Сомонаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
(+992 37) 221-06-34

Блог

Ифротгароӣ ва терроризм хавфи инсонист

Ифротгароӣ ва терроризм хавфи инсонист

Ҳанӯз соли 1990 Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», соли 2009 Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» қабул шуда буд. Маҳз бо қабули ҳамин санадҳо ташаккули яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати давлатдории Тоҷикистон оғоз гардид. Дар зиминаи он барои дар руҳияи ватанадӯстиву ватанпарварӣ тарбия намудани насли наврас тамоми шароитҳои мусоид фароҳм оварда шудааст. Имрӯз низ истифодаи самараноки нерӯи зеҳниву ахлоқи ва ҷисмонии насли наврас яке аз афзалиятҳои стратегии давлат ва ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб меравад. Коста гардидани ахлоқи гуруҳе аз ҷавонону наврасон, ҷалб гардидани онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иротгароӣ, бахусус гуруҳҳои террористиву экстремистӣ, вайронкунандаи мафкураи зеҳниву ақлонии ҷавонон мегардад. Ин нуқтаро ҳамасола Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паём ва вохӯриҳои бевосита таъкид менамояд. Дар саросари мамлакатҳои дунё ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ҳамчун вабои аср ва хатари ҷиддӣ шинохта шудааст. Аъзоёни фаъоли гуруҳҳои террористиву экстремистӣ Ватан, миллат ва ҳатто дини мазҳаб надоранд, мақсади онҳо ноором сохтани вазъи ҷомеаи ҷаҳонии имрӯза мебошад. Ин зуҳуроти фалокатбор умумияте бо дин, аз ҷумла бо дини мубини ислом наздикие надорад, вале бо истифода аз номи Ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад. Яке аз ҳиссиёти нозуктарини инсон ин ҳиссиёти динӣ аст. Онҳо иддао пайравӣ аз Қуръону ҳимоя аз Ислом карда, амалҳои зишти худро ба Қуръони Карим ва дини мубини Ислом маҳсуб медонанд, ба қатлу куштор даст мезананд ва амнияти мардумро ба хатар мендозанд, зеро гуруҳҳои манфиатҷу медонанд, ки ахлоқи ҷомеаи суннатии мо динӣ аст. Аз ин рӯ онҳо кӯшиш мекунанд, ки ҳам мавқеи дини Исломро заиф кунанду, ҳам зиддиятҳои байни якдигарро тезу тунд гардонанд. Ба ин хотир онҳо ҳаракат мекунанд, ки шуури пешбаранда ва асосии ҷомеаи мо шуури мутаасибонаи динӣ бошаду тафаккурамон пойбанди хурофоти динӣ ва ихтилофҳои мазҳабӣ на тафаккури илмӣ. Ман ҳамчун омӯзгор ҳаминро бояд қайд намоям, ки ба хотири рафъи падидаҳои номатлуби ифротгароӣ ва гуруҳҳои террористиву экстремистӣ шомил гардидани ҷавонони гумроҳ гуфтугуҳҳои босамар бештар ба роҳ мода шаванд.

Омӯзгори МТМУ №44-и ноҳияи И. Сомонӣ
Рабиева Ш.