Сомонаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
(+992 37) 221-06-34

Блог

Тақдими кумакпулиҳои якдафъаина аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 5 сентябри соли 2017, таҳти №527 бо мақсади дар арафаи таҷлили ҷашнҳои иди Қурбон ва 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани кумакпулии яквақтаина ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда,

маъюбони рафъи садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил, шаҳсони бо ордену медалҳои ИҶШС барои меҳнати фидокорона ё бе нуқсони ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар ҶБВ сарфароз гардида, шахсони шаш моҳ ё зиёда дар ақибгоҳ коркарда, амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афгонистон) ва кормандони Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе, ки дар ободонии пойтахт саҳми арзанда гузоштаанд ҷудо гардидааст.