Сомонаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
(+992 37) 221-06-34

Блог

Роғун-мотами Кабирии хоин

Ба ҷањониён маълум аст, ки Тоҷикистон санаи 16-уми ноябри соли ҷорї туй дорад, яъне кушодавии фаъолияти НОБ-и Роғун, ин рўзи таърихиро миллати тоҷику тоҷикистониён солњои зиёд мунтазираш буданд, акнун ин рўзи фарањбахш фаро мерасад ва номи миллати тоҷик ва сарвараш ҷоњонї мешавад.ҷ
Бояд қайд намуд, ки Кабирї ва њаммаслакони ў дар хориҷи мамлакат истода ба мурдуми тоҷик санг мезаданд, ки ҳеҷ гоњ Роғун сохта намешавад. Аммо мардум дар фазои осоиштагї ба ин рўзи таърихї расиданд, онњо шукронаи истиќлолият ва сарвари дурандеши давлат мекунанд.

Албатта, ин шодии мардуми кишвар ба Кабирию дигар нањзатињои хоин ва хоҷагони онњо маќбул нест, лекин ин њасудон дигар илоҷе надоранд ба ҷузъ дуруғу буњтонзаданњо бар зидди миллати худ. Сад афсӯс, ки онњо аз миллати тоҷик њастанд номус надоранд ва ба хотири зиндагии хуб дар хориҷ, соњиб шудан ба маблағњои муфти хоҷагонашон, ба як ишораашон лабай мегӯянду њарчї супориш доданд бар зидди миллати худ раво медонад. Барои ин беномусон минбар, симо, садо ва ВАО-ро дар ихтиёр додаанд то ки онњо ба мардуми худ санг зананд. Аслан ин нањзатињо ҳадафи ободӣ ва некуаҳволии кишвару миллатро надоранд, корашон ҷуз дуруғу буњтонњо дигар чизе нест. Наход ин миллати асрҳо шӯҳратёр то ба ин андоза чуни ашхоси мардумозору дуруя ва чоплус ба монанди Кибириву дигар нањзатињои нокасу манфур дорад.
Имрӯз мардуми кишвари азизамон аллакай дарк кардаанд, ки Кабирї чоплуси хоҷагони хориҷї буда, дар тули таърихи фаъолияти худ кори хубе ба ањолии мамлакат накардааст, ба ҷузъ бозињои сиёсию ҷангу хунрезї. Хиёнати Кабирию њаммаслаконаш, ки онњо нисбати давлату миллати Тоҷикистон кардаанд, бахшиданї нест. Он рўз њам дур нест, ки ин Кабири ва дигар хоинони миллатро хоҷагонашон ба нестї расонанд, чункї онњо нағз медонанд ашхосе, ки ба миллати худ хиёнат кардааст барои соњиб гаштан ба маблағњои пулї, дер ё зуд нисбати дигарон низ онро раво мебинанд. Аз рўи маќоли халќї «Хас каму ҷањон пок».

Њамин нуќтаро бояд зикр кард, ки ќувваи ин миллат имону виҷдон ва дӯстдории Ватани азизаш Тоҷикистон ҳаст ва ҳеҷ қувваву нерӯ дар муқобили ин миллат истодагарї карда наметавонад. Њамин њамбастагї якдигарфањмї буд, ки мо тоҷикон бо маќсади деринаи худ ба истифода додани НОБ-и Роғун расидем ва барои насли оянданамунаи ибрат мебошад ин корнамоињои миллати мо дар таърих сабт мегардад.

Фаррухи Фаридун, рўзноманигори масолили сиёсї