Сомонаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
(+992 37) 221-06-34

Блог


Архив за April, 2020

МУРОҶИАТНОМАИ ГУРӮҲИ ЗАНОНИ ТОҶИКИСТОН БА МУҲИДДИН КАБИРӢ

МУРОҶИАТНОМАИ
ГУРӮҲИ ЗАНОНИ ТОҶИКИСТОН БА МУҲИДДИН КАБИРӢ

Мо як гурӯҳ бонувони Тоҷикистон вобаста ба амалҳои нангини рӯзҳои охир бар зидди мардум анҷомдодаи шумо садо баланд мекунем. Зеро дигар тоқати шунидани ин дуруғу буҳтон ва иғвогариҳоро надорем. Аз он ҳама фаъолиятҳои иғвоангезонаатон тайи як моҳи охир бармеояд, ки шумо ва ҳамсафонатон дар Аврупо нишаста, чунин хулоса кардаед, ки мардум гулу гумроҳ аст ва ҳар чи хоҳед анҷом медиҳед. Аз ин ҷост, ки дар фазои маҷозӣ бо мақолаву баромадҳои муғризонаи худ моро гӯё аз хатароти давру барамон огоҳ мекунед. Ин дар ҳолест, ки давру бари худро мо садҳо бор аз шумо дида хубтар мебинем ва ташхис мекунем. (more…)

МАКТУБИ КУШОДИ СОКИНОНИ ҚАСАМДАРА БА МУҲИДДИН КАБИРӢ

МАКТУБИ КУШОДИ СОКИНОНИ ҚАСАМДАРА
БА МУҲИДДИН КАБИРӢ

Мо сокинони деҳаи Қасамдараи ноҳияи Файзобод дар ин рӯзҳои мушкил, ки аксарияти кишварҳои ҷаҳонро офати коронавирус фаро гирифтааст ва Тоҷикистон низ чун як ҷузъи тақсимнашавандаи ҷомеаи умумибашарӣ зиёну таҳдидҳои онро эҳсос мекунад, талошу дастгириҳои Ҳукумати кишварамонро барои пешгирии ин хатар ба хубӣ эҳсос мекунем. Хушбахтона, аз тарафи сохторҳои давлатӣ тамоми чораҳо барои пешгирии ин беморӣ ва ҳифзи саломатии мардум андешида мешаванд. Касе аз камбудии хӯрока ва маводи дигари барои зиндагӣ зарур танқисӣ намекашад. Масъулон одамонро огоҳ менамоянд, корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд, тадбирҳои заруриро барои таъмин кардани аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ва гигиенӣ амалӣ месозанд. Аз ҳама асосаш, тамоми мардуми ҷумҳурӣ дар пешорӯи ин офат якдилу якмаром гашта, итминон доранд, ки боз як имтиҳони мушкили зиндагиро китф ба китф паси сар хоҳанд кард. Аз ҷумла, мардуми деҳаи мо сад шукр, ки сиҳату саломатанд, дар атрофи сиёсати созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ муттаҳиданд ва дар ин айёми кишту кори баҳорӣ, ҳама барои таъмини рӯзгори худ ва ғанӣ гардонидани бозорҳои кишвар бо маҳсулоти ниёзи мардум софдилона меҳнат мекунанд. (more…)

МУРОҶИАТНОМА БА М.КАБИРӢ


Дар шароити имрӯза, ки коронавирус ҷаҳонро фаро гирифтааст, вазъият аз инсонҳо боз ҳам дӯстӣ, иттифоқӣ ва сарҷамъиро талаб менамояд. Ҳамин аст, ки имрӯз тамоми кишарҳои ҷаҳон ба ин мушкилот диққати махсус медиҳанд ва тамоми тавоноии худро баҳри бартараф сохтани он равон менамоянд. Дар баробари ҳукуматҳо, инчунин, одамони сарватманд, варзишгарони машҳур, ситораҳои маъруфи санъат ва дигар нафарони муваффақ маблағҳои худро дареғ надошта, ба кишварҳои камбизоат ва оилаҳои нодор харҷ менамоянд. Новобаста аз сиёсатҳо, эътиқодот, муносиботи динию мазҳабӣ ва ҳизбӣ ҳамаи онҳо муттаҳид гардида, мекӯшанд, ки ҳаёти инсониро аз ин вартаи нобудӣ раҳо намоянд. Ҳатто нафарони берун аз марзи меҳан ва дур аз гурӯҳи аксарияти миллии худ буда низ, ба хотири кумак ба давлату миллаташон ёрии моддию маънаии хешро дареғ намедоранд. Маҳз дар ҳамин шабу рӯзҳо Ҳукумати Ӯзбекистонро аз нигоҳи молиявӣ дастгирӣ кардани соҳибкори узбектабори Русия Алишер Усмонов ба маблағи 20 миллион доллари ИМА далели равшани ин гуфтаҳост. (more…)

Страница 1 из 5 12345