Сомонаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
(+992 37) 221-06-34

Муовинони Раис

 

Муовинони Раиси ноҳия

Ҳаётзода Бозоралӣ Ҷаббор

Муовини якуми раиси ноҳия

2-январи соли 1963 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Соли 1986 Институти Политехникии Тоҷикистонро бо ихтиссоси муҳандис-сохтмончии роҳҳои автомобилгард хатм намуда, аз моҳи август то ноябри соли 1986 дар Институти лоиҳакашии “Тоҷикгипротрансстрой”-и Вазорати нақлиёти ҶТ ба ҳайси муҳандиси шӯъбаи кофтуковӣ-лоиҳакашӣ фаъолият кардааст.
Солҳои 1986-1988 дар Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Кӯлоб ба ҳайси муҳандиси пешбари шӯъбаи нақлиёт ва хоҷагии роҳҳо, солҳои 1988-1989 сардори шӯъбаи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои Идораи истеҳсолии роҳҳои автомобилгарди вилояти Хатлон, солҳои 1989-1990 Раиси Кумитаи муттаҳидаи Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи роҳҳои вилояти Хатлон, солҳои 1990-1993 мутахассиси дараҷаи аввали шӯъбаи саноат, нақлиёт ва алоқаи Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Кӯлоб, солҳои 1993-1995 сардори шӯъбаи техникӣ-истеҳсолӣ, баъдан ҷонишин ва сармуҳандиси Идораи истеҳсолии роҳҳои автомобилгарди вилояти Хатлон, солҳои 1995-2001 сармуҳандис ва баъдан муовини аввали сардори Иттиҳодияи истеҳсолии “Хатлонроҳ”-и вилояти Хатлон, солҳои 2001-2002 сардори Идораи сохтмони роҳҳои шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон, солҳои 2002-2003 сардори Идораи истеҳсолии роҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои тобеи маркази вазорати Нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2003-2008 сардори Идораи нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, солҳои 2008-2011 эксперти техникӣ-сардори гурӯҳ дар лоиҳаи Бонки Аврупоии Рушд, Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2011-2014 сардори Сарраёсати сохтмон ва роҳҳои Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2015-2016 сардори Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор кардааст.
Аз 04.2016 то ҳозир дар вазифаи муовини якуми Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе фаъолият мекунад.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.

 


 

Абдуллоев Абдувоҳид Ғафорович

Муовини раиси ноҳия

28 июли соли 1982 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст.
Соли 2016 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси олим-агроном хатм кардааст.
Солҳои 2004-205 Мутахассиси Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ, аз соли 2005 то 2007 Таъминотчии Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ, солҳои 2007-2011 Сармуҳандиси Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ, солҳои 2011-2014 Сардори участкаи кабудизоркунии Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ, солҳои 2014-2017 агрономи Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолият кардааст.

16 майи соли 2017 муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин шудааст.

Вазъи оилави: Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.

 


 

Табарова Мавҷуда Ҳабибуллоевна

Муовини раиси ноҳия

23 майи соли 1964 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Соли 1986 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва соли 2015 Донишгоҳи Славянии Россия-Тоҷикистонро бо ихтисосҳои омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус ва ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Солҳои 1986-1988 дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 13 –и шаҳри Душанбе ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус ва аз соли 1988 то соли 1995 дар боғчаи № 49 ба ҳайси мураббия кор кардааст.

Солҳои 1995-2000-ум ба соҳибкорӣ машғул шудааст.

Аз соли 2000 то соли 2009 раиси шӯрои маҳаллаи Телмани ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва солҳои 2009-2014 ҳамзамон ба ҳайси мутахассиси пешбари бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе фаъолият кардааст.

Аз 07 августи соли 2014 инҷониб дар вазифаи муовини Раиси ноњияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе кор мекунад.

Оиладор, соҳиби чор фарзанд мебошад.