Сомонаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
(+992 37) 221-06-34

Блог


Архив за August, 2018

САФАРИ ҲАҶ – 2018

САФАРИ ҲАҶ – 2018

6 – уми августи соли 2018 соати 0100 аз ҳиссаи сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои адои маносики ҳаҷи фарзӣ дар мавсими Ҳаҷ-2018, 92 нафар сокинони ноҳия барои адои зиёрати Хонаи Худо сафарбар гардонида шуданд.
Қобили қайд аст, ки 3 – юми августи соли 2018 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, бо ибтикори бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф ва 92 нафар ҳаҷравандагон вохӯрӣ баргузор гардид.
Самӣ Шариф иброз намуд, ки имрӯзҳо мо мушоҳида мекунем, ки ҳангоми гусел ва пешвози ҳоҷиён маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон ва ҳоҷиошӣ ба чашм мерасад, ки ин бар хилофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну мросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад, ки бояд ба чунин исрофкориҳо роҳ надиҳем ва чунин маъаракаҳо бояд дар доираи оилаи худ гузаронида шавад. Ҳар як сокини ноҳияи Исмоили Сомониро зарур аст, ки бар ин исрофкориҳо роҳ надиҳанд ва барои илмомӯзии фарзандон маблағҳоеро, ки дар маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон ва ҳоҷиошӣ масраф мекунанд, шароити хубро муҳаё намоянд.

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

Имрӯз аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд қонун, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуд.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ», “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ, гумрук, андоз, мурофиаи иқтисодӣ, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”, “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ» асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолиятро вобаста ба ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва ҳифзи маълумоти шахсӣ муайян менамояд.
Дар қонуни номбурда мафҳуми маълумоти шахсӣ, маълумоти шахсии биометрӣ ва дигар мафҳумҳо дода шуда, кафолати ҳифзи маълумоти шахсӣ, тартиби ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ, маҳдудиятҳои истифодаи маълумоти шахсӣ, ҳуқуқу ӯҳдадории доранда, оператор ва шахсони сеюм, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур ба танзим дароварда шудаанд.
Бо мақсади тақвияти мубориза ба муқобили коррупсия ва ба санадҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани қонунгузории ҷумҳурӣ ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, ки мутобиқи онҳо барои содир намудани ҷиноятҳои гирифтани пора ва додани пора дар ҳолатҳои вазнинкунанда татбиқи ҷазои ҷарима манъ карда шуда, барои содир намудани ин кирдорҳо минбаъд танҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда мешавад.
Инчунин бо ин тағйирот ба Кодекси ҷиноятӣ барои бо истифода аз интернет ба амал овардани даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва (ё) сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст.
Тағйиру иловаҳои ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” воридгардида, тартиби пешниҳоди мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, тартиби пур кардани бюллетени раъйпурсӣ ва эълони натиҷаи раъйпурсиро муайян менамояд.
Тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” ва “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” бо мақсади такмили низоми бонкии мамлакат, таҳкими назорати низоми пардохтӣ, таҳия ва татбиқӣ чораҳои фаврии ислоҳиву таъсиррасонӣ ва батанзимдарорӣ, таъсиси маъмурияти муваққатӣ ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои он, тартиби тақсими дороиҳои ташкилотҳои қарзӣ, ки мавриди барҳамдиҳӣ қарор доранд ва ғайраҳо ҷиҳати беҳтар намудани вазъи ташкилотҳои қарзӣ ва ғайриқарзии молиявӣ дар шароити бӯҳрони молиявӣ, иҷрои барномаҳои давлатӣ дар самти сиёсати пуливу қарзӣ равона гардидаанд.
Қонунҳои ба имзорасида ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, такмили идоракунии давлатӣ, рушди низоми бонкии кишвар, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, пешрафту инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва беҳдошти зиндагии мардум нигаронида шудаанд.
Матни пурраи қонунҳои қабулгардида рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.

Бознашр аз сомонаи
http://www.prezident.tj

Вохӯрӣ бо ҷавонон

Санаи 1-уми августи соли 2018 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мулоқоту вохӯрӣ бо иштироки сардори Раёсатн кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Мирзозода И., , нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллои М., намояндаи шуъбаи КДАМ ҶТ дар иоҳияи Исмоили Сомонӣ Сабуров О., мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ Иброҳимзода А. ва ҷавонони ноҳияҳои ҳудуди шаҳри Душанбе дар самти пешгирӣ аз амалу кирдорҳои хусусияти террористиву экстремистӣ дошта баргузор гардид.
Қабл аз оғози чорабинӣ филми мустанаде бо номи «Решаҳои ноаен» манзури иштирокчиён гардонида шуд, ки дар атрофи он тамоми нақшаву ҳадафҳои нопоки ҳизбу созмонҳои хусусияти террористиву экстремистӣ дошта ба таври мушахас муайян гардида буд.
Таъкид гардид, ки имрӯз ҳар яки мо бояд дар атрофи сиёсати оқилонаву хирадмандонаи роҳбарияти олии кишвар бо муттаҳидиву дӯстиву ҳамдилӣ барои субботу оромии ҷомеа нақшгузорӣ намоему бар зидди ҳама гуна амалу кирдорҳои ғайри инсонӣ ва бешарафонаи ноҷавонмардон муборизаи беамон барем.
Ҳамзамон аз иштирокчиёни чорабинӣ даъват ба амал оварда шуд, ки мо бояд бо сохторҳои қудратии кишвар робитаи зич дошта бошему бетарафиро пеша накунем, то ҳар чи зудтар пеши роҳи ҷинояткорону манфиатхоҳон гирифта шавад.

Страница 15 из 15 «...101112131415