Сомонаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
(+992 37) 221-06-34

Блог

AKHBOR.COM. ¬¬¬БА МАНФИАТИ КӢ КОР МЕКУНАД?: ТЕРРОРИСТОН Ё ЖУРНАЛИСТОН


AKHBOR.COM. ¬¬¬БА МАНФИАТИ КӢ
КОР МЕКУНАД?: ТЕРРОРИСТОН Ё ЖУРНАЛИСТОН
Посухи ин суолро аз фаъолияти Akhbor.com. пайдо кардан мумкин аст. Мушоҳидаҳои ман нишон дод, ки Akhbor.com. ба журналистикаи ифротӣ асос гузошт, на ба журналистикаи солим. Мирзои Салимпур асосгузори журналистикаи ифротӣ аст. Чаро? Сомонаи Akhbor.com. дар фурсати начандон тӯлонӣ дар фазои маҷозӣ ба сифати як торнамои ҳангомаҷӯ ва ғайриҳирфаӣ табдил ва аз ҷониби шинохтатарин рӯзноманигорони ватанӣ ва хориҷӣ мавриди танқид қарор гирифт. Вақте ба ин торнамо ворид мешавӣ мебинӣ, ки муассиси ин сомона Мирзои Салимпур танҳо дар инъикоси воқеаҳои “худбофта”-ву худсохтааш “нақши арзанда” дорад. Агар аз рӯйи омор маводҳои нашршударо дар ин шайтанатхонаи Мирзои Салимпур, яъне Akhbor.com.

таҳлилу баррасӣ гардад, ба мушоҳида мерасад, ки ин рӯзноманигори аз пешаи худ бехабар қаламрави Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистонро ҳамчун як саҳнаи ҳангомаву фиребу найранг ва ғайраву ва ҳоказо инъикос кардааст ва маълум, ки дар пушти чунин мавқеъгариҳои Мирзои Салимпур ҳадафҳои ноҷавонмардонаи манфиатҷӯён қарор гирифтааст. Яъне, Мирзои Салимпур вазифаи худро танҳои дар анҷоми чунин масъулияти бардӯшгузоштааш мебинад, на аз рӯйи виҷдон. Мирзои Салимпур аз мактаби Додоҷони Аттоулло дарси савод наомӯхтааст ва ин шогирди беравнақ ва беҳадафу бозориро баъдан устодаш ҳам “оқ” карда, аз баҳраш ҳам гузашт. Мирзои Салимпур дар дарознои фаъолияти рӯзноманигориаш вазифаи худро дуруст дарк накарда, сипас рӯзноманигориро ба як бозори пурғавғо ва ҳангомаҷӯёна табдил медиҳад, ки боиси нигаронии ҷомеаи кишвар гардид. Мирзои Салимпур бо равише, ки дар тӯли фаъолияти Akhbor.com. пеша кардааст, танҳои барои вайрон кардани муносибатҳо, ҷанг андохтани шахсиятҳо, паҳн кардани овозаҳои иғвобарангез ва, дар маҷмӯъ, сиёҳ карда нишон додани Тоҷикистон “хидмат” гуморидааст. Ана вазифаи як нафар “рӯзноманигор”-и тоҷик дар назди халқу ватан. Анҷоми чунин вазифаҳо аз чанд омил вобастагӣ дорад:
1. Мирзои Салимпур на аз рӯйи арзишҳои миллӣ, балки дар асоси вазифаҳои дарпешгузоштаи нафарони беруна фаъоляит мебарад.
2. Ӯ мушкилоти равонӣ дорад ва воқеаҳои хубро дида ва инъикос карда наметавонад, зеро ҳар чизе ӯ мебинад танҳои аз рӯйи ҳамин меъёр сурат мегирад.
3. Мехоҳад дар саҳнаи иттилоотӣ таваҷҷӯҳи бештари кишварҳои мафиатҷӯро дар минтақаи Осиёи Миёна ба худ ҷалб кунад ва бо ин роҳ маблағ ба даст оварад. Зеро аз рӯйи изҳороти баробараш Илҳом Салимпур ӯ сабабгори кашшоқиву бечорагии оила ва авлодаш мебошад.
4. Мирзои Салимпур, ки ин давра натавонист дар васоити ахбори омма мавқеъ пайдо кунад, роҳи хиёнаро пеш гирифт ва инро як василаи дигари ба даст овардани чунин мавқеъ донист.
Ҳамин тариқ, Мирзои Салимпур дар фазои маҷозӣ ҳамчун як чеҳраи сиёҳ ва ҳангомаҷӯ шинохта шуд ва акнун дар пешорӯйи он як мушкилоти дигар паайдо шудааст ва он ин. ки оё ӯ метавонад вазифаҳои хоҷагонашро анҷом бидиҳа? Ин суоле аст, ки Мирзои Салимпур бояд посух бидиҳад. Навиштаҳои Мирзои Салимпур саропо ҳангома, радикалӣ ва ғайриҳирфаӣ ба шумор мераванд. Баъзе ҳамкасбонаш ӯро ба Абӯбакри Бағдодӣ беҳуда монанд накардаанд. Зеро ҳамон коре, ки Абӯбакри Бағдодӣ дар олами терроризм ба анҷом расонид, Мирзои Салимпур онро дар олами рӯзноманигорӣ, аз ҷумла фазои маҷозӣ кард. Ин ҳарду беҳунарро оқибаташон маълум аст. Ҳоло ҳам дер нашудааст, Мирзои Салимпур метавонад, ба олами воқеӣ, яъне инсонӣ баргардад ва гуноҳҳои кардаашро эътироф кунад, мо баврӣ дорем ҳама ӯро мебахшанд ва ӯ бо ин роҳ аз олами шайтанат халос мешавад.

Кайхусрав Каримов, устоди Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон