Сомонаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
(+992 37) 221-06-34

Блог

Иҷлосияи якуми маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ шаҳри Душанбе, даъвати шашум

Иҷлосияи якуми маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ шаҳри Душанбе, даъвати шашум

Санаи 13 – уми марти соли 2020 иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, даъвати шашум дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоли Сомонӣ бо иштироки 34 нафар Вакилони халқи ноҳия баргузор гардид, инчунин дар рафти баргузории иҷлосия муовини якум ва муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони сохторҳои ноҳиявӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, корхонаҳои саноатӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, кўдакистонҳо, имомхатибони масљидҳои ҷомеъ ва панҷвақта, раисони маҳаллаҳо, сардорони КВД «Манзилхизматрасон»-ҳо ва Ширкатҳои соҳибмулкони манзили ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.
Дар иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, даъвати шашум масъалаҳои зерин баррасӣ гардид.
1.Гузориши раиси комиссияи ноҳиявии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати шашум.
2.Дар бораи тасдиқ намудани Дастури Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати шашум
3.Дар бораи ташкили комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати шашум
4.Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати шашум
5.Дар бораи тасдиқ намудани комиссияҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ
6.Дар бораи пешбарии номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
7.Дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ,
Аз ҷониби Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф Ҳамид вобаста ба масъалаи шашуми рўзномаи иҷлосия даъват шуд, ки барои пешбарии номзадҳо ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия комиссияи баҳисобгирии овозҳоро ташкил намоем.
Баҳисобгирии овозҳо оид ба пешбарии номзадҳо ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ, пас аз ҳисоб намудани овозҳо муайян намуд, ки ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду нафар номзад Рустами Эмомалӣ – Раиси шаҳри Душанбе бо гирифтани 34 овоз ва Раҳмон Дилшод Сафарбек декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо гирифтани 34 овоз, интихоб карда шуданд.
Дар охири кори иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати шашум Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия муҳтарам Самӣ Шариф қайд намуд, ки вакилони тоза интихобшударо зарур аст, ки пайваста бо интихобкунандагон дар тамос бошанд ва баҳри бартараф намудани ҳамаи камбудиҳое, ки ҷой доранд камари ҳиммат баста, бо сохторҳои ноҳиявӣ ҳамкорӣ намоянд.

Чоҳканҳо зери чоҳ афтоданд….

Чоҳканҳо зери чоҳ афтоданд….
Эй террористони наҳзатӣ ҳамин шумо Шоҳнаими Карим, муовини раиси ташкилот, Бобоев Абдусаттор, Маҳмудҷони Файзраҳмон, Усмонзода Фатҳуддин, Парвинаи Иброҳимзод ва дигарон аъзоёни Раёсати олии Ҳизби наҳзати ислом набудед, ки 2-юми марти соли ҷорӣ дар назди бинои полиси шаҳри Вена, пойтахти Утриш, ҷамъ омада, барои истирдод нашудани узви фаъоли қаноти ҷангиатон Ҳизбулло Шоҳвализода даъвои эътирозӣ кардед. (more…)

Выборы как экзамен для государственного строя и политической системы Таджикистана, – Л.Самойлов

Выборы как экзамен для государственного строя и политической системы Таджикистана, – Л.Самойлов
Выборы как экзамен для государственного строя и политической системы Таджикистана

Признаны состоявшимися

1 марта с.г. в Республике Таджикистан состоялись парламентские выборы, которые по оценке международных наблюдателей прошли в правовом русле и позитивной обстановке, на конкурентной основе и высоком организационном уровне. Член ЦИК России А.Кинев из группы международных наблюдателей от ШОС отметил максимально спокойную и доброжелательную атмосферу, указав на возможность обмена опыта с таджикскими коллегами. (more…)

Страница 4 из 449 «...23456...»