Сомонаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
(+992 37) 221-06-34

Блог


Архив за March, 2020

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: «Нарх танзим гардида, вазъи бозор дар ҳолати муътадил нигоҳ дошта мешавад!»

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: «Нарх танзим гардида, вазъи бозор дар ҳолати муътадил нигоҳ дошта мешавад!»
Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки овозаҳо вобаста ба баландшавӣ ва камчинии маводи озуқаворӣ дар пасманзари паҳншавии сирояти коронавирус дар дигар давлатҳо, ки мардумро ба таҳлука овардааст, асоси воқеӣ надошта, бардурӯғ ва носаҳеҳ мебошанд. Зеро захираи маводи ғизоӣ дар бозорҳои мамлакат ба қадри зарурӣ мавҷуд аст ва корхонаҳои истеҳсолӣ ба таври муқаррарӣ фаъолият намуда истодаанд. (more…)

«ДУШМАНИ АСЛИИ МО ВИРУС НЕ, БАЛКИ ҲАРОС, ВОҲИМА ВА СТИГМАТИЗАТСИЯ АСТ*». Бо чунин изҳорот ширкати «Фаровон-1» имрӯз ба аҳолии мамлакат муроҷиат намуд

«ДУШМАНИ АСЛИИ МО ВИРУС НЕ, БАЛКИ ҲАРОС, ВОҲИМА ВА СТИГМАТИЗАТСИЯ АСТ*». Бо чунин изҳорот ширкати «Фаровон-1» имрӯз ба аҳолии мамлакат муроҷиат намуд
«Душмани аслии мо вирус не, балки ҳарос, воҳима ва стигматизатсия аст», омадааст дар муроҷиати ширкати саноатии «Фаровон-1» ба аҳолии мамлакат, ки имрӯз дар саҳифаи ширкат дар Facebook гузошта шуд. Дар муроҷиатнома, аз ҷумла омадааст: (more…)

Вазорати рушди иқтисод ва савдо: «Ба овозаҳои беасос бовар накунед! Маҳсулоти хӯрока, аз ҷумла гандум ва орд ба Тоҷикистон асосан аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ворид мегарданд»

Вазорати рушди иқтисод ва савдо: «Ба овозаҳои беасос бовар накунед! Маҳсулоти хӯрока, аз ҷумла гандум ва орд ба Тоҷикистон асосан аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ворид мегарданд»
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони мамлакат муроҷиат менамояд, ки ба овозаҳои беасос ва ҳангомаҳои баъзе тоҷирони манфиатдор вобаста ба кам шудани истеҳсол ва воридоти маҳсулоти асосӣ бовар накарда, ба эҳсосот дода нашаванд ва барои аз эҳтиёҷоти истеъмолии худ барзиёд харидорӣ намудани маҳсулоти хӯрокворӣ худдорӣ намоянд. Зеро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равған, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, шакар, тухм ва сабзавот дар сатҳи зарурӣ ва баъзе намуди онҳо аз меъёрҳои тавсиявии истеъмолӣ зиёдтар таъмин мебошанд. Дар маҷмӯъ барои таъмини эҳтиёҷоти бозори истеъмолӣ дар Тоҷикистон захираву иқтидорҳои зарурии истеҳсол ва нигоҳдории молу маҳсулот мавҷуд буда, овозаҳо вобаста ба кам шудани истеҳсол ва воридоти маҳсулоти озуқаворӣ, бахусус орд ва болоравии нархҳо асос надоранд. (more…)

Страница 3 из 4 1234