Сомонаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
(+992 37) 221-06-34

Блог

Наҳзатиҳо – душмани адлу инсоф

Наҳзатиҳо – душмани адлу инсоф

Дар пойгоҳҳои хабарии наҳзатӣ, ки аз даруғу тавтеа кор мегиранд, ахборе ба нашр мерасад, ки дар онҳо сафед сиёҳу торик равшан ва ҳар афкори муғризона айни ҳақиқат ҷилва дода мешавад. Матлабе, ки дар яке аз ин пойгоҳҳои марбут ба наҳзатии фирорӣ Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, бо унвонии “Чаро низоми адолат дар кишвари мо вайрон шуд” нашр гардид, таамул карданӣ ва қобили андешидан аст. Зеро инъикоси воқеият дар он ба тарзи чаппа сурат гирифтааст. Нависандаи ин матлаб, ки аслан номи худро дарҷ нанамудааст ва маълум аст, ки нафаре аз “фермаи ҷавоби наҳзатист”, кӯшиш намудааст, ки ҳамагуна дуруғу туҳматро бар алайҳи давлату ҳукумат равона созад. Сабаби вайроншавии адолатро дар кишвар ба онҳо рабт диҳад.

Албатта гузориши суол, ки чаро низоми адолат дар кишвари мо вайрон шуд, ҳар нафарро ба андеша мебарад. Ва агар пояҳои онро баррасӣ намоем, воқеан адолат дар кишвари мо вақте коста гардид, ки гуруҳҳои авбошсифати наҳзатӣ дар ибтидои солҳои 90 қарни гузашта даст ба бетартибию ҷиноят задаанд, низоми қонунии мавҷударо поймол намуда, моликияти давлативу хусусиро ба ғорати сар то сарӣ кашиданд. Ҳар нафари дигарандешро бо таҳқир кофару муртад хонда, моликияташро ба зурӣ аз худ карданд. Дар баробари ин заноне, ки малобиси аврупоӣ доштанд, онҳоро таҳқир ва шиканҷа намудаанд. Тамоми низоми қонунгузориро фалаҷ намуда, бо зури аслиҳа ҳукумати қонуниро салби салоҳият намуданд. Ин оғози ҳамаи беадолатиҳое буд, ки дигар ҳаводиси баъдӣ аз онҳо маншаъ мегирад.
Мусаллам аст, ки дар ҳар кишваре вақте низоми иҷтимоӣ шикаста мешавад, ҳамаи арзишҳо ва меъёрҳо ҷойгоҳи хешро аз даст медиҳанд ва онҳо танҳо замоне амал карда метавонанд, ки низом ба шакли комил амал намояд. Аз тарафи дигар натиҷаи ин гуна бесару сомониҳо табии аст, ки ба ахлоқ ва муносибати қишрҳои љомеа таъсир расонда, онҳо метавонанд зина ба зина аз байн бурда шаванд. Аммо муаллифи ин мақола, ки тафаккури догматикиву бунбастӣ дорад, сабабу омилҳои ҳодисаҳоро таҳлил кардан намехоҳад ба мисли тарошае аз бом афтода масъаларо тавре баррасӣ мекунад, ки гӯё сарпарастону сармоягузоронаш, ки солҳои 90 миллатро дар ҳоли нобудӣ ва кишварро дар ҳолати ғорати сар то сарию порашавӣ расонда буданд, ҳеҷ навъ дар ин раванд таъсире надошта бошанд. Ин нафар, ки даъво аз адолат мезанад, боре таҳлил намеварзад, ки солҳои 90-уми қарни гузашта ҳарфи адолатро дар ин кишвар камондору дузд ва фитнагару қаллоб мегуфт. Вале зина ба зина бо ором шудани вазъи дохилии кишвар ва устуворшавии пояҳои давлат низоми адолат дар кишвар зина ба зина барқарор шуд. Ин пажуҳишгари беном доду бедод аз бастани роҳ барои рўзномаҳои мустақил доду валвала ба роҳ мондааст. Як бор муқоиса намекунад, ки дар солҳои 90 вазъро аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ “пирони наҳзатиаш” ба ҷое расонида буданд, ки дар кишвар як ду рузнома чоп мешуду халос. Ҳол он ки имруз дар кишвар ҳазорон рўзномаи давлатию хусусӣ фаъолият мекунанд. Аз тарафи дигар, ҳар рўзноманигор новобаста аз шакли фаъолияти рузнома ва расонае, ки дар он фаъолият дорад, бояд барояш манфиатҳои миллӣ аз ҳама болотар бошад. На ин ки бо ба даст овардани чанд пуле мардумонро ба гумроҳӣ савқ диҳад ва ҳар ахбори санҷидаю носанҷидаро ба зеҳнияти ҷомеа бор намояд. Масъалаи дигареро, ки ин нависанда дар миён мегузорад, масъалаи адабиёт аст. Ва ин нафар даъво пеш меоварад, ки гуё имруз адабиёт танҳо адабиёти дарборӣ бошад. Вале масъала ин аст, ки кадом маќомдор қалами нависандаеро боздоштаст, ки нанависад. Имруз бояд нависанда ва шоири мо дар фазои маънавӣ худаш ин рисолатро дарк намояд, ки мо кишвари мустақил ва давлати соҳибистиқлол дорем ва ҳимояти маънавии ин арзишҳо пеш аз ҳама бар души зиёиён аз ҷумла шоирону нависандагонанд. Вале ҳар касе, ки манфиатҳои миллиро нодида мегирад ва дурнамои онро дарк намекунад, албатта ин амал як навъ хиёнат ба мардум аст. Муаллифи гумноми ин мақола даъво пеш меоварад, ки гуё чанд огоҳу дигарандеши миллат хоин эълон шуда бошанд. Хуб воқеан ин афроди “огоҳ ва дигарандеш”-е, ки ин нафар ишорат мекунад, пеш аз ҳама бо он ҷинояткороне таалуқ дорад, ки даст ба кудатои низомӣ заданд ва кушиш кардаанд то бо роҳи зурӣ ва аслиҳа низоми сиёсии ҳокимиятро дигаргун намоянд. Хуб, инҳо, ки ҷиноят содир кардаанд ва ҷинояткор тибқи қарори додгоҳ парвандааш муайян шуда ва вобаста аз ҷиноёти содиркардааш дар назди қонун бояд ҷавоб гӯяд ва ин дар тамоми кишварҳои дунё ҳамин тавр буд, њаст ва ҳамин тавр хоњад монд. Намешавад, ки ҷинояткорро “сарашро силла кард” ва онро барои дамгирӣ ба “Баҳористон” фиристод. Аз ҷониби дигар кадом нафар пешниҳоди созандае кардааст ва пешниҳоди созандаи ӯ мавриди қабул қарор нагирифтааст. Ҳар пешниҳоди созанда ва ҳар танқиди созанда низ дар ҷомеа ба инобат гирифта мешавад. Вале агар танҳо он беғаразона ва дар чорчубаи манфиатҳои миллӣ бошад. Мардуми тоҷик аз фаъолияти иддаи нафароне, ки худро дилсўзи миллат вонамуд кардаанд ва мехостанд “адли осмони”-ро барқарор кунанд, ва бо бањонаи ин адл 150 њазор нафарро аз зиндагї мањрум сохтанд, дар кишвар азёд набурдааст. Он замон низ иддае аз рўзноманигорон лофу газофҳои осмонӣ заданд ва иддае аз сиёсатмадорон ба мардум ваъдаи “биҳишти адн” доданд ваба хотири ба даст овардани ќудрати сиёсї, Тоҷикистонро ба дузахи рўи замин табдил доданд. Имрўз ҳам новобаста аз кушишҳои пайвастаи давлату ҳукумат натиҷаи он ҷанги бемаънии миллаткўш, ки бо тавтеаи бегонагон ба хотири тавсеаи манфиатҳояшон ба дасти худбохтагони дохилӣ роҳандозӣ шуд, то ҳануз эҳсос мешавад. Зеро натиљаи харобиовари маънавии онро дар як они воњид њал кардан имконнопазир аст. Вале мо аминем, ки ин камбудҳо низ зина ба зина аз байн хоҳанд рафт, танњо агар дар љомеа оромиш ва сулњу низоми устувор амал кунад.

Эҳсони Илҳом