Сомонаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
(+992 37) 221-06-34

Блог


Архив за April, 2018

ЭЪЛОН!!!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд
Номгӯи мансабҳои холӣ:
1.Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 852,80 сомонӣ
2.Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 852,80 сомонӣ

Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро шахсан пешниҳод менамоянд:
– ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
-тарҷумаи ҳол
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молумулк;
-нусхаи шиносномаи шаҳрвандӣ
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо
намудаанд).

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансабҳои
маъмурии хизмати давлатӣ

Барои ишғолкунандагон мансаби категорияи маъмурии:
– сармутахассис – категорияи панҷум: таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад ва 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи кор бо компютер;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Ш.Шоҳтемур 29, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ (шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо), телефон 221-28-56, факс 221-85-10.

Қабули ҳуҷҷатҳо:
Баъди нашри расмии эълон довталабон бояд, то 17-ми май ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод намоянд.
Ҳуҷҷатҳои шахсони аз озмун нагузашта баргардонида мешавад.

Ифротгароӣ аз нуқтаи назари дин ва қонун

Ифротгароӣ аз нуқтаи назари дин ва қонун

Паёмбари ислом Муҳаммад (с) мефармоянд : «Ба қадри ду неъмат қабл аз заволаш бирасед: саломатӣ ва осудагӣ» (фароғат), оромии хотири инсон ва амнияти ҷомеаро дар назар доранд. Яъне , аз байн рафтани амният, заволи давлат ва осудагии ҷамъият аст.

Бо вуҷуди он, бо арзи афсӯси зиёд дар шароити муосир бархе аз манотиқи заминро одамон, ки аслан соҳибони ин заминан ба мабдаи истибдоду истисмор табдил додаанд. Ҳамон одаме, ки Худованд онро дар сурати зебо офарид (сураи «Тин») ва кули ҷумла дигар махлуқотро ба хотири зиндагии шоистаи ӯ офарид. Аммо тинати инсонҳо доим яксон набудаасст. Баъзан афроде миёни ҷомеаҳо ворид мешаванд, ки дар хӯю атвор аҳриманзодаеро мемонанд. Ҳамин аст, ки ҷаҳони имрӯзаро ваҳшати терроризму экстрамизм (ифродгароӣ) фаро гирифтааст. Дар даҳсолаҳои охир , ҳодисаҳои ифротгароӣ ва терроризм точанд доман паҳн карда истодааст ва ин омили манфии дунёи имрӯза махсусан ҷавононро ба доми гумроҳии худ кашида истодааст. Бояд қайд намуд, ки чунин гуруҳҳои ифротӣ бо истифода аз боварҳои динию эътиқодии мардум нақшаю барномаҳои аслан зидди инсонии худро миёни ҷомеаҳо ташвиқ мекунанд. Аз ин лиҳоз бархе аз нафарони аз дину мазҳаб ва дигар муқаддасот ноогоҳу камогоҳ фирефтаи чунин тарғиботи дурӯғин мешаванд.
Агар ин зуҳуротро аз нигоҳи ҳуқуқӣ баҳо диҳем, кирдори бо қонун маъншуда ба ҳисоб меравад. Зеро ҳар амале, ки бо қонун манъ шудааст, зиддиҳуқуқист ва метавонад ба ҷомеа таҳдид ба миён оварад, амнияти мардуми осоиштаро халалдор созад. Аз ин рӯ, пешгирӣ ва ҷазодиҳии вайронкунандагони меъёрҳои қонуни маъншуда бар дӯши ҳомиёни қонун аст.
Аз ҷумла : КДАМ, ВКД, ПРОКУРАТУРА, Суд ва ғайра
Аслан ҳангоми ба масъалаи мазкур рӯ овардан , шахсро ҳамеша суоле думболагир мешавад.
Чаро инсонҳое дар ҷомеа вомехӯранд, ки сулҳу оромӣ ва ҳаёти хушбахтонаро қадр накарда, ҳамеша рӯ ба амалҳои чапгароӣ меоранд? Ба ин суол посухҳо зиёданд , зеро сабабу омилҳои ин зуҳурот низ ягона нестанд. Пеш аз ҳама тавре, ки дар боло ишора намудем манфиатҷӯёни худхоҳ мафкура ва қувваи ҷисмонии одамони зудбовару хурофотӣ ва каммаълумотро истифода бурда , мехоҳанд тири ҳадафи нопоки худро ба нишон расонанд. Рӯ овардани ҷавонони имрӯза ба гурӯҳҳои ифротӣ дар тамоми рӯи дунё сабабу омилҳои худро дорад. Бархеи онҳо аз сабаби касодии вазъи иқтисодӣ ва қисми дигар аз гумроҳӣ ба ин дом меафтанд. Қисми дигар аз сабаби хурофотӣ буданашон ба ин гирдоб ғарқ мешаванд. Барои таблиғотчиёни гуруҳҳои ифротӣ пеш аз ҳама аз паси худ бурдани ҳамин нафарони хурофотӣ осон аст. Чунки инсонро мафкураи ӯ идора менамояд ва ҳар ҷое , ки мафкураи моро кассе ба худ тобеъ менамояд, мо низ тобеи он мешавем.
Калимаи « Экстримзм» аз вожаи лотинии « extremus » гирифта шуда , ба маънои « охирин » яъне он чизе, ки аз чаҳорчӯба ё меъёри муайяншуда берун мебарояд, фаҳмида мешавад. Дар китоби нави «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ба тариқи зер ин вожжа маънидод шудааст:
ЭКСТРЕМИЗМ лот.اکسترمیزم пайравӣ ба назария ва чорабиниҳои ифротӣ (хусусан дар сиёсат), ифротталабӣ.

Дар қонунгузорӣ бошад, мафҳуми экстримзм чунин омадааст: «Изҳори фаъолитяи ифротии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он , ангезонидани нажодпарастӣ , миллатгароӣ , бадбинии ичтимоӣ ва мазҳабӣ маънидод карда шудааст.
Аз мафҳуми дар боло овардашуда субъектони терроризм ва екстремизимро шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ташкил менамоянд . Субъектони номбурда бо мақсадҳои « аслии» танҳо ба худи онҳо маълум, ҳатто дар зери пардаи Ислом ва бо бадном кардани ин дини пок амалҳои ваҳшиёнаи худро содир менамоянд, ки ҳар як инсони комил бояд дарк намояд, ки ифротгароӣ ва терроризм мазҳаб, дин ва миллат надорад. Он кассе, ки бадбахтии моро мехоҳад аз мо нест! На аз Исломи мо на аз ҷомеаи башарии мо, на аз ҷаҳони мо.
Онҳо ашхосе мебошанд, ки амният безор ҳастанду осмони беғубори сайёраи моро тираву тор дидан мехоҳанд. Ҳар як шахс ва гурӯҳе, ки амалу ҳаракаташ ба ҷамъият хатар дорад, ҳатман бояд дар назди қонун ва суд ҷавобгар бошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари созмонҳои ҳомии сулҳ , ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ дар даврони соҳибихтиёрӣ бо проблемаҳои мубориза, бо терроризм ва экстримизм борҳо рӯ ба рӯ шуда дар ин самт қонунгузории худро баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани мувофиқ гардонид.

8- декабри соли 2003 аз ҷониби МО ҶТ Қонуни ҶТ « Дар бораи мубориза бар зидди Экстримиз» қабул карда шуд. Дар баробар ин моҳи декабри соли 2005 Ҳукумати ҶТ барномаи ҷумҳуриявиро « Оид ба мубориза бар зидди терроризм» ва дигар зуҳуроти экстримистӣ ( Ифротгароӣ) барои солҳои 2006 – 2012 тасдиқ намуд.
Дар баробар ин Кодекси ҷиноятии ҶТ кирдорҳои муайяне , ки хусусияти экстримистию террористӣ доранд, бо таҳдиди тадбиқи ҷазо манъ кардааст.
Ҳамаи чораҳои пешгирие, ки дар мамлакати мо баҳри пойдории амнияти мо гузаронида мешавад моро аз хатари ҳар гуна каҷравию ифрат эмин медорад. Зеро осудагӣ беҳтар аст аз даҳшати ҷанг.
Барои пешгирии омилҳои экстримистӣ дар ҷомеа чунин чораҳо андешидан мумкин аст:
Бо хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида шавад.
Ҳангоми истифода бурдани воситаҳои интернет аз ҷониби наврасон назорати волидайн қатъӣ ба роҳ монда шавад, то ин ки аз сайтҳои муфид истифода баранд.

Аз ҷониби маъмурияти шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар байни шаҳрвандон маҷлисҳо барпо намудан ва тарбия намудани чавонон дар рӯҳияи Худшиносии миллӣ ва сулҳофарӣ.
Манъ намудани фурӯши фиттаҳои филмҳои хусусияти зӯроварӣ ва ғайриахлоқидошта.
Паст намудани сатҳи бекорӣ аз ҳисоби бунёди иншоотҳои гуногун.

Маҳмудов Давлатшоҳ

Мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва маводи нашъадор

Дар сатҳи олӣ доир сохтани иҷлосияи имрӯза дар масъалаи мубориза бар зидди терорризм ва экстремизм бори дигар собит мекунад, ки ҷомеаи ҷаҳон ва кишварҳо ба ҳаракати терроризм ва экстремизм ба муносибатҳои байналхалқӣ, суботу амният ва рушди устувори кишварҳо торафт бештар изҳори нигарони мекунанд.
Имрӯз терроризм ва экстремизм дар тамоми минтақаҳои ҷаҳонӣ доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод мекунад. Дар воқеъ руйдодҳои охири ҷаҳон аз он гувоҳи медиҳанд, ки дар Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ ва чандин кишварҳои аврупоӣ терроризм ва экстремизм ба хатари аввалиндараҷа табдил ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ларза андохтааст. Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, ва бо зуҳуроти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори усулӣ ва пойдору устувори ва муборизаи ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди он аст. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм ва экстремизм, таҳдиди нави амалҳои террористӣ аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Инчунин ташкилотҳои мазкур аз ҷониби созмонҳои ғайридавлатии байналмиллали ҳамчун неруи пуштибони озодиҳои шаҳрвандон ва равандҳои демократи этироф мешаванд. Ба ҳамагон маълум аст, ки имруз кадом қудратҳо ба ташкилотҳои террористи кумак мерасонанд.
Тибқи маълумоти коршиносони боэътимод имрӯз дар ҷаҳон тақрибан 500 созмонҳои террористи пинҳони амал мекунанд. Солҳои охир дар Аврупо, Амрико, Ховари Миёна, Африқо кишварҳои Балкан, Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо амалҳои даҳшатноки террористӣ ба вуқӯъ пайвастаанд. Қайд намудан зарур аст, ки экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоеанд, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Равнақу ривоҷи экстремизм дар ниҳояти кор ба терроризм меорад. Истилоҳи терроризм аз калимаи лотини гирифта шуда маънои тарсу ваҳмро дорад. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зуровари,куштор ва тарсу ваҳм амалӣ созанд. Терор кардан ҷомеаро ба тарсу ваҳшат ва ноумедию даҳшат андохтан аст. Албатта инчунин вақтҳои охир раванди устувори ба ҳам пайвастани тероризм бо шаклҳои мухталифи ҷиноятҳои ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи аслиҳа, хариду фуруши одамон ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба назар мерасад. Солҳои 2006-2010 дар кишвари мо барномаи давлатӣ оид ба мубориза алайҳи терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизм маводи татбиқи амали қарор гирифта буд.
Аз 9 январи соли 1999 Точикистон дар таърихи худ аввалин конфронси байналмилии зидди маводи мухаддир “Точикистон зидди маводи нашъаовар”-ро гузаронид. Ба иштирокчиёни конфронс мурочиат намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон гуфт, ки “Дар роҳи давлати ҷавонони Точикистонро хатаре ба вуҷуд омадааст, ки агар онро бартараф накунем, метавонад тамоми дастовардҳоро нобуд созад. Сухан дар бораи чунин падидаи таҳдидовар, мисли нашъачаллобӣ меравад. Ва имрӯз дар шароити соҳибихтиёрии кишвар, инчунин бо дарназардошти тамоми хатарҳое, ки ин падида ба дунбол дорад, ман бо тамоми масъулият изҳор менамоям, ки пойдории давлати мо аз муборизаи катъӣ бо муомилоти ғайриконунии маводи нашъаовар вобастагӣ дорад”.
Бо Фармони Президенти Чумҳурии Точикистон таҳти рақами №1218 аз 1 июни соли 1999 мақомоти ҳифзи ҳукуки нав ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон таъсис дода шуд, ки ваколатдор аст, ки сиёсати давлатӣ, ҳамоҳангсозии байни идоравӣ, инчунин ҳамоҳангсозии ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии онҳо ва суистеъмолро амалӣ намояд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2008, таҳти рақами №113 Барнома оид ба пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили кӯмаки наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2005-2010 қабул шуд. 30 ноябри соли 2007 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи ягонаи мақсадноки давлатии пешгирии нашъамандӣ ва муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012”, ки ба таҳким ва рушди сохтори мақомот ва хадамоти амаликунанда ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор равона карда шудааст, инчунин барои баланд бардоштани сифати хизматрасони ба мардум пешниҳод шаванда дар соҳаи пешгирии нашъамандӣ, табобати мубталоёни бемории нашъамандӣ ва барқарорсози ва саломатии беморони нашъаманд, тасдиқ шуд.
Пешбарӣ кардани ташаббусҳои нави Тоҷикистон ва амалӣ намудани ташаббусҳои қаблан садодода, инчунин густариши ҳамкории байналмилалӣ дар роҳи муқовимат ба таҳдидҳои маводи нашъадор тақозои тамоюлҳои рушди вазъи нашъамандӣ дар минтақа ва ҷаҳон, инчунин ҷустуҷуӣ роҳои нави ҳалли мушкилот, ки дар ин соҳа пайдо мешаванд, мебошад. Аммо ҳар сол дар муассисаҳои мактаби ва муассисаҳои оли дар мавзӯи «мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва маводи нашъадор»-ро мегузаронанд ва мефаҳмонанд.

Авазов М.
Омӯзгори МТМУ №62-и ноҳияи
Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Страница 1 из 5 12345