Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе даъвати шашум
Санаи 24-уми сентябри соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе даъвати шашум баргузор гардид. Дар кори он панҷ масъалаи дар зер дарҷ гардида, баррасӣ карда шуд.
1.Гузориши раиси комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакил ба ивази вакили хориҷшуда ва тасдиқи ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳавзаи интихоботии №2.
2.Ҳисоботи муовини соҳавии Раиси ноҳия оид ба рафти иҷрои қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 16 июли соли 2019, №19/7 “Дар бораи Барномаи мусоидат ба шуѓли аҳолӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои солҳои 2020-2022”.
3.Ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ «Оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, муҳофизати оила ва ҳифзи ҳуқуқи кўдак, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ».
4.Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳавзаи интихоботии №3
5.Тасдиқи қарорҳои раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ.