Сомонаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
(+992 37) 221-06-34

Блог


Архив за December, 2018

Ташаббуси Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ

Барои мардуми Осиёи Марказӣ ду масъалаи глобалии экологии дигар, ки аҳамияти махсусан муҳим доранд, яке масъалаи кӯли Сарез ва дигаре баҳри Арал мебошад. Кӯли Сарез қариб як аср пеш дар баландии 3262 метр, дар натиҷаи канда шудани кӯҳпора ва баста шудани маҷрои дарёи Мурғоб дар макони серзилзила пайдо шуда, 70 киллометр дарозӣ, қариб якуним километр бар ва беш аз шонздаҳ миллиард метрии мукааб оби тозаи нӯшокӣ дорад, ки бо чунин захираи об тамоми аҳолии сайёраро дар давоми як сол бо оби аълосифати нӯшокӣ таъмин намудан мумкин аст. Тоҷикистон барои ин кор тамоми чораҳои заруриро истифода менамояд. Масъалаи дигари глобалӣ баҳри Арал мебошад, ки дар натиҷаи ба он рафта нарасидани оби дарёҳои Ому ва Сир хавфи шӯршавии заминҳои минтақаро ба вуҷуд овардааст. Солҳои охир гарм шудани иқлими сайёра идома дорад, ки ин боз як хатари нав ба вуҷуд овардааст. Аҳолӣ низ босуръат меафзояд ва бо он миқдори захираҳои об, ки имрӯз ҳаст, имконияти маҳдудияти оби нӯшокӣ аз гумон дур нест. Умуман, ҳифзи захираҳои об, истифодаи оқилаи онҳо барои наҷоти аҳли башар аҳамияти бештаре пайдо менамояд. Бинобар ин, ҳам ҳифзи сифати захираҳои об ва истифодаи сарфакоронаву оқилонаи онҳо вазифаи асосии одамон бояд бошад. Ҳалли масъалаи марбут ба об бояд тавре ба роҳ монда шавад, ки мушкилоти нарасидани об барои халқҳои ҳамсоя на воситаи тафриқаандозӣ, балки омили муттаҳидкунанда гардад. Сиёсатмадорон, мутахассисону коршиносон бояд, ки роҳи ба низом даровардани ин мушкилотро бо назардошти манфиатҳои тамоми халқҳои таърихан ҳамсоя ҷустуҷӯ ва пайдо намоянд. Оби тоза ба мисли неъматҳои дигари табиӣ, аз ҷумлаи сарватҳои миллии мост ва муносибати хоссаро тақозо мекунад. Тамоми мардуми тоҷикро зарур аст, ки барои амалӣ гардонидани ташаббуси навбатии Пешвои миллат дар миқёси ҷаҳон оид ба масъалаи глобалии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» масъулият нишон дода, ба он ҳиссагузор бошанд.
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино

ТТЭ ҲНИ. ДАЪВОҲОИ КУҲНА ДАР ҚОЛАБИ НАВ

Дар яке аз сомонаҳои наҳзатӣ матлабе таҳти унвони «Таъсиси сомонаи расмии Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон» интишор ёфт. Ин дафъа дар заминаи дастуроти роҳбарияти ташкилоти террористӣ – экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ кумитаи нав таъсис ёфта, наҷоти зиндониёнро бар уҳда гирифтааст. Аҷабо, ТТЭ ҲНИ, ки ба вартаи ҳалокат наздик аст, акнун наҷоти дигаронро ба зимма гирифта, дар ин самт барномаҳои навро дар симои «кумитаи шаҳрвандӣ» рӯйи даст гирифтанист (албатта, бо кумак ва мусоидати хоҷагони хориҷӣ).
Гӯиё наҳзатиҳо ҳама корро анҷом доданд, ки навбат ба таъсиси созмони нав – «Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон» расид. Кумитаи нав ҳам, «фаъолони сиёсӣ» – ро дар худ таҷассум мекунад ва гӯиё ҳуқуқи зиндониёни сиёсиро ҳимоят менамояд. Вале, суоли матраҳ ин ҷост, ки кадом зиндониёни сиёсиро? Ҷавоб хеле сода хоҳад буд: ҳамон зиндониёне, ки танҳо ба тими наҳзат тааллуқ мегиранд. Дигар зиндониён, аслан ба дарди наҳзат ва доираҳои ба он наздик намехӯранд. Ин аст, ки «кумитаи нав» талабот ва муқтазиёти худро дар доираи зиндониёни наҳзатӣ, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин паси панҷара қарор гирифтаанд, маҳдуд мекунад. Дигар ин ки муҷриёни кумитаи навтаъсис ҳам ба наҳзат ва афкори наҳзатӣ иртиботи бевосита ва бавосита доранд. Аз ин лиҳоз, ҳар чи дар ин замина гуфта ва ё интишор меёбад, ба афроди наздик ба доираҳои наҳзат тааллуқ дорад.
Кумитаи мазкур, ки сад дарсад мутмаинем, аз ҷониби доираҳои махсуси хориҷӣ сармоягузорӣ ва ҷонибдорӣ мешавад, тайи фаъолияти семоҳа дар баргузории пикету флешмобҳо ва тазоҳуроти сохтаи иғвоангезона дар баъзе кишварҳо саҳм гирифтааст. Ба доираи фаъолияти кумита таваҷҷуҳ мекунем: пикету флешмоб ва тазоҳуроти ба истилоҳ густарда алайҳи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ташкил мекунад, исми ба ном зиндониёни сиёсиро феҳрист ва ҷинояткоронро тарғиб менамояд, аз созмонҳои байналмилалӣ кумакҳои молию пулӣ ва пуштибонии сиёсӣ металабад ва саранҷом дар Аврупо паёми бегуноҳӣ пахш месозад. Гузашта аз ин, кумита маҷаллае таҳти унвони «Тоҷикистон: қурбониёни таъқиби сиёсӣ» таъсис дода, барои он ки худ ва ҳаммаслакони ҷинояткорашро дар хориҷ тарғиб кунад, исми онҳоро феҳраствор зикр карда, ба ин восита, бегуноҳии наҳзатро собит кардан мехоҳад. Дар ҳоле ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мадании аврупоӣ ба ин навъ кумитаҳо ва созмонҳо, ки шуморашон ҳар рӯз ба садҳою ҳазорҳо мерасад, аслан эътибор намедиҳанд. Аз ин ҷост, ки бо ташкили чунин кумитаҳо ва созмонҳои гуногун шумори муътаризони муҳоҷир намеафзояд, баръакс, боиси нафрати онон мегардад. Чун аксари шаҳрвандони мо, ки муқими Аврупо ҳастанд, «лаззати» паноҳ бурдан ба наҳзатро медонанд ва аз ин ташкилоти террористӣ парҳез мекунанд.
Масъулони «кумитаи нав» 16 сентябрро ба унвони рӯзи зиндониёни сиёсӣ пазируфтаанд. Чаро? Чунки дар ин рӯз наҳзатиёни ҷинояткоре, ки дар табаддулоти Абдуҳалим Назарзода даст доштанд, ба ҳабс гирифта шуданд ва кумитаи мазкур аз фурсат истифода бурда, ба онҳо тамғаи «зиндониёни сиёсӣ» мезанад. Дар асл, ин тоифа ба сиёсат рабте надоранд, онҳо ҷиноят содир карда, дар баробари қонун ҷавобгар шудаанду халос.
Дар идомаи матлаб зарур мешуморем, ки ба даъвоҳои беасоси «кумитаи шаҳрвандӣ» посухи иҷмолии рақамӣ ироа намоем, ки аз ин зовия аст:
1. Зиндониёне, ки кумитаи наҳзатӣ дар назар дорад, ба ҳеҷ ваҷҳ, дигарандеш нестанд ва тафаккури таассубию хурофотӣ доранд. Амалкарди онҳо дар ҷараёни мурофиаи ҷиноятӣ мавриди баррасии ҷиддии ихтисосӣ – ҳуқуқӣ қарор гирифта, бар асоси ҳалномаи суд ва таркиби ҷиноёте, ки муртакиб гардидаанд, равонаи зиндон шуданд. Ба ин маъно, ҳар нафари ҷинояткоре, ки иғвогарони наҳзатӣ ба унвони «зиндониёни сиёсӣ» муаррифӣ мекунанд, дар асоси қонун ва асноди меъёрии ҳуқуқӣ зиндонӣ шудаанд. Дурӯғи дигари кумитасозон рӯйи фишорҳои набуда ва дурустараш бофташуда тамаркуз мекунад. Барои бозпурсӣ даъват кардан ва гузарондани суҳбатҳои ихтисосӣ ва тарбиявӣ аз кай боз фишор номида шудааст? Магар, бо модари Маҳмуд Файзраҳмон ва бародари Ҷаннатуллоҳи Комил, ки ҳар ду мутаассиби наҳзатӣ мебошанд, суҳбат кардан фишор аст? Оё мақомоти марбутаи давлатӣ ҳуқуқи бо шаҳрвандони худ суҳбат кардан ва фаҳмондани ҷузъиёту куллиёти ҳаракатҳои номатлуб, тундгаро ва таассубомези наздикону пайвандони ба ном «дигарандеш» – ро надоранд? Дар тамоми давлатҳои дунявӣ ва демократӣ ин тарзу усули кор мавриди истифода қарор мегирад. Агар сохторҳои дахлдори давлатӣ бо наздикону пайвандони ҷинояткороне, ки ба хориҷ паноҳ бурда, барои ноором сохтани авзоъ талош меварзанд, суҳбатҳои ихтисосӣ нагузаронанд ва ба онҳо воқеиятро ошкор насозанд, пас, чӣ кор кунанд?! Магар дар Аврупо хешону пайвандони террористон ва ҷинояткорон ба мақомот даъват намегарданд ва бо онҳо суҳбат намекунанд? Албатта, мекунанд, вале наҳзат ва наҳзатмаобон ин тарзи кори мақомоти қудратии аврупоиро нодида мегиранд, зеро ки ба манфиаташон нест.
2. Гӯиё латукӯб, нарасондани ёрии аввалияи тиббӣ ва мавридҳои вафоти зиндониёни ба ном сиёсӣ масъалаест, ки наҳзат ҳамарӯза ба он мечаспад ва муҳимтар аз ҳама, онро ҳангома мекунад. Мо шоҳиди онем, ки чандин комиссияҳои созмонҳои байналмилалӣ аз вазъи зиндонҳои Тоҷикистон дидан намуданд ва дар ин замина, гузоришоти воқеӣ пешниҳод карданд. Чаро ба гузоришҳо ва изҳори назари масъулони созмонҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳ намешавад? Ҷавоб як аст: чунки ин навъ гузоришҳо ба дарди наҳзат ва кумитаи навсохти наҳзатӣ намехӯранд;
3. Ҳеҷ мамнӯияте дар истифода аз интернет ва корбарии шабакаҳои иҷтимоӣ мушоҳида намешавад, ба ҷуз чанд мавриди истисноӣ, ки ба ҳолати фаннӣ – техникӣ рабт доранд. Аммо, ин навъ ноҷуриҳои фаннӣ – техникиро ба сифати найранги сиёсӣ истифода бурдан дар фаъолияти чандинсолаи наҳзатӣ зиёд мушоҳида мекунем.
4. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ ҳафтаномаю рӯзномаҳои сиёсӣ – иҷтимоӣ ва илмӣ – маданӣ дар доираи қавонини ҷорӣ фаъолият мекунанд ва мақомот пеши роҳи интишори онҳоро нагирифтааст. Озодандешӣ ва дигарандешӣ дар ҷумҳурӣ баъзан аз ҷониби гурӯҳҳои табаҳкори наҳзатӣ, ки дар қолаби рӯҳонияти муҳофизакори дохилӣ арзи ҳастӣ мекунанд, мавриди интиқоди муғризона қарор мегирад. Аммо, мақомоти марбутаи давлатӣ саъю талош меварзад, ки роҳи гуногунандешӣ ва муҳимтар аз ин, озодандешӣ ҳамвор бошад, демократия ва гуманизми воқеӣ дар тамоми баданаҳои иҷтимоӣ татбиқ гардад.
5. Иқдоми мусодираи амволи наздикони мухолифони сиёсӣ (дар асл ҷинояткорон) бофтаю пардохтаи ҳамин кумита аст ва, албатта, мусодираи амволи ҷинояткор як бахши муҳими татбиқи ҷазо дар низоми ҳуқуқи ҷиноятии Тоҷикистон мебошад. Бинобар ин, агар амволи ҷинояткорони наҳзатӣ мусодира шуда бошад, ҳатман он дар асоси ҳалнома ва таъйиноти мақомоти судӣ сурат гирифтааст.
6. Эҳсон Одинаев чӣ шахсияти матраҳ аст, ки Ҳукумат ва мақомоти дахлдори давлатӣ иттилоотро дар бораи ӯ пинҳон кунанд? Эҳсонҳои ҷинояткор дар хориҷ зиёданд ва вазифаи сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла мақомоти амнияти давлатӣ ҷустуҷӯ, пайгирӣ ва ба ихтиёри адолати судӣ супурдани ҷинояткорон мебошад.
7. Дар донишкадаю донишгоҳҳои Тоҷикистон бо ҷурми дидгоҳи сиёсӣ ва озодандешӣ нафаре муттаҳам нашудааст. Албатта, донишҷӯёне, ки ақидаҳои ифротии динӣ – мазҳабӣ доранд, тибқи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ муҷозот мешаванд. Озодандешии донишҷӯён дар муассисоти таҳсилоти олии касбӣ мавриди истиқбол аст ва аз ҷониби мақомоти марбута ҷиҳати таҳкиму тақвият ёфтани ҷараёни озодандешӣ тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Аммо, дигарандешии динӣ – мазҳабӣ, ки бар мабнои ақоиди нодурусти мазҳабӣ созмон ёфтааст, дарди сари на танҳо давлат, балки тамоми ҷомеа мегардад. Ин падидаи шум (ташаннуҷи хурофоту таассуби мазҳабӣ) – ро дар охири солҳои ҳаштодум ва ибтидои солҳои навадуми асри бист хеле хуб мушоҳида кардем ва натиҷаи манфиашро ҳам бо чашми сар дидем, ки дар вусъати он нақши наҳзат калидӣ буд.
8. Аз кадом озору азияти фарзандону пайвандони ба ном мухолифони сиёсӣ сухан меравад, намефаҳмам?! Дигар ин ки дар донишгоҳҳо донишу маърифат ва рафтору кирдори донишҷӯ мадди назари маъмурият ва ҳайати омӯзгории муассисоти таҳсилоти олии касбӣ қарор мегиранд. Ба хешу ақрабо ва ҷузъиёти сиёсии хонаводаи донишҷӯ, аслан таваҷҷуҳ намешавад. Инро наҳзат ва кумитасозони наҳзатӣ хуб медонанд, вале барояшон дар ҳар самте ҳатман ҳангомае лозим аст.
9. Парвандаҳое, ки аз ҷониби мақомоти марбута, аз ҷумла прокуратура сурат мегиранд, дурӯғин нестанд. Баръакс, ҳар як парвандае, ки нисбат ба нафарони алоҳида ва ё гурӯҳҳои ҷиноятӣ боз мегардад, бо назардошти таркиби ҷиноёт ва ваҷҳу далоили ҷиноятӣ ба истеҳсолоти ҳуқуқӣ равона мегардад. Аз ин рӯ, бидуни далел нисбат ба нафаре парванда боз намешавад ва нафароне, ки манзури кумитаанд, дар асоси далелҳои шайъӣ пушти панҷара қарор гирифтаанд ва парвандаҳои онон, ба ҳеҷ ваҷҳ, сиёсӣ нестанд.
10. Албатта, масъулон ва кормандоне, ки бо нақзи қонуни асосӣ ва дигар қонунҳои Тоҷикистон ва низ меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ нисбат ба кӯдакон ва дигарандешон амалҳои нораво ва шиканҷа раво дидаанд, ҳатман ба истеъфо фиристода мешаванд, агар силсилаи амалҳоеро, ки ба ном «кумитаи шаҳрвандӣ» ирсол доштааст, анҷом дода бошанд. Ҳол он ки мақомоте дар пайи ин иддао муқассир нест. Он чиро, ки наҳзатиён солҳост дар ин замина тариқи расонаҳои ҷамъиятию гурӯҳӣ ироа мекунанд, ҷуз ҳадсу гумон чизи дигаре нест ва ҳадсу гумон, чуноне ки медонем, дар низоми ҳуқуқӣ далел буда наметавонад.
Дар маҷмӯъ, иддаоҳои беасоси “кумитаи нав” даъвоҳои бепояеро мемонанд, ки ба худи наҳзат дахл доранд. Он рӯйхати дусаднафараи зиндониёнеро, ки наҳзатиҳо тартиб дода, иғвогарона муҳри «сиёсӣ» – аш задаанд, дар асл, ҷинояткороне ҳастанд, ки ҳар кадом мувофиқи ҷинояти содирнамудааш ҷазо мегирад. Масалан, чанд нафари онҳо бо ҷурми иштирок дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар моҳи сентябри соли 2015, баъзеҳо бо гуноҳи терроризму ифротгароӣ маҳкум гардидаанд. Баъзеи дигарашон ҷиноятҳои хусусияти иқтисодидошта содир карда, пушти панҷара рафтанд. Аммо, гуноҳи ҳамаи онҳо бо далелҳои раднопазир исбот гардида, бо қарори суд ҷазо гирифтаанд. Маъмулан, ҷинояткорро дар ҳар кишвари дигаре ва дар ҳар давру замон ба ҷавобгарӣ мекашанд. Ва ТТЭ ҲНИ ҳам дигар ҳизби мухолифи сиёсӣ нест, балки ташкилоти террористӣ – экстремистӣ мебошад, ки бо санаду далелҳо исбот шудааст.
ТТЭ ҲНИ дар хориҷ аз кишвар ба тавтеаю дасиса ва иғвогарӣ идома медиҳад, то худро тарғиб намояд. Аммо, наҳзат, дар ҷомеаи шарқию аврупоӣ, ки мардумонаш бар мабнои ақлу дониши дунявӣ зиндагӣ мекунанд, маъруфият пайдо нахоҳад кард, зеро ки роҳи иштибоҳӣ ва ҷинояткоронаро интихоб кардааст.

Зикриё АКРАМӢ-доктори илмҳои таърих, профессор

Роғун кафили расидан ба истиқлолияти энергетикӣ

Баъди соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти давлат ҷиҳати ноилгардӣ ба рушди устувори иқтисодӣ ҳадафҳои стратегии худро муайян намуд, ки яке аз ҳадафҳои марказӣ ин расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо маблағгузории 41 миллиард сомонӣ иншооти хурду бузурги муҳим оид ба истеҳсолу интиқоли барқ сохта ба истифода дода шудааст, ки нақши назаррасро дар расидан ба истиқлолияти энергетикӣ гузошта истодаанд. Дар ин давра низоми ягонаи энергетикии кишвар бунёд гардида, зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд. Аз ҷумла, то имрӯз дар асоси нақшаву тадбирҳои стратегӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ татбиқи лоиҳаҳои ҳаётан муҳими энергетикӣ, ба монанди сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда -1, нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2 бо иқтидори 220 мегаватт, хатҳои интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол» ва «Лолазор-Хатлон», марҳилаи аввали Маркази барқу гармидиҳии Душанбе – 2, зиёда аз 310 нерӯгоҳи барқи обии хурд бо иқтидори 29 ҳазор киловатт ба анҷом расида аст.
Рӯйдоди муҳим дар самти расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ин бунёди неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад, ки айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти аср босуръат идома доранд ва тибқи нақша агрегати аввали он санаи 16-ноябри соли ҷорӣ бо пахши тугмачаи рамзӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳусни оғоз бахшида мешавад, ки нақши муҳимро дар расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузорад.
Бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» орзуи чандинсолаи мардуми бошарафи Тоҷикистони азиз мебошад, ки бо сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомаи амал мепӯшад. Бешубҳа, бунёди пурраи неругоҳи барқи обии «Роғун» ба мо имконият медиҳад, ки истиқлолияти энергетикиро дар кишвар таъмин намуда, бунёди корхонаҳои азими саноативу истеҳсолиро ба роҳ монем, ки дар ин замина имконияти ташкили ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ фароҳам меояд. Неругоҳи барқи обии «Роғун» аҳамияти на танҳо ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ низ дорад. Баъди бунёди ин иншооти муҳими аср Тоҷикистон дар оянда ҳамчун як кишвари содиркунандаи неруи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза метавонад кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро бо барқ таъмин намояд. Инчунин бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар (таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, вусъати шуғли пурмаҳсул) нақши назаррас дошта, бо бунёди он имконият фароҳам оварда мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои бузурги минтақавиро, ба монанди CASA-1000 амалӣ намуда, ба давлати содиркунандаи бузурги неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар минтақаи Осиёи Маркаӣ ва давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ табдил ёбад.
Даврон Хоҷаев-узви фаъоли ҲХДТ аз КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино

Страница 4 из 43 «...23456...»