Сомонаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
(+992 37) 221-06-34

Блог


Архив за December, 2018

Тўйи Тоҷикистон, мотами Кабирӣ

Истиқлолияти кишвар заминаи асосии рушду инкишофи давлати соҳибихтиёру соҳибмустақил аст. Мусаллам аст, ки кишвари азизамон аз баракати сулҳу суббот, ваҳдати миллӣ рўз аз рўз шукуфону, ободу зебо гардида истодааст. Бешубҳа ба сокинони кишвар лаҳза ба лаҳза шароити хубу зиндагии шоиста муҳайё мегардад. Барои расидан ба ормонҳои ҳазорсолаи худ ҷонфишонӣ доранд. Новобаста аз кадом вазъу шароит бо ҳама нерую тавони худ талош менамоянд. Натиҷаи ин ҳама талошу ҷонфидоиҳо имрўзҳо дар ҳоли самар аст. Ёдовар бояд шуд, ки сохтмони ҳаётан муҳими НБО «Роғун» дар даврони соҳибистиқлолӣ пурра роҳандозӣ гардидааст. Ин албата орзуи деринаи миллат дониста мешавад. Мардуми тоҷик имрўз ид дорад, имрўз ин Кохи нур ба нурафшонӣ оғоз мекунад. Аниқтараш нур болои нур зам гардидааст, ки тиратарин дилҳоро фараҳ мебахшад. Зеро дар ин рўз расман рузи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. НБО «Роғун» дуррӣ нурафшонест, ки дар рўзи Президент бо ҳам тавъам омадааст.
Шодӣ кунем, ки кишвари кўҳанбунёди тоҷик имрўзҳо ид дорад. Тантанаи ин ид, ин ҷашнвораи бузург вирди забони ҳамагон гардидааст. Ҳатто онҳое, ки мухолифанд, пайи вайронкориҳою халалдор кардани суботу оромии кишвар кўшиш намуданд ва кўшиш менамоянд имрўзҳо бо ҳасрату надомат аз дастоварди бузурги миллати тоҷик ҳарф зананд. Онҳо дарун – дарун месўзанд, ба дилашон алов ангехтаанд, ҷонашон ба танг омада намедонанд худро ба кадом дару кадом сагхона бизананд.
Бинед мухолифон имрўз мардуме, ки нону обу намкашонро хўрда ба рўяшон корд кашидед тўй доранд. Ба он хоке, ки шуморо дар худ парварида бузург намуд туф кардед, аз дур истода ба сўяш санг задед ва хостед, ки ба рўйи он хуни мардуми зиёдро резонед. Ба ҳар ҳол тавонистед, ки мардуми зиёдеро қурбон кунед. Онҳоро истифода намуда ба ивази ваъдаву паёми хоҷагони худ ҷонашонро гирифтед. Он рўзҳо гузашт дигар наметавонед, ки ба гарди хоки кишвари мо зиён расонед. Ба мо нигаред мо имрўз бузургтарин дастоварди таърихиро соҳиб гаштаем, вале шумо чӣ танҳо косалеси хоҷагони худ гардидеду халос.
Имрўзҳо моро тамошо доред, Пешвои муаззами миллати моро бубинед, ки тоҷиконро дар гирди худ муттаҳид намуда, кишвари ободу зебо сохта истодааст. Барои расидан ба тамоми ормонҳои ҳазорсолаи миллати худ ҷонфидоиҳо доранд. Имрўзҳо тоҷикон тўй доранд, Кабири бошад мотам. Азизон имрўзҳо ҲНИ мотам дорад. Шодию хурсанди намоед, ки душманон мотам доранд. Кабири дар оташу хун ғарқ гашта, мислии саги девона худро ба ин девору ба он девор ҳаво медиҳад. Хабар аст, ки бо сагони дигар дар ҳам афтода гушту пусти якдигарро тика доранд. Хўред гушту хуни палиди якдигарро. Шумо мурдоре беш нестед. Бинед, ки ҷашни мо чӣ гуна танинандоз аст. Шумо бо дилу нияти ғаразноки худ танҳо худро нобуд сохтед, миллати тоҷик, кишвари мо Тоҷикистони азизи мо рўз то рўз инкишоф дорад.
Ба ҳамагон чун оина равшан аст, ки халқи тоҷик дар тўли 27-соли соҳибистиқолии худ ба дастоварду муваффақиятҳои бузург ноил гардидаанд. Ҳукумати кишвар бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии рушду инкишофи кишвар чанд ҳадафи стратегиро ба монанди таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти каммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар пеши худ мақсад гузошт. Барои амалӣ кардани он кўшишу заҳматҳои зиёд намуданд. Имрўз самарии бузурги талошу меҳнатҳои дирўзаро бо ҳам миллати тоҷик, бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат таҷлил менамоянд.

Сомонаӽои бесомон

Бо гузашти айём ва пешрафти замон ӽар рӯз як таҷӽизоти нав рӯи кор меояд. Дар ин нишеман ӽар кас ба гунае аз ин таҷӽизот истифода мекунанд. Нафаре барои беӽбудӣ ва пешрафти халқу Ватани худ ва дигаре баръакси ин кор.
Сухан дар бораи сомонаӽои иҷтимоӣ меравад, имрӯз мардум аз сомонаӽои интернети ба таври васеъ истифода намуда, онро ӽамчун майдони рақобат ё рекламаи шӯӽрати худ истифода мебаранд. Вақте мо аз сайтӽои интернетӣ дидан мекунем, албатта ӽастанд нафароне, ки бо панду андарз, шеърӽои панду ахлоқу, насиӽатнома ва қиссаву ривоятӽои ҷолибу хонданӣ мардумро тарбият мекунанд.
Аммо дар ин баробар ӽастанд сомонаӽое кушода бо суханӽои бемантиқ ва хабарӽои дурӯғ байни мардум фитна андохта, ба зеӽни мардум зарба мезананд. Аз ин сомонаӽо метавонем барои мисол ном бибарем аз қабили “Ахбор. Ком”, “Паём нет”, “Восток нюз”,”Зелло” ва ғайра мебошанд.
Агар дар бораи сомонаи“Ахбор ком” ӽарф занем муассисаш Мирзои Салимпур, собиқ рӯзноманигори тоҷик, ки дар Радиои Аврупоии Озод / Радиои Озодӣ кор мекард, ӯ зиёда аз даӽ сол дар Радиои мазкур фаъолият дошт, ва бо сабабӽои номаълум аз он ронда шуд. Ӯ аз соли 2000-ум дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе ва аз соли 2002 дар Прага кор мекард.
Айни замон бошад дар шаӽри Прагаи Ҷумӽурии Чехия кору фаъолият дорад. Ӯ аслан зодаи ноӽияи Ӽисор буда, дар ӽамин ҷо ба воя расидааст ва хатмкардаи Донишгоӽи миллии Тоҷикистон мебошад. Дар нашрияӽои “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Адолат” ва “Чароғи Рӯз” фаъолият кардааст.
Бале! ӯ дар Тоҷикистон таваллуд шудаву дар инҷо бузург шудааст, аз ӽавои инҷо нафас гирифтаву дар хоки ин диёр нашъунамо ёфтааст. Ин тоифаро метавон зархарид ё ватанфурӯш унвон кард.
Мегӯянд олим шудан осон, одам шудан мушкил бале, фаъолияти чандинсолаи рӯзноманигорӣ, таҷрибаи андӯхта, ва он илме, ки дар сараш дошт ӯро тарбият карда натавонист. Чуноне мегӯянд: “Тарбият ноаӽлро чун гирдакон дар гунбад аст”.
Баъд аз чанд соли фаъолият чун аз Радиои Озодӣ ронда шуд, дигар чи кор карданашро намедонист ва баъд аз даву този зиёд ӯ ба хулосае омад, ки сомонаи хусусии худро кушояд то ӽарфи дилашро гуфта тавонад. Ва чунин ӽам кард сомонае кушод бо номи “Ахбор ком”, ки ин сомона штати кори надошта, матлабӽоро аз дигар васоити ахбори омма дастрас намуда, сипас нусхабардорӣ мекунад ва дар сомонаи иғвоангези худ “ Ахбор ком” бознашр менамояд.
Мирзои Салимпур бо хабар ва гузоришӽои фитнаангез ӽамеша алайӽи ватани худ садо баланд намуда, Давлат ва миллати худро таӽⱪир мекунад ва барои ин кораш аз ҷониби хоҷагони хориҷияш дастгирӣ меёбад.
Магар ӯ дигар умеди бозгашт ба ватанро надорад? Ӯ ҷавоби ин хиёнатӽоро дар назди халқу миллат чи гуна медода бошад. Наход номус ва ӽисси миллӣ, ғурури тоҷикона дар вуҷуди ӯ ба тамом мурда бошад. Наход пул ӽама чизро иваз карда тавонад,охир инсон бояд дар ягон ӽолат ин ду чизро аз даст надиӽад, яке номус ва дигар ӽисси ватандӯстӣ.
Ҷаноби Салимпур ӽам имрӯз фурсат дорад то ба Ватан баргашта узрхоӽӣ кунад ва фаъолияти рӯзноманигорияшро давом диӽад ва мисли дигар сокинони осоишта дар оғӯши гарми Ватан зиндагӣ кунад. Боқӣ дигар дуо мекунем, ки Тоҷикистони мо тинҷу обод ва мардумаш ӽамеша хушбахту хуррам бошанд. Сомонаӽои бесомон бошанд сомони худро ёбанд.
Маҳваш Яъқубзод, таҳлилгар

Терроризм хатари бузург ба амнияти сокинони сайёра

Қобили зикр аст, ки гурӯҳҳои ифротгароии чунин ниҳодҳо барои ноил гардидан ба ҳадафҳои нопоки худ пеш аз ҳама, ба ҷавонон такя менамоянд ва аз надоштани таҷрибаи кофии зиндагии онҳо истифода бурда, аз нерӯи ақлонии онҳо ба хубӣ сӯистифода менамоянд. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат дар аксар баромадҳои худ ҷавононро нерӯи созандаву бунёдкор арзёбӣ намуда, қайд менамоянд, ки «ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд»
Қайд кардан ба маврид аст, ки бо назардошти сулҳу ваҳдат зиндагии шоиста, амну суббот ва шароити муносиб дар кишвари азизамон Тоҷикистон ҷавонон боз ҳам бо ваъдаи ин ки гуйё ташкилотҳои ифротӣ дар ҳалли мушкилот ва проблеммаҳои иқтисодии онҳо кӯмак мекарда бошад, онҳоро бо ин роҳ ба худ ҷалб намуда, дар амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки худ истифода мебаранд. Гурӯҳҳои алоҳидаи ҷавонон, ҳатто фикр ҳам намекунанд, ки бо иштироки худ дар чунин созмону иттиҳодияҳо на ин ки мушкилоти мавҷудаи худро ҳал менамоянд, балки мушкилоти худ ва атрофиёнро дучанд мекунанд ва ояндаи дурахшони зиндагии худро ба зери торикиҳои хатар мекашонанд. Дар ин замина тамоми сохторҳои дахлдор ва ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи махсусии худро дар тарбияи ҷавонон ва баланд бардоштани руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ роҳандозӣ намоянд. Ин вазифаи муқаддас бояд кори ҳаррӯзаи оила, муассисаҳои таълимӣ ва ниҳодҳои дахлдор бошад. Татбиқи босамари сиёсати имрӯзи ҳукумат дар рушду такомули ҷавонон дар ҷумҳурӣ ва барои омода гардидани онҳо баҳри ҳимояту пуштибонӣ аз миллату ватан ва рушду пешрафти кишвар имкон фароҳам меорад, ки онҳо барои рушди босубот ва гулгулшукуфоии ояндаи кишвар саҳмгузор бошанд.
Хулоса, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки барои аз байн бурдани ин «беморӣ»-и муҳлик даст ба дасти ҳам дода, ҳамарӯза мубориза барем.
Ҳасанова Моҳира-мутахассис

Страница 5 из 43 «...34567...»