Сомонаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
(+992 37) 221-06-34

Блог


Архив за February, 2020

“РАДИОИ ОЗОДӢ” МАГАР МИНБАРИ ТЕРРОРИСТОН АСТ?

“РАДИОИ ОЗОДӢ” МАГАР МИНБАРИ ТЕРРОРИСТОН АСТ?
Имрӯз дар равзанаи интернетии пойгоҳи хабарии “Радиои озодӣ” мусоҳибаи хабарнигори ин расона бо раҳбари ташкилоти террористии ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ интишор дода шудааст. Амре шигифтангез аст, ки “Радиои Озодӣ” дар арафаи интихобот, яъне маъракаи муҳими сиёсии кишвари мо ба таври ошкоро ва иғвоангезона бо раҳбари ҷинояткори як ташаккулаи террористиву экстремистӣ мусоҳиба оростааст, ки ин хилофи ҳама гуна муқаррароти мавҷуда, аз ҷумла хилофи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот” аст. Умуман, ин пойгоҳи иттилоотӣ тӯли вақтҳои охир ба минбари наҳзатиён ва ба вижа раҳбари хоини он – М.Кабирӣ табдил ёфта, ба таври мунтазам дар бораи кишвари мо маводи муғризона интишор медиҳад.
Дар иртибот ба мусоҳибаи мазкур бояд ин нуктаро иброз дошт, ки мутаассифона, иддае аз пойгоҳҳои иттилоотии сатҳи байналмилалӣ ва ба вижа “Радиои Озодӣ” бар хилофи иддаоҳо ва оинномаву дастуруламалҳои хеш дар пайи таблиғи гурӯҳҳои тундраву вопасгаро ва талқини ақоиди террористони худбохтаву ватанфурӯшон мебошанд. Ҳол он ки ин расонаҳо бояд ба дунболи таҳкими ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва инсонмеҳвару донишбунёд бошанд. (more…)

Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон….

Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон….
Ҷавоб ба ruzinew.blogspot.com

Сомонаи ruzinew.blogspot.com бо нашри як мақола, ки он “Шахспарастӣ дар Тоҷикистон аз куҷо сарчашма гирифт ва то кай идома меёбад?” кӣ будан ва чӣ мақсад доштани худро ифшо намудааст. (more…)

Страница 1 из 3 123