Сомонаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
(+992 37) 221-06-34

Блог


Архив за July, 2019

Муроҷиати Гулнора Воҳидова ба мухолифини дузд

Муроҷиати Гулнора Воҳидова ба мухолифини дузд

Аз номи модари ман истифода набаред. Мо ба ташкилотҳои байналмилалӣ аз болои Шумо шикоят мекунем.
Суханони волои Гулнора Воҳидова мушти обдорест ба пешонии кӯтаҳақлони аср – наҳзатиҳои бериё, ки аз обрӯи ҳамсари Воҳидов бе иҷозати ӯ истифодаи сӯ мекунанд.
Муроҷиати Гулнора Воҳидова, аз нуқтаи назари таҳлили мантиқӣ бисёр гуворост. (more…)

Мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва маводи нашъадор

Мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва маводи нашъадор

Дар сатҳи олӣ доир сохтани иҷлосияи имрӯза дар масъалаи мубориза бар зидди терорризм ва экстремизм бори дигар собит мекунад, ки ҷомеаи ҷаҳон ва кишварҳо ба ҳаракати терроризм ва экстремизм ба муносибатҳои байналхалқӣ, суботу амният ва рушди устувори кишварҳо торафт бештар изҳори нигарони мекунанд.
Имрӯз терроризм ва экстремизм дар тамоми минтақаҳои ҷаҳонӣ доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод мекунад. Дар воқеъ руйдодҳои охири ҷаҳон аз он гувоҳи медиҳанд, ки дар Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ ва чандин кишварҳои аврупоӣ терроризм ва экстремизм ба хатари аввалиндараҷа табдил ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ларза андохтааст. Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, ва бо зуҳуроти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори усулӣ ва пойдору устувори ва муборизаи ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди он аст. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм ва экстремизм, таҳдиди нави амалҳои террористӣ аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Инчунин ташкилотҳои мазкур аз ҷониби созмонҳои ғайридавлатии байналмиллали ҳамчун неруи пуштибони озодиҳои шаҳрвандон ва равандҳои демократи этироф мешаванд. Ба ҳамагон маълум аст, ки имруз кадом қудратҳо ба ташкилотҳои террористи кумак мерасонанд.
Тибқи маълумоти коршиносони боэътимод имрӯз дар ҷаҳон тақрибан 500 созмонҳои террористи пинҳони амал мекунанд. Солҳои охир дар Аврупо, Амрико, Ховари Миёна, Африқо кишварҳои Балкан, Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо амалҳои даҳшатноки террористӣ ба вуқӯъ пайвастаанд. Қайд намудан зарур аст, ки экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоеанд, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Равнақу ривоҷи экстремизм дар ниҳояти кор ба терроризм меорад. Истилоҳи терроризм аз калимаи лотини гирифта шуда маънои тарсу ваҳмро дорад. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зуровари,куштор ва тарсу ваҳм амалӣ созанд. Терор кардан ҷомеаро ба тарсу ваҳшат ва ноумедию даҳшат андохтан аст. Албатта инчунин вақтҳои охир раванди устувори ба ҳам пайвастани тероризм бо шаклҳои мухталифи ҷиноятҳои ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи аслиҳа, хариду фуруши одамон ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба назар мерасад. Солҳои 2006-2010 дар кишвари мо барномаи давлатӣ оид ба мубориза алайҳи терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизм маводи татбиқи амали қарор гирифта буд.
Аз 9 январи соли 1999 Точикистон дар таърихи худ аввалин конфронси байналмилии зидди маводи мухаддир “Точикистон зидди маводи нашъаовар”-ро гузаронид. Ба иштирокчиёни конфронс мурочиат намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон гуфт, ки “Дар роҳи давлати ҷавонони Точикистонро хатаре ба вуҷуд омадааст, ки агар онро бартараф накунем, метавонад тамоми дастовардҳоро нобуд созад. Сухан дар бораи чунин падидаи таҳдидовар, мисли нашъачаллобӣ меравад. Ва имрӯз дар шароити соҳибихтиёрии кишвар, инчунин бо дарназардошти тамоми хатарҳое, ки ин падида ба дунбол дорад, ман бо тамоми масъулият изҳор менамоям, ки пойдории давлати мо аз муборизаи катъӣ бо муомилоти ғайриконунии маводи нашъаовар вобастагӣ дорад”.
Бо Фармони Президенти Чумҳурии Точикистон таҳти рақами №1218 аз 1 июни соли 1999 мақомоти ҳифзи ҳукуки нав ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон таъсис дода шуд, ки ваколатдор аст, ки сиёсати давлатӣ, ҳамоҳангсозии байни идоравӣ, инчунин ҳамоҳангсозии ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии онҳо ва суистеъмолро амалӣ намояд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2008, таҳти рақами №113 Барнома оид ба пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили кӯмаки наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2005-2010 қабул шуд. 30 ноябри соли 2007 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи ягонаи мақсадноки давлатии пешгирии нашъамандӣ ва муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012”, ки ба таҳким ва рушди сохтори мақомот ва хадамоти амаликунанда ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор равона карда шудааст, инчунин барои баланд бардоштани сифати хизматрасони ба мардум пешниҳод шаванда дар соҳаи пешгирии нашъамандӣ, табобати мубталоёни бемории нашъамандӣ ва барқарорсози ва саломатии беморони нашъаманд, тасдиқ шуд.
Пешбарӣ кардани ташаббусҳои нави Тоҷикистон ва амалӣ намудани ташаббусҳои қаблан садодода, инчунин густариши ҳамкории байналмилалӣ дар роҳи муқовимат ба таҳдидҳои маводи нашъадор тақозои тамоюлҳои рушди вазъи нашъамандӣ дар минтақа ва ҷаҳон, инчунин ҷустуҷуӣ роҳои нави ҳалли мушкилот, ки дар ин соҳа пайдо мешаванд, мебошад. Аммо ҳар сол дар муассисаҳои мактаби ва муассисаҳои оли дар мавзӯи «мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва маводи нашъадор»-ро мегузаронанд ва мефаҳмонанд.

Омӯзгори МТМУ №62-и н. И.Сомонӣ
Авазов М.

Зиндагӣ дар садафи хеш гуҳар сохтан аст…

Зиндагӣ дар садафи хеш гуҳар сохтан аст…

Зиндагӣ тазодҳое дорад, ки шахс ба ҳайрат меафтад. Яке шукронаи нону обу зиндагии шоиставу ободиҳои Ватан мекунад, дигаре нонро зери пой меафканад, аз он ҷӯйе, ки об нӯшид, оби поки он ҷӯйро олуда мегардонад, ба сарзамине, ки дар он чо ба дунё омаду ба воя расид хиёнат мекунаду, ба мардуми он санги маломат мезанад, шахсиятҳоеро, ки як вақтҳо ӯро рӯи кор оварданду нон доданд лаънатҳо мехонад.
Ҳар гоҳе, ки дар сомонаҳои интернетӣ сӯҳбати шахсиятҳои ғаразноки нисбати сиёсати давлатамонро мебинам, ба шигифт афтода, ба хотирам мақоле меояд:“Сиёсатро дастони нопок месозанд” ва худ ба худ мегӯям: “Дар ҳақиқат сиёсати ғаразнокро дастони нопок месозанд. Чунки сиёсати оқилонаю дурбинона дар байни давлатҳо барои сулҳу салоҳ, барои рафоқату дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмию ҳамдилӣ мусоидат менамояд. Аммо сиёсати ғаразнок танҳо барои як муддат, то ба мақсади нопоки худ расидан матраҳ мегардад.”
Бевосита солҳои ҷанги бародаркуши солҳои 1992 ба хотир мерасад ва вуҷуди шахсро танҳо ларза мегирад: Пойтахти харобазор, занҳои мотамзада, мурдаҳои бесоҳиб, кӯдакони гушнаю ташна, овози тӯпу туфанг, садои гиряю нолаи модарону занҳои танҳомонда… ва як муддати тӯлонӣ қаторҳои беохир барои нон. Як бурда нон.
Чаро ин воқеаҳо аз хотири мардум тез-тез мебароянду, бархе худро “ватансозу ватандӯстдор” вонамуд намуда ба ҷангу ҷидолҳо ҳидоят менамояд. Дигаре ҷавонони гумроҳро аз паси мақсадҳои нопоки худ бурда ба ҳалокат мерасонад. Сеюмин аз паси парда истода ба ҳама ноҷуриҳою нокомиҳо кафкӯбӣ мекунад ва бо тарғибу ташвиқи ақидаҳои террористию ифротгароӣ шуғл меварзад. Ба ин гуна шахсиятҳо чӣ намерасад? Чаро мардумозориро пеша мекунанд? Чаро дилозорӣ мақбулашон ҳаст? Чаро вайронкорию ҷангу ҷидолу харобазоркуниро мақсад гузоштанд? Чаро нохилофанд?
Охир шоир фармудааст: Май бихӯр, масҳаб бисӯз оташ андар Каъба зан,
Сокини бутхона бошу мардумозорӣ накун.
Бале, ин гуна шахсиятҳо танҳо барои манфиатҳои шахсӣ, барои ба даст овардани вазифаҳои роҳбарикунанда, барои яккаҳукумронӣ кардан, барои дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ намоиш додани “шахсияти нотакрории” худ ба чунин падидаҳои номатлуб даст мезананд. Дигар ҳеҷ чиз нест. Дигар мақсад нест, матлаб нест.
Охир онҳоро дар Ватан чӣ намерасид?! Хонаву дари боҳашамат, рӯзгори серу пур, зиндагии осоишта, вазифаҳои баланду мансабҳои баландмақом доштанд. Пас чаро? Шояд аз касоне қарздор буданд? Шояд назди касоне забонкӯтоҳ буданд? Шояд аз касоне муттаҳами молу пулу чизу чора буданд? Шоядҳои бисёр, дар маҷмӯъ ҳама як чиз аст: “арзишҳои дигар” доштанд.
Бале, арзишҳои бегона доштанд. Бале, мақсадҳою матлабҳои дигар доштанд. Бале, нигарониҳои дигар доштанд. Ғаразҳо доштанд. Шояд барои хамин Худо низ аз онҳо рӯй гардонид?! Онҳо ба мақсадҳою матлабҳои нопоки худ нарасиданд. Чун онҳо аз пандҳои ҳазрати Алӣ дур рафтанд, ки гуфтааст: “Бузургтарин сармоя эътимод ба нафс аст”.
Ман ҳамчун як зан, ҳамчун модар, ҳамчун як фарди ҷомеаи имрӯза, ҳамчун як маорифчӣ чунин шахсиятҳоро маҳкум мекунам. Чун модар ҳастам намехоҳам, ки фарзандони ман силоҳбадаст шаванд ва силоҳ ба даст гиранд. Чун зан намехоҳам, ки фарзандони ман ба сари кӯдакону пиронсолон, ба сари занону мардон, ба сари инсонҳои бегуноҳ тир кашанд. Ҳамчун як фарди ҷомеа намехоҳам, ки ҷомеаи ҳуқуқбунёду озоду ободи ман ба хок яксон шаваду, ба водии хамушон табдил ёбад. Ҳамчун як маорифчӣ намехоҳам, ки насли навраси мо бесаводу, беадабу, бефарҳангу, беномусу, бекор бимонад. Ман тарафдори ободию озодӣ, амонию осоиштагӣ, тинҷию сулҳу салоҳ ҳастам, ки ин дар натиҷаи меҳнату заҳматҳои халқи азизи тоҷик бо роҳбарии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, падари азизи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Чун замонҳое буданд, ки аз ин вазифаи пуршарафу пурмашақат, яъне роҳбарии хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон шахсони варзида, ашхоси шинохта даст мекашиданд. Куҷо буданд он дамҳо ин хоҷагону ин мансабталошҳо?! Нони расидаю оши тайёрро хурдан хело осон аст. Лекин давлати харобазору халқи парокандаро сарҷамъ намуда, харобазорро ба гулзор табдил додан бениҳоят мушкил аст. Кори ҳар кас нест.
Чун шоир мегӯяд: “Кори ҳар буз нест хирман кӯфтан,
Гови корӣ бошаду, марди куҳан”
Бо сардории марди куҳану абарқудрат мо тавонистем аз мушкилиҳои зиндагӣ раҳоӣ ёбем, фарзандонамон озодона таҳсили илм кунанд, мардум тӯю маъкахои худро бо шукргузорию хурсандиҳои беғашу беолоиш баргузор намоянд.
Пас шояд бас аст халқро ба сӯи гумроҳӣ ҳидоят намудан?! Шояд бас аст ҷавонони соддадилу зудбовар, ғунчаҳои ношукуфтаро ба сафи ҷангиёни гуруҳу ҳаракатҳои террористиву ифротгаро шомил намуда, боиси марги ғӯрамаргҳо шудан? Шояд бас аст аз дини мубини ислом ба худ ниқоби “муборизи роҳи озодӣ”, ниқоби “сулҳҷӯву озодипарвар”, ниқоби “ватандӯсту ватанпарварро” сохта пӯшидану, халқиятҳоро ба ҳалокату ҷаҳолат бурдан?
“Ислом ба зоти худ надорад айбе, ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост”
Ин айбҳо, ин нуқсонҳо, ин ноҷӯриву нобасомониҳо дар мусулмонии шумост, ки ободро шикаста, озодро бандӣ дида, хубиро ба бади, ҳастиро ба нестӣ бурдан мехоҳед. Дар сарзамини бегона истода ба сӯи зодгоҳи худ, ба Ватани худ, ба дӯсту бародарони худ сангҳои маломат ҳаво додан кори марду мардонагӣ нест!
Мардҳои ҳақиқӣ дар пайи ободию озодии Ватану зодгоҳи худ, дар ғами сохтану бохтанҳо, дар ғами сӯхтану нагдохтанҳо мебошанд. На ин ки барҳам додани давлати ободу побарҷо ва ғуломи ҳалқабаргӯш намудани халқи мӯмину мусулмон.
“Зиндагӣ дар садафи хеш гуҳар сохтан аст,
Дар дили шуъла фурӯ рафтану нагдохтан аст”
Омӯзед аз ободониҳои родмардони ин диёр, баҳра гиред аз сохтанҳою нагдохтанҳои қавииродаҳои сарзамини ҳосилхези тоҷикон!
Сарбаландӣ, зӯрмандӣ хоси мард аст. Заифиҳою номардиҳоро чӣ гӯем?!
Дар баробари маҳкум кардани чунин ашхос ман онҳоро ба роҳи адлу инсоф, ба роҳи росту нияти пок ҳидоят мекунам. Ҳар як шахс, ҳар як бандаи мӯмину мусулмони бояд дар зиндагии худ кори некеро, амали некеро анҷом бидиҳад, ки пас аз маргаш ҳамагон гӯянд, ки одами бузургу ботақво буд, афсӯс, ки бебозгашт рафт. Бигзор, ки ҳазорҳо афсӯуси марги туро кунанд, на ин ки ба лаънати якумра гирифтор шавӣ.
Хуррам он кас, ки дар ин дафтари пок аз ҳама ҳарф
Рақами хайр кашиду асари хайр гузошт.
Ба мардуми шарифи Тоҷикистони азиз муроҷиат карда гуфтаниям, ки биёед дар гирди Пешвои муаззами худ, дар гирди Асосгузори ваҳдати миллӣ, дар гирди марди куҳани сулҳовари худ сарҷамъ шуда, барои парешон шудани миллати хеш роҳ надиҳем. Тоҷикистони азизи худро ба гулистон табдил диҳем. Дар роҳи сулҳу салоҳ, дар ободию озодии ин манзилу макон, дар хушнудию хушбахтии ҳаёти имрӯза, дар ояндаи оламафрӯзи фарзандони хеш содиқона меҳнат кунем. Ватани азизи худро ба газанд надиҳем. Чун падари миллат фармудаанд “Зиракии сиёсиро аз даст надиҳем”. Ба бегонагон, ба ақидаҳои бегонаю ифротгаро, ба ҳар як хоину лаин дасти ҳамкорӣ дароз накунем.
Чӣ илоҷ, ки неши каждум на аз рӯи кин аст, муқтазои табиаташ ин аст.
Табиати талху тунду тезгарои ифротгароён ин аст.

Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и
ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Мухташева Сурайё Норбоевна

Страница 3 из 7 12345...»