Сомонаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
(+992 37) 221-06-34

Блог


Архив за August, 2018

Гумроҳон аз Ватан меноланд

Дар тамоми динҳои ҷаҳон дӯст доштани ватану меҳан, ҳифзу марзу буми он яке аз вазифаҳои муқаддас дониста мешавад. Аз ҷумла дини ислом низ ватандориву ватандӯстиро гӯшаи аз имон гуфтааст. Ҳадиси пайғамбар низ дар бораи Ватандорӣ гӯшаи эмон аст, миёни мардум хеле роиҷ аст. Нафаре, ки худро соҳибэмон мешумораду даст ба сина зада, хешро мусулмони комил метарошад, бояд ватану меҳани худро беандоза дӯст дорад. Ба Ватан содиқ бошаду доим дар фикру зеҳнаш обод кардани он бошад. (more…)

Пешгирӣ аз ифротгароӣ

Пешгирӣ аз ифротгароӣ

Истифода шудани симкорти шабакаҳои мобилии Тоҷикистон дар амалҳои террористӣ-экстремистӣ ва қочоқи маводи мухаддири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рӯз то рӯз бештар мегардад. Ширкатҳои мобилии дохилӣ бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт симкортҳоеро, ки ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд ва ба номи онҳо ба қайд гирифта шудаанд, ба сокинони Афғонистон мефурушанд. (more…)

Тасдиқи рамзи ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тасдиқи рамзи ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни 27 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Академияи мусаввирии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, тасдиқ карда шуд.
Ангораи мазкур ба таври васеъ метавонад ҳамчун рамзи 27 – солагии Истиқлолияти давлатӣ истифода гардад.
Барои корбарӣ ва мавриди истифода қарор додан ба вазорату кумитаҳо, идораҳо, ширкату иттиҳодияҳо, корхонаҳо, бонкҳои саҳомӣ, рӯзномаҳои расмӣ, ташкилоту муассисаҳо, ҷамъиятҳо, иттифоқҳо, мактабҳои олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе пешниҳод мегардад.

Бознашр аз сомонаи
http://www.prezident.tj

Страница 4 из 15 «...23456...»