Сомонаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
(+992 37) 221-06-34

Блог


Архив за July, 2018

Вохӯриҳои судманд

Вохӯриҳои судманд

Санаи 27 июли соли 2018 бо иштироки Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, муҳтарам Самӣ Шариф ва роҳбарони муассисаҳои тибби ноҳияи Исмоили Сомонӣ мулоқот доир гардид.
Дар вохӯрии Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Самӣ Шариф бо роҳбарони муассисаҳои тиббии ноҳия ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Баргузории мусобиқаҳои варзишӣ

Баргузории мусобиқаҳои варзишӣ

Бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар майдончаи варзишии навтаъсиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, миёни ҷавонони маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди бандкашӣ баргузор гардид.
Дар охири чорабинӣ ғолибон, ки ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юмро ишғол намуданд бо туҳфаҳои хотиравии мақомот қадрдонӣ карда шуданд.
Қобили қайд аст, ки мусобиқаҳои гуногун пайваста дар майдончаҳои варзишии ҳудиди ноҳия гузаронида шуда, ҳадаф аз баргузории чорабиниҳои мазкур ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонону наврасон ва ба ин васила ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба машғулиятҳои ҷисмонӣ, намудҳои гуногуни варзиш ва мустаҳкам намудани саломатӣ маҳсуб меёбад.

Нишасти матбуотӣ

Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2018 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе санаи 26 июли соли 2018, бо мақсади таъмини иҷрои дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 14 июли соли 2018, №50-508 “Дар бораи ҷараёни иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 оид ба ҷамъбасти нишастҳои матбуотӣ дар нимсолаи якуми соли 2018” мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нимсолаи соли 2018 баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ хабарнигорони васоити ахбори омма аз телевизиони “Душанбе НИ”, “Ҷаҳоннамо”, “Сафина”, “Баҳористон”, радиоҳои “Тоҷикистон”, “Садои Душанбе”, рӯзномаҳои “Садои мардум”, “Паёми Душанбе” ва “Сомон” иштирок намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки сараввал Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2018 маълумот дода, сипас ба саволҳои намояндагони васоити ахбори омма ҷавобҳои мушаххас гардонид. Ҳамзамон хабарнигорон ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, ки дар нишасти матбуотӣ ҳузур доштанд, саволҳои худро пешниҳод намуда, посух гирифтанд.

Страница 1 из 10 12345...»