Сомонаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
(+992 37) 221-06-34

Блог

ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ДИНӢ, ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ

ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ДИНӢ, ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ

«Мубориза бар зидди терроризми байналмиллалӣ ва экстремизм ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва истиқлолияти кишвар вазифаи муқаддастарини тамоми мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад», – таъкид менамояд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомолӣ Раҳмон.
Падидаҳои номатлуби ҷомеъа, чун ифротгароӣ, терроризм ва экстремизм аз даврони қадим вучуд дошта, дар шаклу намуд, усулҳои корбарии гуногун зуҳур мекард. Вай дар мархилаи нави пайдоиш ва рушди сохти капиталистии ҷамъият бори аввал солхои 1798-1820 бо максади сарнагун намудани сохти давлатдорӣ дар Фаронса, Ирландия, Македония, Сербия, Италия, Испания ва ғайра арзи вуҷуд кард, бори дуввум охири асри 19 хуруҷ намуд. Мархилаи нави терроризм аз солхои 1960-1970 сар шуда, дар асри тараққиёти илму техника «терроризми сиёсӣ» ном гирифт. Вай баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳон дар Италия, Олмон Япония пайдо шуда, вазъияти сиёсии мамлакатҳоро ноором мекарданд, ва чун воситаи муборизаи ғоявию сиёсӣ истифода мешуданд.
Сиёсикунонии дин яке аз мушкилоти низоми сиёсӣ дар кишварҳои Шарқи мусалмонӣ гардид. Онро гуруҳҳои муайян дар муборизаи сиёсии худ истифода бурда, низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа ҳисобида, бо парчами дин оташи ҷангро афрӯхтанд. Маънии экстремизм – тундравӣ, террор тарс, ваҳм аст. Яъне ифротгароён бо зӯроварӣ, қатлу куштор ҷомеаро ба ҳолати тарсу ноумедӣ афкандан мехоҳанд.
Ифротгароӣ ва терроризм дар Точикистон аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта сарчашма мегирад. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ яку якбора низоми маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қудрати худро аз даст дод. Пас аз парокандашавии ИҶШС фалаҷ гардидани ҳокимияти давлатӣ, буҳрони иқтисодӣ, бекорӣ, паст шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, аз назорат дур мондани таъмини амнияти давлатию ҷамъиятиро ба вучуд овард. Вазъияти баамаломада, боис он шуд, ки таҳдид ва зӯроварӣ дар ҷамъият роҳ ёфт, иттиходияҳои ҷиноятӣ бо истифода аз ҳолатхои зикршуда, ҷавононро бо ваъдаи маблағи калон ва беҳ намудани шароити будубош ба гуруҳҳо шомил карданд. Мутаассифона, дар тассавури баъзе афроди ҷомеа ақидахои нодурусти динӣ ҷой дошта, онхоро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил гардонд. Аслан, гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ аз дин истифода бурданд.
Аз ҷумла, тавре маълум аст, пас аз қабули Қонун “ Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ҶШС Тоҷикистон” аз 12 декабри соли 1990 ҳизбу ҳаракатҳо динӣ ва террористӣ ба вуҷуд омада, соли 1990 ҳаракати мардумии “Растохез, соли 1991 Ҳизби нахзати Исломии Точикистон ХНИТ ташкил ёфта, расман сабти ном шуданд. Чун дар кишварҳои дигар, онҳо пеш аз ҳама, ба эҳсоси мазҳабию динии мардум таъсир расонда, аҳолиро барои амалӣ намудани мақсаду мароми худ ҷалб намуда, ба ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ намуданд. Зимнан, бо бахонаи хифзи дин ва ахли такво онҳо ба созмонхои ба ном хайриявии давлатхои исломӣ мурочиат менамуданд.
Вучуд надоштани назорати қатъии давлат дар солхои 1992-1995, бемасъулиятӣ дар қисмҳои ҳарбии аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ монда, фурӯши яроку аслиха ба гурӯххои гуногун аз ҷониби онҳо, бе назорат мондани сархади давлатӣ бо ҷумҳурии Афғонистон, таъсири омилҳои беруна ба он расонд, ки неруҳои ифротгароёна ва терроистӣ ба ҷанги мудҳиши шаҳрвандӣ расонида, ба Тоҷикистон хисороти зиёд ва қурбониҳо оварданд. Ба мо маълум аст, ки дар ҳаллу фасли ин масъала мақоми Асосгузори сулху Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Рахмон калон аст.
Бо максади решакан намудани терроризм соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» қабул гардид. Тибки он терроризм – зӯровари, ё тахдиди истифодаи он нисбат ба шахсони воқеӣ, мачбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ, нобуд сохтан ё таҳдиди нобуд сохтани амвол ё дигар объектхои моддии шахсони вокеӣ ва ҳуқуқииро махкум месозад. Дар он солхо фаъолияти террористӣ ва экстремистии созмонҳои «Ал-Қоида», «Харакати Толибон», «Бародарони Мусулмон», «Ҳаракати исломии Туркистони Шаркӣ» дар худуди Иттиҳоди давлатхҳои Мустақил, Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфии худро ба вазъияти чамъиятию сиёсии ин давлатхо мерасониданд, ба паҳн намудани ғояҳои ғайрианъанавии исломӣ ва ғайримазҳабӣ, аз ҷумла, ҷараёнҳои ваҳҳобия, салафия ва ғайра машғул шуда, тадриҷан сафи худро аз ҳисоби чавонони гумроҳ ва бекор зиёд менамоянд.
Бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ташкилотҳо террористӣ ва экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияти онхо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.
Дар ҳама давру замонҳо ба ҳизбҳо тақсим кардани мардуми мусулмон натиҷаи манфӣ ба бор оварда, то ҳол, ба ғайр аз харобиву қатлу куштор самари неке наовардааст. Таърих гувоҳ аст, ки онҳо бо гумони густариш додани равияи худ, нақшаҳои пинҳонии хоҷагони худро амалӣ мекарданд. Ин саҳв имрӯз дар кишварҳои Шарқи исломӣ такрор шуда, ба мардуми мусулмон азияту мушкилоти зиёд меоранд.
Дар Тоҷикистони имрӯза барои густариши дини ислом ягон монеа вуҷуд надорад. Агар дар Тоҷикистони замони шӯравӣ то соли 1988 ҷамъ 34 созмони динӣ, аз ҷумла, 17 масҷиди исломӣ, 15 калисо ва ибодатгоҳи насронӣ, 2 куништи яҳудӣ мавҷудият доштанд, имрӯз тавассути қонунҳои ҷумҳурӣ беш аз 4 ҳазор иттиҳодияи динии исломӣ – 27 масҷиди марказӣ, 325 масҷиди ҷомеъ, 3 ҳазору 334 масҷиди панҷвақта, Кумита оид ба корҳои дин, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон, Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам, 19 мадраса, дигар ҷамоатҳои динӣ амал мекунад. Ҳар сол беш аз панҷ ҳазор нафар ба хаҷ мераванд. Дар чунин ҳолат, ки барои иҷрои фаризаҳои динӣ ҳама шароиту имконият ҳаст, танҳо даъватҳои беасоси ҷудоиандозӣ ва тундравӣ аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳои алоҳидаи динӣ метавонад барои осоиштагии мардум ва кишвар хатар эҷод намояд.
Вале вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбуб ҳамеша омода бошем. Тавре Пешвои миллат иброз доштаанд, «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд карданд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакорию тафриқаандозӣ равона шудааст. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».
Мутаассифона, дар баъзе кишварҳои Ғарб амалҳои ифротгароёна сурат гирифтанд: нашри романи Салмони Рушдӣ оид ба таҳрифи дини ислом, сӯзондани китоби Қуръон аз ҷониби роҳиби масеҳӣ Тери Ҷонсон дар ИМА, нашри расм-карикатураи Паёмбари ислом аз ҷониби рассоми Дания Курт Вастергаард, нашри суратҳои пур аз таҳқир дар маҷаллаи ҳаҷвии Фаронса, қатли аҳолии мусалмон дар Мянма ва ғайра боиси авҷ гирифтани ҳисси тундравии мусалмонҳои ҷаҳон гардид. Ҳарчанд, роҳбарони дурандеши кишварҳои исломӣ таъкид мекунанд, ки ин амалҳо ба асли масеҳият ва калисо дахл надошта, ҳадафи онҳо низоъ андохтан байни ислом ва дини масеҳист. Аз ин рӯ набояд ба ин фирефта нашаванд ва пайи қасосгирӣ ба тундравӣ роҳ надиҳанд. Вале роҳбарони гуруҳҳои эстремистию террористӣ ба ин баҳона, аксуламали барвақт тарҳрезишудаи террористии худро ба роҳ мемонанд.
Пешгирӣ аз фаъолияти тахрибкоронаи ҳизбу ҳаракатхои дини-экстремистӣ ва ташкилотҳои террористӣ яке аз масъалахҳи муҳиму мубрами замона ба хисоб меравад. Барои ин зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар мавчуд надорад. Бинобар ин, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ хамкории ҳар як фарди чамъият вазифадор аст.
Барои он ки гаравидани чавонон ба чунин равияҳои ифротгароӣ аз байн бардошта шавад, масъалахои таълим ва тарбия дар муассисахои миёнаи таҳсилоти умумӣ,муассисахои таҳсилоти ибтидоӣ,миёна ва олии касбӣ бояд бехтару хубтар ба рох монда шавад. Омӯзгоронро лозим аст,ки дар дарсҳои тарбиявӣ бобати масъалаҳои мазкур бештар диққат диҳанд.Ташкил намудани конфренсияхо бо кормандони хифзи хукук дар доираи шомилшавии ҷавонон ва наврасон ба ҳаракатхои қайд гардида дар муассисаҳои таълимӣ таъсири нек мерасонад.

Ашуров Афзалшо