Сомонаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
(+992 37) 221-06-34

Блог

Шанбегӣ ва корҳои ободонӣ

Имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба гузаронидани корҳои ободонию кабудизоркунӣ ва шанбегиҳо, инчунин мувофиқи Нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар нимсолаи якуми соли 2019 шанбегӣ гузаронида шуд.
Шанбегӣ бо иштироки роҳбарият, мудирон ва мутахассисони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи Раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, гузаронида шуд.
Дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ 3456 нафар сокинон дар ин шанбегӣ иштирок намуда, гирду атрофи биноҳои истиқоматӣ, дарахтон ва гулҳоро аз алафҳои бегона тоза карда шуд.
Ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи маҳалли зисти худ ба инсоният вобастагии комил дошта, пос доштани табиату манбаъҳои он қарзи шаҳрвандии мост. Ба ин мақсад, тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ пайваста дар назди биноҳои истиқоматии ҳудуди ноҳия бо як рӯҳияи баланди ватандӯстона, шанбегҳо гузаронида мешавад.