Сомонаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
(+992 37) 221-06-34

Блог


Архив за September, 2018

ИФТИТОҲИ БОҒИ БА НОМИ АҲМАДИ ДОНИШ ДАР ХИЁБОНИ РӮДАКИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Шоми рӯзи 26 сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Боғи ба номи Аҳмади Дониш, ки дар муддати камтар аз як сол дар хиёбони Рӯдакӣ, рӯ ба рӯи Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи хеле зебо бунёд карда шудааст, иштирок намуданд.
Боғи мазкур, ки дар майдони қариб 3 гектар доман густурдааст, идомаи тадбирҳои созандаву пайгиронаи шаҳрдорӣ буда, дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» воқеан ба як макони истироҳату фароғат табдил дода шуд. Мақсад аз бунёди он фароҳам овардани шароити арзанда барои меҳмонону сокинони пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе арзёбӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ дар ин ҷо моҳи ноябри соли 2017 оғоз гардида, дар ҷараёни бунёд то 300 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгашта ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки тибқи лоиҳа, дар Боғи ба номи Аҳмади Дониш зиёда аз 11 ҳазору 500 метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш ва 12 ҳазор метри муррабаъ майсазор гардонида шудаанд.
Барои чароғонкунии боғ 225 адад сутунпояи аз 4 то 9-метра ва шумораи зиёди дигар дастгоҳу таҷҳизоти муосири равшанидиҳанда насб карда шудаанд, ки ҳудуди ин иншооти фарҳангӣ-фароғатиро шабонгоҳ хеле ҷолибу назаррабо менамоянд.
Ҳамзамон корҳои вобаста ба сарсабзу хуррамгардонии Боғи ба номи Аҳмади Дониш дар асоси тарҳи хос бо як завқи баланд амалӣ гардида, дар ин ҷо бо ҳидояти Пешвои миллат наздики 1000 бех дарахтони нодири сояафкану ороишӣ, ки бештари онро аз хориҷи кишвар овардаанд, шинонида шудаанд.
Ҳамчунин дар ҳудуди Боғи ба номи Аҳмади Дониш ҷойи бозии кӯдакону наврасон бунёд карда шудааст, ки дорои аттраксионҳо ва бозичаҳои худҳаракаткунанда мебошад. Масоҳати умумии ин қитъа 1238 метри мураббаъ буда, таҷҳизоти он асосан аз Туркия ва Италия ворид карда шудаанд.
Боғи наве, ки имрӯз дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба номи Аҳмади Дониш гузошта шуд.
Аҳмади Дониш яке аз нависандагон ва маорифпарварони машҳури тоҷик буда, аз худ мероси адабӣ ва илмӣ боқӣ гузоштааст.
Тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ боғи ба номи Аҳмади Дониш ба тавозуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ гузаронида шуд.

Непрофессиональные российсие эксперты не видят очевидного

Российским экспертам следовало бы знать, что ИГИЛ, с которым они пытаются связать терористической акт против иностранных велотуристов в районе Дангаре, как организованная активно действующая сила уже не существует, в том числе, благодаря действиям военных РФ. От ИГИЛ осталис мелкие разрозненных группы, разбросанные Ближнему и Средному Востоку, видеопослания от имени и под флагом ИГИЛ подобные ролику, использованному группировкой Абдусамадава Х., в целах пропаганды и устрашения названная террористическая организиция уже не использует. Это ТЭО ПИВ размахивает чужим знаменем – чёрним флагом ИГИЛ, прикрывая им своё очередное претупление.
Однако ясно , что в настоящее время иранские спецслужбы используют брен ИГИЛ в качестве инструмента, завесы, прикрытия для своих целей, пряча под этим “зонтиком” следы деятельности ТЭО ПИВ, Совершившей жестоки теракт в отношении иностранных граждан, которую ИРИ поддерживаетидеологически, морально и материално.
Таджикский народ всегда был доброжелательным и добрым
Всё что случилось с иностраними туристами, мы таджикистаци переживаем со всеми народами мира. Очен сожалеем о случивсия. Тем боле 2018 года объявлен годом туризма инародных промыслов.
Нась не запугать ни ИГИЛ никаким другими террористическим организациями. Мы таджикистаци были и остаемся добрыми гостеприимными и открытыми для всего мира.

ВКХ-и Эрон ҳодисаи террористии Тоҷикистонро маҳкум ва ҳар гуна иртибот ба ин ҳодисаро ба шиддат маҳкум кард

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханрони дар мулоқот бо намояндагони ҷомеа саҳифаҳои нави хиёнату ҷинояти террористону –экстремитҳо ва ифротгароӣ нисбати давлату мардуми Тоҷикистон ифшо намуданд
Баҳроми Қосимӣ , сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷавоб ба саволе дар хусуси ҳамлаи охир анҷомшуда ба сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон, ба кушта ва маҷруҳ шудани чанде аз онҳо анҷомид , зимни ибрози таъассуф аз ин ҳодиса ва маҳкум кардани он гуфт “Мо ҳар гуна иқдоми террористиро дар нуқтаҳои мухталифи дунё аз ҷумла ҳодисаи охир алайҳи сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистонро маҳкум мекунем.”
Имрӯзҳо тамоми мардуми бохираду сулҳхоҳи дунё аз ҷумла мардуми шарифи Тоҷикистон террористону экстремистонро ҷиддан маҳкум менамоянд.
Террорист имон, миллат, ватан надорад , ӯ маҳкумшудаи Худою халқи Худо буда, ба ҳама гуна ҷинояти нангину разилона тайёр аст . Лаънати Худо ба ин гуруҳи хунхору одамхур !!!

Страница 1 из 22 12345...»