Сомонаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
(+992 37) 221-06-34

Блог

Озмуни дастархонороӣ

Озмуни дастархонороӣ

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-январи соли 2020 №АП-1332 дар бораи ворид намудани тағиротр ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи баргузор намудани «Озмуни дастархонороӣ» дар шаҳри Душанбе аз 03 феврали соли 2020, №40 ва қарори Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар бораи баргузор намудани «Озмуни дастархонороӣ» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 07 феврали соли 2020, №36 санаи 07 феврали соли ҷорӣ соати 15:00 дар бинои тарабхонаи Марҷона бо иштироки қишрҳои мухталифи ҷомеа «Озмуни дастархонороӣ» баргузор карда шуд.
Мақсади ташкил ва гузаронидани озмун дар амал татбиқ намудани амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз27-январи соли 2020 №АП-1332 дар бораи ворид намудани тағиротр ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 буда, имконият фароҳам меорад, ки бо истифодаи сарфакории моҳирона (ҳунармандона) сифати оростани дастархон дар тўю маъракаҳо беҳтар гардад.
Аъзоёни Комиссия пас аз омўзиш ва таҳлил ҷойи аввал ба Файзова Таҳмина, ҷойи дуюм ба Шукурова Ҳилола ва ҷойи сеюм ба Ашурова Шаҳло сазовордонистанд, ба онҳо диплом ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, тақдим карда шуд.