ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Санаи 27 июни соли равон дар Амфитеатри БОҒИ ФАРҲАНГӢ – ФАРОҒАТИИ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ – и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ чорабинӣ бахшида ба “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” баргузор гардид.
Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд ва сипас муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб Карим кулли сокинони ноҳияи Исмоили Сомониро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфт.
Зимни суханронӣ Раҳимзода Толиб Карим – муовини Раиси шаҳри Душанбе табрикоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ба сокинони пойтахти кишвари соҳибистиқлоламон ва меҳмононро ба муносибати “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” табрик гуфтанд.
Самӣ Шариф, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ зимни суханронии худ изҳор дошт, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба иди умумихалқӣ табдил ёфта, ҳар сол бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ё он минтақаи Тоҷикистон баргузор шуда истодааст. Имрӯз чорабинии идонаи ҷумҳуриявӣ бахшида Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ баргузор шуда истодааст.
Дар фарҷоми барномаи пурмӯҳтавои фарҳангӣ – ҳунарӣ ба аҳли иштирокдорон тақдим гардид, ки аз васфи диёри азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол, сулҳу ваҳдат, меҳру муҳаббат ва ҳамгироӣ саршор буд.