Даштак, Аноба, Дархел, Обдара, Умарз даҳҳо хонаводаро ба таври дастаҷамъӣ тирборон ва қатли ом кардаанд. Аз ҳар деҳае, ки агар як садои тир баланд шавад, агар ба ҳеҷ касе ҳам осебе нарасида бошад, бидуни пурсиш ва бозҷӯӣ хурду калони он деҳа аз ҷониби Толибон тирборон мешаванд. Охирин чунин ҳодиса рӯзи 10 сентябр дар деҳаи Дархел рух дод. Бинобар ин, аксари сокинони Панҷшер аз тарси ҷон хонаву дари худро раҳо намуда, пиру ҷавон, зану марду атфол ба мағораҳои кӯҳҳо паноҳ бурдаанд. То кунун чандин тифл аз шиддати сармои шаб ва гуруснагӣ дар дохили кўҳҳои Панҷшер ҷон додааст.
Садҳо сокинони бегуноҳ ва ҷавони осоиштаи панҷшерӣ, ки дар ҳеҷ гурўҳи мусаллаҳе шомил набуданд, боздошт ва тавассути лорињо (мошинњои боркаш) ба пушти ҷабҳа фиристода шудаанд. Аз сарнавишти ин фарзандонамон хабаре надорем ва аз Салиби сурхи байналмилалӣ тақозои мо ин аст, ки ба зудтарин фурсат дар пайдо намудани ин азизонамон ба мо кӯмак кунад. Толибон ба мо имкон ва иҷозаи дастрасӣ ба ҷанозаи фарзандонамонро намедиҳанд.
Аз ду рӯзи охир ба ин ҷониб, Толибон ҳар деҳае аз Панҷшерро, ки ишғол мекунанд, сокинони онро ба таври умумӣ, бидуни истисно аз хонаҳояшон хориҷ ва ба сурати иҷборӣ кӯч медиҳанд. Толибон ба мо муҳлат таъйин намудаанд, ки мо дар зарфи се рӯз бо зану фарзанд ва лавозимотамон аз Панҷшер хориҷ шавем. Фардо ин муҳлат ба охир мерасад.
Мо ба шиддат нигарони он ҳастем, ки бино ба баъзе аз хабарҳо гуфта мешавад, ки Толибон қасд доранд, бо берун кардани мардум алайҳи қувваҳои муқовимат ва мардуме, ки мехоҳад ба мақсади ҳимоят аз қувваҳои муқовимат боқӣ бимонанд, силоҳи куштори ҷамъӣ истифода кунад. Мо ҳақиқати инро намедонем, ки чаро бояд хонаву кошонаи худро тарк кунем. Мо ҷое барои рафтан надорем. Мо агар ҷои дигар медоштем, қабл аз оғози даргириҳо ин ҷоро тарк мекардем.
Дар хонаву манзили касоне, ки ба таври маҷбурӣ хориҷ карда шудаанд, садҳо ҷангҷӯи Толибон маскан гирифтаанд. Як ҳадафи дигари Толибон аз кўч додани мардум ҷойгузин кардани қабилаҳои кӯчӣ дар дохили Панҷшер дар хонаҳои мо мебошад, то мо ҳаргиз ба хонаҳои худ баргашта натавонем.
Мутаассифона, фарзандони Панҷшер дар берун аз вилоят ва дар Кобул низ мавриди таъқиб ва бозҷӯӣ қарор доранд. Даҳҳо ҷавони панҷшерӣ дар Кобул боздошт шуда ва сарнавишташон номаълум аст. Бинобар ин, мо нигарони сарнавишти худ дар сурати берун шудан аз Панҷшер низ ҳастем.
Бидуни бузургнамоии тасвири вазъияти мавҷуд, мехоҳем то шумо бовар кунед, ки бо берҳамии тамом наслкушӣ ва поксозии қавмӣ дар дохили Панҷшер дар ҷараён буда, мардум аз оддитарин маводи мавриди ниёзи зиндагӣ, ки нону обу доруворӣ аст, маҳрум сохта шудаанд. Моро бовар кунед, мо қатли ом шудем, акнун дар рӯбарӯи як фоҷеаи башарӣ қарор дорем, ки тамоми Афғонистонро фаро хоҳад гирифт.
Фарзандони мо - мардуми Панҷшер дар соли 2001 муҳимтарин шарики ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан ИМА ва Эътилофи байналмилалии зидди террористӣ дар Афғонистон буданд, ки дар бунёди давлати нав ва истиқрори ҷомеаи байналмилалӣ саҳм асосӣ доштанд. Намояндагони ҷомеаи ҷаҳонӣ 20 сол дар Афғонистон пушти шонаҳои фарзандони сиддиқи Панҷшер ба мақсади таъмини субот ва сохтани як ҷомеаи ҳуқуқбунёд истода буд. Акнун ИМА, СММ ва ҳамаи созмонҳои имдодрасони байналмилалӣ мутаассифона хомӯширо ихтиёр намуда, дар баробари ҷинояти ҷангии Толибон ва қатли оми шудани шарикони дирӯзаи худ - фарзандони Панҷшер, бетафовут наззорагар шудаанд.
Мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, СММ, ИМА ва Созмони Салиби Сурхи Байналмилалӣ тақозо дорем, ки аз идомаи наслкушии ошкор ва қатли ом дар Панҷшер, аз густариши бештари фоҷеаи инсонӣ ҷилавгирӣ кунанд.
Толибон дар Панҷшер фазои ваҳшат ва даҳшат, куштору таҷовузро ҳоким намудаанд. Бовар дошта бошед, ки агар имруз ҷилави ин гурўҳро дар Панҷшер нагиред, фардо ҷинояткории он дар ҳар ҷое ҳам шумо қарор доред, сироят хоҳад кард ва шоҳид хоҳед буд.

https://www.facebook.com/panjsher.marzi.nomus/posts/113272737753126