Сомонаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
(+992 37) 221-06-34

Блог

Коррупсия – зуҳуроти номатлуби ҷомеа

Ҳар он ҷо, ки пора шуд аз дар дарун
Шавад устуворū зи равзан бурун.
Унсурū.

Мақсади ҳар як ҷомеа, ҳар як давлат ва роҳбарияти сиёсии он ташкилу таъмини ҳаёти хушу хуррам ва осудаву ороми халқу диёраш, сарсабзӣ ва сарбаландии миллаташ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Вале барои ба ин ҳадафҳои воло расидан ғайриихтиёр монеаҳои зиёде пеш меоянд, ки барои рафъи онҳо кӯшишҳои дастаҷамъонаи зиёде лозиманд.
Мавриди зикр аст, ки инсоният имрӯз ба хатарҳои нави глобалӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва дигар хатарҳои навбана рӯ ба рӯст. Айни замон ба ин хатарҳо боз Коррупсия зам шудааст. Коррупсия низ дар ҷомеа реша давондааст, ки зарари он нисбат ба хатарҳои зикршуда камтар нест ва баонҳо алоқамандии зич дорад.
Коррупсия, ришвахӯрӣ рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ, болоравии иқтисодиёт ва некӯаҳволии иҷтимоиро бозмедорад, аз ин рӯ, итминони шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, умедҳои ҷавононро ба оянда коҳиш медиҳад, табақаҳои ниёзманди аҳолиро аз расидан ба рӯзи нек маҳрум мекунад. Он зангорест, ки пояи ҳокимиятро, агарчи пӯлодвор мустаҳкам бошад, батадриҷ, хароб мекунад.
Чуноне, ки аз муқаррароти моддаҳои 1,5,10 ва 14-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бар меояд, ҳуқуқҳои асосӣ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат кафолат додааст ва инчунин уҳдадор аст, ки барои амали намудани онҳо шароит муҳайё созад. Ин муқаррарот, инчунин дар қисми 2-и моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудааст. ки тибқи он «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда,барои ҳар як шахс шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».
Барои расидан ба ҳадафҳои дар боло зикргардида зарур аст, ки корҳои назаррасе барои бартараф намудани ин мушкилотҳо ба сомон расонад.
Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия, маҳз бахотири мубориза алайҳи коррупсия, пешгирии сабаб ва омилҳои ба пайдоиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва решакан намудани онҳо 31 октябрисоли 2003 қабулшуда, баҳр иамалӣ кардани ин мақсад чораҳои мушаххас пешбинӣ намудааст.
Муҳимият ин ҳуҷҷати Созмони Милали Муттаҳидро ба назар гирифта Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинхо шуда, 25 сентябри соли 2006 ба он имзо гузошт. Конвенсияи мазкур 16 апрели соли 2008 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (ратификатсия) шудааст ва минбаъд қисми таркибии системаи ҳуқуқии мо ба шумор рафта, ҳамаи қонунҳои қабулгардида ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуда истодаанд.
Қонунҳо, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумат, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ба тасвиб расидаанд, гувоҳи гуфтаҳои боло ва диққати ҷиддии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мубориза бар зидди коррупсия мебошанд. Дар паёмҳои ҳамасолаи Сардори давлат ба порлумони кишвар низ ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода мешавад ва онҳо аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ пазируфта шуда, зина ба зина дар амал татбиқ мегарданд.
Чи тавре, ки ба ҳамаи мо маълум аст: Коррупсия яке аз масъалаҳои дощи рўзи тамоми мамлакатҳои ҷаҳони муосир, аз он ҷумла Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз рузи аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мақомотхои ҳифзи ҳуқуқ ва махсусан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои паст намудани чунин падидаи номатлуб ва мубориза бо коррупсия муборизаи беамони худро бурда истода ва нисбати ин масоил диққати махсуси худро додаанд.
Дар паёми худ ба маҷлиси Олии ҶТ санаи 25.04.2008с Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ин масъала чунин ибрози ақида намуда буданд:
«Коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад. Мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани он ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.»
Каррупсия воқеан яке аз ҷиноятҳои хафноки сиёсие баҳисоб меравад,ки он барои амали гардидани барномаҳои иҷтимоию иқтисодии давлат монеъа барпо намуда намегузорад маблащҳои давлати барои барномаҳои пешбинишуда амали гарданд. Он метавонад нобоварии шаҳрвандонро нисбат ба давлату ҳукумат ва сиёсати пешгирифтаи он барпо намуда,минбаъд барои ҷинояткорӣ ва ба сари мақомотҳои қудрати омадани шахсони тасодуфи заминаи асосиро гузорад.
Мутафаккири бузурги Фаронса Ш.Л. Монтеске гуфта буд, ки «Дар натиҷаи амалҳои коррупсионӣ тартиботи хуби ҷамъиятӣ аз байн рафта, дастгоҳи давлатӣ фалаҷ ва ба як чизи бекора мубаддал мешавад».
Коррупсия феълан падидаи иҷтимоиест, ки дар тафаккури ҷамъиятӣ низ фаҳмиш ва тафсири якхела надорад. Имрӯзҳо муносибати шаҳрвандон бо коррупсия гуногун буда, онро бо ришва, сӯиистифода аз мансаб, пораситонӣ, судхӯрӣ, падидаи тамаллуқкорӣ, хушомад задан ва ғайра мешуморанд. Бо вуҷуди ин ҳама новобаста аз зиёд будани фаҳмиш ва нуқтаи назари гуногун ба нисбати коррупсия, аксарияти одамон дар ақидаанд, ки ин амал ҳамчун зуҳуроти манфӣ пояҳои ҷомеаро вайрон намуда, таҳаввулоти ҷомеаро зери хатар мегузорад, вазъияти рифоҳӣ ва ахлоқии одамонро хароб ва ба пайвасти институтҳои давлатӣ бо доираҳои ҷиноятӣ ва коҳиш ёфтани боварии мардум нисбати мақомоти давлатӣ оварда мерасонад.
Имрӯзҳо доираи коррупсия васеъ гашта, ба соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҷомеа, аз ҷумла ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва ахлоқ бетаъсир буда наметавонад. Барои муборизаи самаранок бар зидди коррупсия тадбирҳои комплексиро аз қабили иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқи ва ахлоқӣ андешидан зарур аст.
Бояд тазаккур дод, ки коррупсия асосан ба фаъолияти давлат ва мақомоти он алоқаманд буда, ин зуҳурот аз рӯзи пайдоиши давлат то ин дам ҳамқадами он мебошад. Суоле ба миён меояд, ки барои чӣ ин тавр аст? Ба ин савол ҷавоб хеле оддист, зеро давлат ва мақомоти он ин ё он вазифаҳои амрдиҳиву танзимкунии муносибатҳои ҳуқуқиро дар ихтиёр дошта, буҷет ва дигар захираҳои моддиро ихтиёрдорӣ мекунанд, ки бевосита барои ба вуҷуд омадани коррупсия замина шуда метавонад.
Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми апрели соли 2001 чунин баён намуда буданд: «Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдор вазифадоранд, ки иҷрои санадҳои зидди коррупсиониро таъмин намоянд. Зеро дар бисёр ҳолатҳо коррупсия метавонад афзоиши иқтисодиётро боз дорад».
Яке аз муҳимтарин самтҳои аксуламал бо коррупсия ба миён овардан ва такмили заминаҳои ҳуқуқӣ мебошад.
Аввалин заминаи ҳуқуқиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди мубориза алайҳи ин падидаи номатлуб ин фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 – уми июли соли 1999 № 1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахурӣ)» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» 11 декабри соли 1999 қабул шуда, аз 25 июли соли 2005 дар таҳрири нав ба тасвиб расид, ки ба талаботи Конвенсияи СММ зидди коррупсия ҳадди имкон мутобиқ гардонида шудааст, ба давраи сифатан нави мубориза бо коррупсия ибтидо гузошт.

Котиби матбуотии
Раиси ноҳия
Самӣ Орифов

САРЧАШМАҲОИ ПАЙДОИШИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРОРИЗМ

Дар олами муосир мавҷҳои гуногуни хосияти ифротию радикалидошта бо шаклҳои гуногун амал менамоянд, ки яке аз онҳо ин эктремизми сиёсӣ мебошад. Мафҳуми экстремизм аз забони лотини «extremes» гирифта шуда, маънои охирин, канораро дорад.
(more…)

Экстремизм ва Терроризм

Дар воқеъ, руйдоҳои охири ҷаҳон аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ ва чандин кишварҳои аврупоӣ терроризм ва экстремизм ба хатари аввалиндараҷа табдил ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ларза андохтааст.
(more…)

Страница 447 из 449 «...420430440445446447448449