Сомонаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
(+992 37) 221-06-34

Блог

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе корҳои навсозӣ ва бунёду барқарорсозии майдончаҳои варзишию истироҳатӣ бо маром идома доранд.
Дар таърихи 12 декабри соли 2019 дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маросими ботантанаи ифтитоҳи майдончаи варзишӣ баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи майдонча Раиси ноҳияи ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд иштирок намуданд.
Майдончаи мазкур бо ташаббуси соҳибкорони ватанӣ сохта ба истифода дода шуд. Ҳадаф аз сохтани ин майдонча тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари кӯдакону наврасони ноҳия ва пешгирии кӯдакону наврасон аз ҳар гунна амалҳои ношоиста мебошад.
Бо бунёди ин ва дигар иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе дар баробари фароҳам омадани шароити арзанда барои истироҳату фароғати сокинон, ба варзиш машғул шудани ҷавонону наврасон ва бозию дилхушии кӯдакон гӯшаҳои гуногуни пойтахт ободу зебо мегарданд. Ин яке аз ҳадафҳои созандаи роҳбарияти шаҳр дар самти мутобиқ намудани пойтахти кишвар ба меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ ба шумор меравад, илова намуд муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Зувайдзода Муҳамадсаид Маҳмуд дар баромади худ.