Сомонаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
(+992 37) 221-06-34

Дастгоҳи Раис

 

Дастгоҳи Раиси ноҳия

Баротов Диловар Чалишевич

Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия

 

24 октябри соли 1979 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Н.Хусрав (рӯзона), соли 2011 Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Н.Хусравро (ғоибона) хатм кардааст.
Солҳои 1996-1997-муҳандиси муассисаи коммуналии ноҳияи Бохтар, аз соли 1997 то 2002 – таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Н.Хусрав, солҳои 2003-2004-сармутахассиси шӯъбаи кор бо љавонони ноҳияи Бохтар, солҳои 2004 -2009 – мудири шӯъбаи умумии дастгоҳи раиси ноҳияи Бохтар, соли 2009 (08.12) – мутахассиси шӯъбаи умумии дастгоҳи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, солҳои 2009 – 2015-мудири шӯъбаи ташкилї ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, соли 2015 (09.12)-сардори шӯъбаи кадрҳои Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” шаҳри Душанбе, солҳои 2015 – 2016-муовини директори Генералии ҶДММ «Ал-Ҷалил», шаҳри Қӯрғонтеппа, солҳои 2016 – 2017-мудири шӯъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа,

аз 30 марти соли 2017 – роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, таъин шудааст.

Вазъи оилави: Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.