Наҳзатиҳо – душмани адлу инсоф
Дар пойгоҳҳои хабарии наҳзатӣ, ки аз даруғу тавтеа кор мегиранд, ахборе ба нашр мерасад, ки дар онҳо сафед сиёҳу торик равшан ва ҳар афкори муғризона айни ҳақиқат ҷилва дода мешавад. Матлабе, ки дар яке аз ин пойгоҳҳои марбут ба наҳзатии фирорӣ Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, бо унвонии “Чаро низоми адолат дар кишвари мо вайрон шуд” нашр гардид, таамул карданӣ ва қобили андешидан аст. Зеро инъикоси воқеият дар он ба тарзи чаппа сурат гирифтааст. Нависандаи ин матлаб, ки аслан номи худро дарҷ нанамудааст ва маълум аст, ки нафаре аз “фермаи ҷавоби наҳзатист”, кӯшиш намудааст, ки ҳамагуна дуруғу туҳматро бар алайҳи давлату ҳукумат равона созад. Сабаби вайроншавии адолатро дар кишвар ба онҳо рабт диҳад. (more…)