Бадахшон чатри ангушти замин аст,
Табиатро ба ангӯшташ нигин аст.
Чунин мисраҳои ифтихорангезро ҳанӯз устод Абулқосим Лоҳутӣ нисбати Бадахшон ва мардуми меҳнатқарини он гуфта буд. Ин байт на фақат нисбати табиати Бадахшон, балки чунин баҳои оқилона ба мардуми шарифи ин сарзамини зебо ва биҳиштӣ дахл дорад. Бадахшон сарзаминест, ки мардумаш соҳибхирад ва доно мебошанд. Мутааасифона, аксари онҳо хаёл доранд, ки чунин хислатҳоро Худо фақат барои онҳо додааст. Онҳо гумон мекунанд, ки дар ин диёр танҳо онҳо бояд бошанд, дигарон ҳаққи дар ин замини бузургу файзбахшро надоранд. Ва бо боварии комил гуфта метавонем, ки чунин фаҳмишҳои худхоҳонаро фақат як гурӯҳи ҷудоиандоз ва худхоҳ доранд. Ин гурӯҳҳо солҳои 90-уми қарни ХХ бо чунин фаҳмишҳои ғайривоқеӣ мардумро ба майдонҳо кашида, ҷанги дохилиро оғоз бахшиданд. Чун минтақаҳои дигар ба ҳам заданро сар карданд, онҳо дар “сарзамини биҳиштосои худ” паноҳ бурданд ва гӯё онҳо чизеро надидаанду чизеро намедонанд. Инро тамоми Бадахшон накардааст, онҳое чунин оташро афрӯхтанд, ки то имрӯз беҷазо монда, бо ниқобҳои нав рӯнамоӣ мекунанд. Ба ин кашмакашҳои нав мехоҳанд, Тоҷикистони азизро аз нав ба майдони ҷангу ҷидол табдил диҳанд. Вале онҳо фаромӯш кардаанд, ки бо давлате, ки 27 сол дар ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуда, мавриди эътирофи 190 давлати ҷаҳонӣ қарор гирифтааст, даст ба гиребон шуданианд. Вақте Ҳукумат онҳоро ба осоиштагӣ мехонад, ба хондани афсонаҳо сар мекунанд. Албатта, ин ба ҳамаи Бадахшониёни муҳтарам дахлдор нест. Аксарияти ин мардум дар зери офтоби истиқлолият пешрафти кишвари воҳидро мехоҳанд.
Мо мехоҳем, мардуми соҳибхирад ва донишпарвари Бадахшон дар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат баҳри ободии кишвар иқдом намоянд. Аз нав мардуми ин сарзамини биҳиштосоро ба майдони бозиҳои сиёсӣ накашанд ва Бадахшонро ба Афғонистони ҷангзада табдил надиҳанд. Ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки онҳо як ҷузъи ҷудонашавандаи Тоҷикистон мебошанд, дигар тамоми “дӯстони беруна”-и онҳо дар ғами боигарии ин сарзамин мебошанд. Фаромӯш насозанд, ки барои ҳар санги ин пораи Ватан ҳар шаҳрванди Тоҷикистон бар алайҳи ҷудоиандозҳо дар мубориза омода мебошад. Бори дигар бадахшониёнро даъват менамоем, ки ба хотири амнияти кишвар баҳри ободии кишвари маҳбуб кӯшиш намоянд. Мо боварӣ дорем, ки мардуми шарифи Бадахшон дар иҷрои ин амри хайр ҳамеша ба сӯи амнияту якпорчагии кишвар иқдом меварзанд. Ашуров А.Н.