Сомонаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
(+992 37) 221-06-34

Блог

Нишасти матбуотии Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Нишасти матбуотии Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Санаи 6 феврали соли 2020 нишасти матбуотии Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муҳтарам Самӣ Шариф Ҳамид доир гардид.
Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф Ҳамид ҳисоботи худро оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2019 ироа намуд.
Аз ҷумла Раиси ноҳия қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва коллективҳои меҳнатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва қарорҳои Раиси шаҳри Душанберо ба роҳбарӣ гирифта, барои дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои пурраи нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои соли 2019, корҳои муайянеро ба анҷом расонида, ҷиҳати рушди бонизоми иқтисодии ноҳия ҳамчун қисми таркибии иқтисоди миллӣ дар давраи ҳисоботӣ ба нишондиҳандаҳо ва дастовардҳои назарраси соҳаҳои хоҷагии халқ ноил гардид.
Бахусус дар давраи татбиқи ҳадафи чоруми Стратегии миллӣ, саноатикунонии кишварамон ва бо мақсади тавсеаи нуфузи ноҳия ва таъмин намудани рушди босуръати соҳаи пешбарандаи иқтисодиёт, ҷиҳати вусъат бахшидан ба истеҳсолоти воридотивазкунанда ва афзунгардонии иқтидори содиротӣ тадбирҳои судманд роҳандозӣ шуда истодааст.
Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти роҳбарият қарор дошта, дар соли 2019 ба унвони раиси ноҳия зиёда аз 1360 адад муроҷиати хаттии шаҳрвандон вобаста ба масъалаҳои гирифтани реҷаҳои корӣ, таъмини намудан бо манзили истиқоматӣ, баҳсҳои оилавӣ, сафари Ҳаҷ ва масъалаҳои коммуналӣ ворид гардидааст. Инчунин аз ҷониби раиси ноҳия дар соли 2019 50 маротиба қабули шаҳрвандон гузаронида шуда, дар он 380 шаҳрванд муроҷиати шифоҳӣ намудаанд, ки аксари ин муроҷиатҳо қонеъ гардонида шудааст.
Бо мақсади иҷрои саривақтии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Нақшаи чорабиниҳо доир ба ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Нақшаи чорабиниҳо иборат аз 178 банд тасдиқ шуда, аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатпеша сохтмони 13 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ, 11 адад бунёди сеху коргоҳҳои сохтмонӣ, 28 адад сохтмонҳои соҳаи хизматрасонӣ, 58 адад сохтмони хонаҳои баландошёна, 265 адад рангубор намудани биноҳои баландошёна, 65 адад таъмири нуқтаҳои партовпартоӣ ва аз ҳисоби буҷети ноҳия 31 банди нақша ба инобат гирифта шудааст, ки сохтмони роҳҳо, роҳравҳо, шинонидани гулу бутаҳо, дарахтони мевадиҳандаю, ороишӣ, сояафкан ва таъмири муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ мебошад, 23 банди нақша аз буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар бар гирифта, асоси онро сохтмони роҳҳу купрукҳо, истгоҳҳои нақлиётӣ, иваз намудани қубрҳои фарсудашудаи обгузар, ворид намудани таҷҳизотҳои замонавии соҳаи тиб ва инчунин 34 банди нақшаи мазкур аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба инобат гирифта шудааст, ки дар он сохтмони биноҳои Вазорату идораҳо, боғу гулгаштҳо ва таъмири биною иншоотҳо ба нақша гирифта шуда, нақшаи дар соли 2019 пешбинишуда ба андозаи 100 фоиз иҷро карда шудааст.
Мувофиқи маълумоти Нозироти андози ноҳия нақшаи даромадҳои буҷети ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 101,0 фоиз иҷро гардидааст, яъне дар ҳолати нақшаи солона 946,3 млн сомонӣ будан, дар асл 955,7 млн сомонӣ ворид шудааст.
Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 98,5 фоиз иҷро гардидааст. Нақша 110,3 млн сомонӣ муқаррар шуда, аз ҳисоби буҷет 108,7 млн сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Аз ҷумла сектори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 97,9 фоиз, маориф 97,1 фоиз, нигаҳдории тандурустӣ 99,6 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 97,1 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 99,7 фоиз, фарҳанг 100 фоиз маблағгузорӣ карда шудаанд.
Қарздори аз музди меҳнат дар ноҳия ба ҳолати 1 январи соли 2020 вуҷуд надорад.
Бо мақсади мутобиқ намудани кӯчаю хиёбонҳо ба нақшаи генералии шаҳри Душанбе аз ҷониби мутахассисони соҳа дар давоми соли 2019 аз кӯчаҳои Ҳ.Аҳрорӣ, М.Турсунзода, Ҳабибулло Назар, С.Носир, Ш.Шоҳтемур, Некрасов, Карамова, М.Миршакар, Пулодӣ ва хиёбони Рӯдакӣ зиёда аз 323 хонаҳои истиқоматӣ бинобар сабаби ба нақшаи генералии шаҳри Душанбе мутобиқ намудан, бартараф карда шудааст.
Дар баробари ин қайд кардан зарур аст, ки аз ҷониби соҳибкорон дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 54 хонаҳои истиқоматии баландошёна ба тарзи замонавӣ сохта шуда истодааст.
Ҷамъи маблағгузориҳои асосӣ дар миқёси ноҳия аз ҳисоби маблағҳои ҳамаи сармоягузорон 1 миллиарду 36 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи 502,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра иншоотҳои ҳаётан муҳим, биноҳои истиқоматӣ ба масоҳати 54229 метри мураббаъ сохта мавриди истифода қарор дода шудааст.
Дар асоси фармоиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 ноябри соли 2018, № 98-ф «Дар бораи сохтмони майдончаҳои варзишӣ ва ободонӣ» дар ҳудуди ноҳия 10 адад майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон ба вазорату идораҳо вобаста карда шуда, дар ин давра ҳамаи он ба истифода дода шудаанд.
Дар соли 2019 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди ноҳия биноҳои нави 3 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 6, 11 ва Литсейи № 3 мавриди ифтитоҳ қарор дода шудааст.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳия дар таърихи 27 августи соли ҷорӣ Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан ва маҳсулоти машруботии “Сиёма”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхонаи мазкур аз ҷониби ҶДММ “Авесто Гурӯҳ” бунёд ёфта, имконият дорад, ки дар як сол ба ҳисоби як басти корӣ 33 миллион литр обро истеҳолу ба харидорон пешниҳод намояд. Иншооти мазкур бо муосиртарин хатҳои истеҳсолӣ таъмин гардида, сифати ҳамаҷонибаи маҳсулоти омодашударо дастгоҳҳои насбшуда таъмин хоҳанд кард.
27-уми август Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлил аз 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Теҳрон 21-и ноҳия Коргоҳи «Зари тоҷик»-и Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Равшан»-ро мавриди истифода қарор дод.
Дар коргоҳ 50 нафар, аз ҷумла 20 нафар занону духтарон ба кори доимӣ ҷалб гардидаанд ва маоши коргарон вобаста ба сатҳи касбият ва ҳаҷми корашон аз 1500 то 3000 сомонӣ пардохт карда мешавад.
Коргоҳ аз 5 сех, аз ҷумла механикӣ – барқӣ, рехтагарӣ, зарҳалдиҳӣ, рассомию дизайнерӣ, басту банд ва заргарӣ иборат аст.
30-август Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳия Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кули “Душанбе”-ро пас аз азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Марказ метавонад дар як рӯз то ба 5 ҳазор меҳмонони дохилу хориҷии кишвар хизмат расонад.
Дар қисми шимолу шарқии кул бинои якошёна қомат афрохта, дар он тарабхона ва қаҳвахона ҷойгир аст, ки дар як вақт имконияти қабули 700 нафар меҳмонро ҳам дар дохил ва ҳам дар саҳни ҳавлӣ доранд. Ғайр аз ин, дар ин бино ҳуҷраҳои иҷораи катамаран, флейборд ва гидросикл ҷойгир мебошад.
1 сентябри соли 2019 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои маъмурию таълимӣ, меҳмонхона ва хобгоҳи замонавии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ карда, дар чорабинии Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ иштирок намуданд.
Иншооти таълимии 12-ошёна аз 2 қисм маъмурию таълимӣ ва хобгоҳ иборат аст. Он барои 1320 нафар донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардидааст.
Инчунин дар ноҳия дар давоми соли 2019 барои оғози корҳои сохтмонӣ дар 5 адад Меҳмонхонаҳои бисёрошёнаи замонавӣ санги асос гузошта шудааст.
Дар таърихи 17 сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳия барои бунёди як корхонаи азими саноатӣ санги асос гузошта шуд.
Самти фаъолияти корхонаи нав ба истеҳсоли семент нигаронида шуда, он бо ҷалби сармояи мустақим сохта мешавад.
Дар асоси лоиҳа иқтидори корхонаи истеҳсолии ҶСП «Тоҷиксемент» дар як шабонарӯз 3 ҳазору 300 ва дар як сол 1,2 млн. тоннаро ташкил медиҳад.
Дар ин корхона сементи тамғаҳои 400, 500 ва 600 истеҳсол карда мешавад.
Корхонаи мазкур дар масоҳати 15 гектар васлу насб шуда, дар масоҳати боқимонда хирмани ашёи хом, анбори маҳсулоти тайёр, ташхисгоҳҳо, пойгоҳи автомобилӣ, сехи таъмирӣ, идораҳои корӣ ва дигар иншооти зарурӣ бунёд карда мешавад.
Корҳои сохтмонӣ ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ дар иншоот 1,5 сол идома меёбад ва дар ин давра 1500 нафар шаҳрвандони мамлакат, бо ҷойи кор таъмин мешаванд.
Айни ҳол дар ҳудуди ноҳия бо дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 3 адад биноҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, бо тарзи замонавӣ, аз нав сохта шуда истодааст.
Бояд қайд намуд, ки бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ Ҷаъмияти саҳҳомии пушидаи “Маркази савдои Кушониён” дар кӯчаи Ҳ.Шерозии ноҳия сохтмони бозори фурӯши масолеҳи сохтмонӣ бо маром рафта истодааст, ки он дар майдони 13 гектар бунёд гардида истодааст.
Тибқи маълумотҳо баъди ба истифода додани бозори мазкур тақрибан 2000 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Корхонаҳои саноатии ноҳия дар соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба маблағи 482,2 млн сомонӣ таъмин намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи 74,2 млн сомонӣ зиёд буда, 115,8 фоизро ташкил медиҳад.
Шабакаҳои барқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар соли 2019 ба корхонаю ташкилот ва аҳолӣ ба маблағи 142,6 млн сомонӣ, аз он ҷумла ба аҳолӣ ба маблағи 47,3 млн сомонӣ барқ интиқол намуда, пардохт 44,7 млн сомонӣ ва ба ташкилоту корхонаҳо ба маблағи 95,3 млн сомонӣ барқ фурӯхтааст. Иҷроиш аз ҳисоби аҳолӣ – 94,5 фоиз ва ташкилоту муассисаҳо – 105,6 фоиз, дар умум иҷрои нақша дар ноҳия 99,1 фоизро ташкил додааст.
Муассисаҳои нақлиётии дар ҳудуди ноҳия фаъолиятнамуда, ба миқдори 1170,4 ҳазор тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ кашонидаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018 1,5 баробар буда ва суръати афзоиши он 154,5 фоиз мебошад.
Дар соли 2019 таъмири ҷории 19200 м2 (18500 м2 роҳҳои мошингард ва 700 м2 роҳҳои пиёдароҳ) роҳҳои ҳудуди ноҳия ба нақша гирифта шуда, ба миқдори 18525 м2 роҳҳои мошингард ва 715 м2 пиёдароҳҳо асфалпӯш карда шудааст, ки 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, дар ин давра дар масофаи 4,9 километр роҳҳои мошингарди кӯчаҳои ноҳия ва 278 метри квадратӣ пиёдароҳҳои ҳудуди ноҳия аз ҳисоби эҳсонкорон сафолакпӯш карда шудаанд.
Ҳолати ободонӣ, кабудизоркунии кӯчаю хиёбонҳои ноҳия ба зиммаи кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳия вогузор шудааст. Ёдовар мешавем, ки дар мувозинаи корхона 43 гектар замин мавҷуд буда, он заминҳои майдону хиёбонҳо ва гулгаштҳоро дарбар мегирад.
Дар мавсими ниҳолшинони Раёсати мазкур бо мақсади ободу зебо ва гулу гулзор намудани майдону хиёбонҳои ноҳия зиёда аз 5040 бех дарахтони ороишии ҳамешасабз, ба миқдори зиёда аз 27992,4 метри тулони гулҳои мавсимӣ, 135000 дона гулҳои лола (тюлпан), 41460 адад гулҳои бисёрсола (садбарг) шинонида шуда, дар масоҳати 22954 м2 майсазорҳо бунёд карда ва 10153 адад дарахтони ҳудуди ноҳия аз шохаю навдаҳои хушку хамзада ва садамавӣ тоза, карда шудааст.
Бояд қайд намуд, ки бо дастгириҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар соли 2017 барои сохтмони бинои маъмурӣ ва амборҳо барои нигоҳдории техникаю таҷҳизотҳо ба Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳия ба миқдори 0,90 гектар замин ҷудо гардида, дар он аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр бинои нави замонавӣ, амборхонаҳо, нуқтаи таъминоти сузишворӣ сохта ба истифода дода шуда, дар арафаи ҷашни рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати мазкур фаъолияти худро дар бинои нави замонавӣ ба роҳ мондааст.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, барои саҳм гузоштан дар пешрафти соҳаи коммуналӣ ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ миннадории хешро байён менамоям.
Дар ҳудуди ноҳия 11953 адад биноҳои бисёрҳуҷрадори истиқоматӣ, ҳавлиҳои шахсӣ ва хобгоҳҳои умумӣ, аз ин ҷумла 288 адад биноҳои истиқоматии бисёрҳуҷрадор ва баландошёна (1-16) дар ҳудуди КВД «Манзилхизматрасон»-ҳои №№ 1, 2, 3, 4, 5 ва Ширкатҳои соҳибмулкони манзил мавҷуд мебошанд.
Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ пайвастшавии 460 адад биною иншоотҳои ҳудуди ноҳия ба шабакаҳои гармидиҳии муттамарказ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020, ба нақша гирифта шудааст.
Натиҷаи ҷамъбаст нишон медиҳад, ки рафти иҷрои нақшаҳои тасдиқардида таҳти назорат қарор дошта, аз 460 адад биною иншоотҳое, ки дар мувофиқа бо Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе барои қабули нерӯи гармӣ ба нақша гирифта шуда, 466 адад айни ҳол ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст карда шуда, нақшаи пешбинишуда ба 101 фоизро ташкил медиҳад.
Фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии Муассисаи “Партовкашонӣ”- и ноҳия ҷиҳати тозагии кӯчаҳои ноҳия, вазъи санитарию экологӣ, аз партовҳо тоза намудани ноҳия равона буда, кормандони муассисаи мазкур аз 299 нуқтаи паспартов ба миқдори 43333 тонна партовҳоро баровардаанд, ки нисбати соли 2018 ба миқдори 7916 тонна зиёд мебошад.
Нозирони муассисаи мазкур вазъи ҷамъоварии маблағҳои хизматрасонии коммуналиро беҳтар намуда, иҷрои нақшаро дар ин давра ба 92,0 фоиз расонидаанд.
Ҷамъоварии ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ ба маблағи 5,2 млн. сомонӣ расонида шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 770,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар ин давра аз ҷониби муассиса ба маблағи 663,0 ҳазор сомонӣ қарзи лоиҳаи партовҳои сахти маишӣ ба суратҳисоби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд гузаронида шудааст.
Барои безарар гардонидани нуқтаҳои паспартов аз ҷониби муассиса дар давоми соли 2019 ба маблағи 138318 сомонӣ маводи маҳлули гипохлорид харидорӣ ва безарар гардонида шудаанд.
Бояд қайд намуд, ки бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин давра барои беҳтар намудани кори Корхонаи воҳиди давлатии Муассисаи “Партовкашонӣ”- и ноҳия ду адад техникаи партовкашонӣ тақдим карда шуд.
Дар ноҳия 30 адад муассисаҳои томактабии давлатӣ ва ғайридавлатӣ бо фарогирии 3890 кӯдак фаъолият менамояд.
Дар ноҳия 27 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 4 литсей, 2 гимназия, 2 мактаби хусусӣ, 19 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 31400 хонанда, аз ҷумла 14452 духтар амал мекунад.
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1328 омӯзгор (967 зан), бо таҳсилоти олӣ 1172 нафар, олии нопура 108 нафар, таҳсилоти миёнаи касбӣ 43 нафар фаъолият мекунанд.
Соли таҳсили 2018-2019 синфи 11-ро 1914 нафар хатм намуда, 1517 нафар тариқи Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дохил шудаанд, ки нисбати соли 2018 30 нафар зиёд мебошанд.
Дар ноҳия барои хизматрасонии тиббиву табобатӣ ба аҳолӣ 10 беморхонаи минтақавӣ, 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 2 марказҳои саломатии шаҳрӣ фаъолият бурда, дар онҳо 703 нафар табибон ва 1002 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият менамоянд.
Вазъи бемориҳои сирояткунанда мӯътадил буда, алангаи паҳншавии он ба қайд гирифта нашудааст ва дар давоми соли ҷорӣ бемориҳои сил 57 адад, зарпарвин 187 адад вируси намуди “А”, баногушак 32 адад, 81 ҳодиса бемориҳои шадиди рӯдаю меъда ба қайд гирифта шудааст.
Дар ҳудуди ноҳия 324 ҳодисаи захмбардорӣ аз ҳайвонҳо ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбати соли гузашта 73 ҳодиса зиёд мебошад. Вобаста ба самти мазкур мутахассисони соҳа ҳамарӯза бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва амалиро ба роҳ мондаанд.
Шумораи ҷавонон дар ноҳия 61243 нафарро ташкил намуда, аз он 9850 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд.
Маблағгузории Барномаҳои маҳаллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои солҳои 2018 – 2022 дар давраи ҳисоботии соли ҷорӣ 215,2 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, 92,2 фоиз дар ҳамин давра ҷудо гардидааст.
Дар ҳудуди ноҳия 112 иншооти варзишӣ, 3 варзишгоҳ, 67 майдончаи варзишӣ, 24 толори варзишӣ, 4 ҳавзи шиноварӣ, бо теъдоди 145 нафар мураббӣ ва 9156 нафар машқварзон (3236 нафар бонувон) фаъолият доранд.
Дар соли 2019 дар ноҳия аз ҷониби шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 3363 нафар шаҳрвандон бо кори доимӣ таъмин шуда, 80 нафар бекорон ба корҳои ҷамъиятии музднок ва 533 нафар шаҳрвандон ба касбомӯзӣ ҷалб гардида, ба 63 нафар ба маблағи 200500 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст.
Музди миёнаи моҳонаи кормандони ноҳия 2218 сомониро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 130 сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 6,2 фоизро ташкил менамояд.
Дар ноҳия 9720 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шуда, нафақапулиҳо ба пуррагӣ пардохта гардиданд.
Дар ноҳия пурра қарзи музди меҳнат пардохт карда шудааст.
Дар ҷамъбасти соли 2019 тибқи маълумотҳои пешниҳоднамудани шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳудуди ноҳия 433 адад ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли гузашта 144 адад кам мебошад. Ошкоршавии ҷиноятҳои содиршуда 92,7 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,3 фоиз беҳтар гардидааст.
Ҷиҳати иҷроиши талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2 аз 2 декабри соли 1994 аз аҳолӣ 1 адад, аз ҷумла 1 адад тапонча дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» аз ҷониби соҳаи дахлдори ноҳия назорат карда шуда, дар ин давра ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд.
Дар ноҳия як комиссияи доимии ноҳиявӣ, 259 комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба талаботи қонунгузорӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо фаъолият мебаранд.
Дар ҳудуди ноҳия 12 масҷид фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 1 масҷиди ҷомеи марказӣ, 5 масҷиди ҷомеъ, 6 масҷиди панҷвақта мебошанд.
Дар соли 2019 вобаста ба риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 2 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардидааст, ки аз ҷониби Суди ноҳия ба андозаи 11000 сомонӣ ҷарима нисбати шахсони қонунвайронкунандагон муайян карда шуд.
Бо назардошти пешравиҳои соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия имконияти рушд ва равнақ додани соҳаи саноату сохтмон, таъсис додани корхонаҳо ва коргоҳҳои саноатӣ бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва ба ин васила ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ шароиту имкониятҳо хеле зиёд мебошанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар оянда тамоми фаъолияти худро баҳри иҷрои вазифаҳои аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар наздамон гузошташуда равона намуда, ҳамаи тадбирҳоро меандешад, ки соли 2020 – ро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намояд.
Пасон аз ҷониби рӯзноманигорон ба Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муҳтарам Самӣ Шариф саволҳои зерин дода шуд.
1.Каримзода Фируз – рӯзноманигори радиои «Садои Душанбе» оиди шумораи корхонаҳи истеҳсолии азкормонда дар соли 2019, таъмин гардидани оилаҳои ниёзманд бо манзили истиқоматӣ ва шумораи маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2 дар ноҳия.
2.Акрамзода У. – рӯзноманигори рӯзномаи “Паёми Душанбе” оиди бартарафсозии камбудиҳо дар навиштаҷотҳои шиору овезаҳо дар ҳудуди ноҳия.
3.Давлатзода Ҷумахон – рӯзноманигори шабакаи телевизионии “Баҳористон” оиди баргузории озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ”, бистсолаи омӯзиши фанҳои дақиқ ва омодагиҳо дар самти баргузории интихоботи дар пешистода.
Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муҳтарам Самӣ Шариф Ҳамид ба ҳамаи саволҳои додашуда ҷавобҳои муфассал дода, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, ба роҳбарону масъулини сохторҳои дахлдори ноҳиявӣ, ки дар нишасти матбуоти иштирок доштанд, дастур дод.
Дар охир Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муҳтарам Самӣ Шариф Ҳамид оиди сари вақт иҷро гардидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маълумот дода, ба ҳамаи рӯзноманигорон барои иштироки фаъолона арзи сипос намуд.
Замима: расмҳои нишасти матбуотӣ.