Паёми табрикии Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф Ҳамид бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

08.09.2021 10:56

 
Дўстони азиз,
Ҳозирини гиромӣ!
Боиси ифтихор ва фараҳманди аст, ки имрўзҳо дар саросари Ватани азизамон ҷашни пуршукўҳи Истиқлолияти давлатиро бо як шаҳомати бўзург хурду калон, пиру барно ва тамоми сокинони Тоҷикистони маҳбубамон истиқбол гирифта истодаанд.
30 сол муқаддам, яъне 9-уми сентябри соли 1991-ум муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.
Аз ҳамон вақт то имрўз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.
Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокорона, расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрўз ифтихор доранд, ки 30 - сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.
Ҳодисаву воқеаҳои пурошўби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мешуд.
Пас аз як соли эълони Истиқлолият, аниқтараш моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ў иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рўзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барўманди халқ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият пешравиҳо назаррас дида мешавад.
Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерўҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».

Дўстони азиз!
Давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона моро водор сохт, ки роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди Тоҷикистон ба иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем.
Душвортарин муаммои мо дар ин солҳо ин масъалаи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ буд, ки пешрафти иқтисодиёт ва инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар шароити имрўза аз онҳо вобастагии калон доранд.
Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони нерўгоҳҳои хурду бузурги обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, нақбҳо, шоҳроҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфрасохтори иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.
Дар доираи Барномаи дарозмуддати бунёди силсиланеругоҳҳои барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020 даҳҳо нерўгоҳҳои барқи обӣ, аз ҷумла «Сангтўда-1», «Сангтўда-2» ду агрегати аввали НОБ-и Роғун мавриди истифода қарор дода шуданд, ки айни ҳол онҳо ба манфиати халқ хизмат карда истодаанд.
Ҳозирини гиромиқадр,
Дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, аз ҷумла ноҳияи Исмоили Сомонӣ як қатор биною иншоотҳои ҳаётан муҳим сохта ба истифода дода шудааст. Бо дастгириҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия зиёда аз 9 адад муассисаи таълимӣ аз нав сохта шуда, сохтмони 3 адади он идома доранд. Дар баробари ин, дар ин давра азнавсозии 3 адад муассисаҳои томактабӣ ба анҷом расонида шуда, сохтмони 3 адади дигари он идома доранд.
Бо мақсади мутобиқ намудани кўчаю хиёбонҳо ба нақшаи генералии шаҳри Душанбе аз ҷониби соҳибкорон дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 60 адад хонаҳои истиқоматии баландошёна ба тарзи замонавӣ сохта шуда истодааст, ки ба шаҳри азизамон як ҳусни хоса замн менамояд.
Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ иншоотҳои ҳаётан муҳим, биноҳои истиқоматӣ ба масоҳати 58325 метри мураббаъ сохта мавриди истифода қарор дода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2020 ба андозаи 4,2 баробар зиёд гардидааст.
Барои фароғати сокинон ва меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ дар ҳудуди ноҳия дар давраи Истиқлолияти давлатӣ 6 адад боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва 5 адад гулгашҳо сохта ба истифода супорида шудааст.

Ҳозирини гиромӣ!
Бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қаламрави ноҳияи Исмоили Сомонӣ 708 адад чорабиниҳо ба нақша гирифта шуда, то ба имрўз 671 адад чорабиниҳо ба анҷом расонида шудааст, ки чорабиниҷо иншоотҳои мазкурро дар бармегирад, аз ҷумла мактабу кўдакистон, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, корхонаҳои саноатӣ, боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишию бозии кўдакон, сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва меҳмонхонаҳо ҷавобгу ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохта ба истифода дода шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.
Дар фарҷом ба Шумо сокинон ва меҳмонон, инчунин тамоми тоҷикону тоҷикистониёнро бо 30 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод намуда, барои Шумо сарбаландӣ ва хонаи ободу дили шодро таманно менамоем!
Саломату сарбаланд бошед!

Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамватанони азиз!