Сомонаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
(+992 37) 221-06-34

Блог

Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати шашум

Санаи 10-уми июли соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе даъвати шашум баргузор гардид дар кори он нуҳ масъалаи дар зер дарҷ гардида, баррасӣ карда шуда, 15 қарор қабул карда шуд.
1.Ҳисоботи муовини соҳавии Раиси ноҳия оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №295 «Дар бораи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020»;
2.Ҳисоботи муовини соҳавии Раиси ноҳия дар бораи иҷрои қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №195-20 аз 24 декабри соли 2009 «Оид ба тадбирҳои батанзимдарории нигаҳдошти чорво ва ҳайвонот дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе» дар ноҳия;
3.Ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноқияи Исмоили Сомонӣ “Оид ба одоби вакилон”;
4.Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳавзаи интихоботии №1;
5.Дар бораи муайян намудани гузариши хати сарҳади ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе;
6.Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳавзаи интихоботии №2;
7.Дар бораи таъин намудани интихоботи вакил ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии №2;
8.Дар бораи ташкили Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоби вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ;
9.Дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ.