Сомонаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
(+992 37) 221-06-34

Блог

ПЕШГИРӢ ВА ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОНУ НАВРАСОН БА ГУРУҲҲОИ ЭКСТРЕМИСТӢ ВА ТЕРРОРИСТӢ

ПЕШГИРӢ ВА ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОНУ НАВРАСОН БА ГУРУҲҲОИ ЭКСТРЕМИСТӢ  ВА ТЕРРОРИСТӢ

Яке аз масъалахои ҷиддие ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст, проблемаи терроризму экстремизм аст.Ин ҷараёни хатанокро ба худ хусусияти марзнописандӣ касб карда, кулли мардуми сайёраро водор мекунад,ки ҷиҳати пешгирӣ ва кам кардани зарари он андеша намоянд.Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви баробарҳуқӯқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, нисбат ба чунин проблемаҳо бетараф буда наметавонад. Ба хусус дар шароите , ки кишвари ҳаммарз ва ҳамфарҳанги мо Афгонистон дар ҳоли мутташаниҷу бесуботӣ қарор дорад,ҷомеаи Тоҷикистонро ин ваъзият дучанд нигарон мекунад.
Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Афзоиши хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба тавсеа ёфтани терроризм, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро,ҷалби ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низомҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.
Бояд гуфт,ки кирдорҳои террористӣ бо мақсадҳои гуногун тарҳр езӣ гардида, дар натиҷаи амалиёти манфиатталабонаи онҳо ҳамасола ҳазорон шаҳрвандони оддӣ ба ҳалокат мерасанд.
Бадбахтона, дар Тоҷикистони азизи мо низ солҳои 90-уми асри гузашта сар карда созмоне бо номи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо мақсадҳои нопоку риёкорона ва ҷинояткорона ба саҳнаи сиёсат омад.Ин созмон фазои орому осоиштаи Ватанро ба хоку хун огушта кард.Бо роҳи низоъандозӣ оташи ҷанги шаҳрвандиро афрӯхта, садҳо ҳазоронро бадбахту хонавайрон кард.
Ҳамин тариқ имрӯз, ки аз зуҳури мушкилоти рақами яки ҷаҳон терроризму экстрремизми байналхалқи тамоми сайёра дар ташвиш аст ҷомеъаи моро зарур меояд, ки барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи он дастаҷамъона фаъолият барем ва барои ҳифз кардани амнияти миллӣ саъю талош намоем.
Зикр менамоем, ки 32%-и кӯдакони оворагард умуман бепарасторанд, 56% дар оилаҳои нопурра тарбия ёфтаанд танҳо 12% дар оилаҳои комил мебошанд. (падару модар дар қайди ҳаётанд ва якҷоя зиндагӣ мекунанд). Парасторони 64%-и кӯдакони оворагард аз оилаҳои нопурра бекоранд 29% дигар дар муҳоҷиратанд ва танҳо 7% боқимонда соҳиби ҷои кори камдаромад мебошанд. Аксарияти оворагардон дар шароити муқаррари зиндагӣ мекунанд ва он ҳам дар хобгоҳҳо ё иҷоранишинанд. Агар кӯдаконе, ки муассисаро тарк кардаанд ин омилро бо сабаби камбизоатӣ анҷом дода бошанд, пас 16% бо сабаби беназоратӣ аз таҳсил дур мондаанд ва 16%-и дигар бо ҳамин сабаб муассисаро тарк намудаанд.
Аксарияташон бо сабаби рафтори бад аз муассиса ронда шудаанд боқимонда дар зери таъсири кӯдакони дигар аз муассиса ва оила фирор карда, ба оворагардӣ машғул шудаанд. Сабабу омилҳои вайроншавии ахлоқи кӯдакони наврасон ва содиршавии ҷиноят ошкор мегардад.
Насли имрӯза аз гузашта ба кулли фарқ дорад, он нисбат ба гузашта хело соҳибихтиёр озодфикр ва мустақил шудаанд, пас муаллимон низ дар муносибати худ бо хонандагон ҳамин ҷиҳати масъаларо бояд ба назар гиранд ба дарсҳои худ бо тайёрии пешакӣ оянд, кӯшиш намоянд, ки ба ҳар як суоли хонанда ҷавоби қаноатбахш дода тавонанд.
Ҷавонон бояд дар такя бо сиёсати созандаву маорифпарваронаи ҳукумати кишвар, ки ҷиҳати мубориза алайҳи терроризму экстремизм мавқеъи оштинопазир доранд, амал карда ваҳдату ягонагии сартосариро муҳофизат кунанд. Мардуми тоҷик аз ҷумла ҷавонони созанда ҷиҳати нигоҳдошти сулҳу субот нақши бориз дошта метавонанд. Аз ин рӯ мо ватанро бояд дӯст дорему ҳамеша қадр намоем.

Самӣ Орифов