Сомонаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
(+992 37) 221-06-34

Таджикистан. Партия исламского возрождения является неотъемлемой частью международного террористического движения


The Islamic Renaissance Party is an integral part of the international terrorist movement. This truth is indisputable!


Ислом наҳзат партияси халқаро террорчилик ҳаракатининг ажралмас қисмидир. Бу шубҳасиз ҳақиқат!


AKHBOR.COM. ¬¬¬БА МАНФИАТИ КӢ КОР МЕКУНАД?: ТЕРРОРИСТОН Ё ЖУРНАЛИСТОН


Навруз – это праздник новой жизни


Наҳзатиҳо – душмани адлу инсоф


Кабири М. – это главарь необасмаческого движения


Мухиддин Кабири кист ?


2018 йил – ИТП ЭТТнинг маѓлубияти ва янги шармандаликлари йили бўлди


Панические метания ТЭО «ПИВ»


Бердимуҳаммедов: равобит бо Тоҷикистон муҳим аст


Додоҷон намоде аз қаҳрамонӣ


Фарқи байни “Кабирӣ ва шайкаи ӯ”  аз латтаи байни по дар чист?


Раҳбари Кумитаи марг (Кузов, ки ба қуз задан назди омирони вилояти фақеҳ одат кардааст)


Додоҷони Атовулло дар “Ногуфтаҳо” ҳама гапро гуфт


Дар ҳошияи матлаби «Ногуфтаҳо»-и Додољон Атовуллоев, ки рўзи 13 декабри соли 2018 дар саҳифаи фейсбукиаш нашр шудааст


Нуқтаи тамат дар моҷарои наҳзат (дар ҳошияи матлаби Д. Атовуллоҳ)


Таджикистан задерживает большую часть наркотиков


Абу Усома Нораки – верный пёс ТЭО ПИВ


Берлинская версия шоу  «Голос» для любителей поорать


БОРИ  КАҶ  БА  МАНЗИЛ  НАМЕРАСАД


КОНСЕПСИЯИ НАВИ МУҲИДДИН КАБИРӢ ВА АНДАРЗҲОИ ЙОЗЕФ ГЕББЕЛС


ЯҲУДИЁН ВА НАСРОНИЁН ДАР ОИНАИ КАҶИ ТЭТ ҲНИ.


АМЕРИКАНСКОЕ ИЗДАНИЕ ОБВИНИЛО ПИВТ В ПРИЧАСТНОСТИ К УБИЙСТВУ ТУРИСТОВ В ДАНГАРЕ (ВИДЕО)


Иттиҳоди кӯри Юнус ва гурӯҳи 24 муаммои аср


НОБ-И ТУРО БА ҶОВИДОН МЕСОЗЕМ


Раҳмон “Роғун”-ро бо номи Худо фаъол сохту бо танга имтиҳон кард


Ба ваҷд омадам: ситоиши сиёсатмадори узбакистонӣ аз ифтитоҳи “Роғун” ба Эмомалӣ Раҳмон


Кӯри Сайидюнус ислоҳпазир нест (Фейксозиҳои оппозитсияи фирорӣ)


Посухе ба Кӯри наҳзатӣ – Саидюнус


ТТЭ ҲНИ ОМИЛИ АСОСИИ ИФРОТИШАВИИ ҶОМЕА


Нотавонбинӣ ба авҷаш мерасад


Чанд нигаронии ҷомеаи тоҷик аз сатҳи ифротгароии ТТЭ ҲНИ (Ҷавоб ба мақолаи «Ду нигаронӣ: КДАМ аз болоравии сатҳи диндорӣ, Амрико аз маҳдудиятҳои динӣ»)


Империяи дурӯғбофии ТТЭ ҲНИ ва фармоишгарони хориҷии онҳо


Панди беғаразона ба Ҳумайро Б.


НБО «Роғун» устухоне дар гулӯи ифротиҳо беватан


Тӯи Тоҷикистону мотами Кабирӣ


Роғун-мотами Кабирии хоин


ПАРГОРИ РАВШАНФИКРӢ ДАР ПАРТАВИ ИФТИТОҲИ НБО «РОҒУН»


Выявлен факт причастности ТЭО ПИВ  к тюремному бунту


Кушодашавии НОБ-и Роғун- мотами ифротгароёни наҳзати


НБО Роғун – зарба ба наҳзатиҳо


Ба «Ахборком»


Т.Варки защитник сторонников ИГИЛ


Соколов В: Бунт в тюрьме – повод в темном омуте поймать рыбу


Чехраи аслии Сайидюнусро бишносем


СРОЧНО: «Ахбор.сом» — лжец и всей лжи отец


ФАВРӢ: Ахбор.ком дурӯғгӯ ва падари ҳамаи дурӯғгӯён аст


The Process of obedience of the leader of an organized criminal group in the city of Khorugh Shanbiev Munavvar Navruzbekovich before the law


The Process of obedience of the leader of an organized criminal group in Roshtqal’a district Alovatshoev Amriddin Bozorovich before the law


The Process of obedience of the leader of an organized criminal group in Shughnon district Rajabov Zoir before the law


Процедура повиновения главаря организованной преступной группы города Хорог Шанбиева Мунаввара Наврузбековича перед законом.


Процедура повиновения главаря организованной преступной группы города Хорог Раджабова Зоира перед законом


Процедура повиновения главаря организованной преступной группы Шугнанского района Мамадасламова Ёдгоршо  Шомусаламовича перед законом.


Процедура повиновения главаря организованной преступной группы города Хорог МАМАДБОКИРОВА МАМАДБОКИРА КАРАМАЛИШОЕВИЧА перед законом.


Процедура повиновения перед законом главаря организованной преступной группы города Хорог  Мазориева Хурсанда Мирзохаетовича перед законом


Процедура повиновения главаря  организованной преступной Рошкалакского  района  Аловатшоева Амриддина Бозоровича   перед законом


Процедура повиновения перед законом главаря организованной преступной группы города Хорог Аёмбекова Толиба Абдурахмоновича.


МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ ШАНБИЕВ МУНАВВАР НАВРӮЗБЕКОВИЧ, САРКАРДАИ ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТИИ ШАҲРИ ХОРУҒ


МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ РАЧАБОВ ЗОИР КАРАМХУДОЕВИЧ , САРКАРДАИ ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТИИ ШАҲРИ ХОРУҒ


МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ АЛОВАТШОЕВ  АМРИДДИН БОЗОРОВИЧ, САРКАРДАИ ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТИИ НОХИЯИ РОШТКАЛЪА


МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ АЁМБЕКОВ ТОЛИБ АБДУРАҲМОНОВИЧ, САРКАРДАИ ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТИИ ШАҲРИ ХОРУҒ


МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ МАЗОРИЕВ ХУРСАНД МИРЗОҲАЁТОВИЧ, САРКАРДАИ ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТИИ ШАҲРИ ХОРУҒ


МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ МАМАДБОҚИРОВ МАМАДБОҚИР КАРАМАЛИШОЕВИЧ, САРКАРДАИ ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТИИ ШАҲРИ ХОРУҒ


МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ МАМАДАСЛАМОВ ЁДГОР ШОМУСАЛАМОВИЧ, САРКАРДАИ ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТИИ НОҲИЯИ ШУҒНОН


Муфтии Тоҷикистон дар меҳмонии  Ҷамъияти тоҷикони Миср


Ректори Донишгоҳи Истанбул: «Тоҷикистон ва Туркия- шоҳиди ду кӯшиши ноком ба табаддулоти давлатӣ»


Конференсияи байналмилалии Қоҳира: Шурои уламои ҷаҳон ТТЭ ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ ва маблағгузори онро душмани инсоният ва башарият хонданд


Раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия:  «Ҷомеаи Тоҷикистон ақидаҳои ҲНИ-ро қабул надорад»


Конференсияи байналмилалии сатҳи баланди Қоҳира: Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм бо Миср шарик аст..  ва бояд дасти кумаккунандаи Эрони тахрибкор ба ташкилотҳои террористӣ бурида шавад


Суиистифодаи наҳзат аз Ислом


Террористическо-экстремистский квартет: от перемены мест слагаемых сущность не меняется


Суиистифодаи наҳзат аз Ислом


Конфронси байналмилалӣ дар Истанбул: «Хатари ташкилоти террористии ҳизби наҳзат аз «ДОИШ» ва «Ал-қойида» кам нест»


ДАЪВОҲОИ КӮҲНАИ ТТЭ ҲНИ ДАР ҚОЛАБИ КУМИТАИ НАВИ НАҲЗАТӢ


НАЗДИ ОНҲО ҲИҶОБ БА УНВОНИ ПАРЧАМ АСТ…


ДЛЯ НИХ ХИДЖАБ ПРИРАВНИВАЕТСЯ К ФЛАГУ


Рӯи сиёҳи Кабириро ҳеҷ собуне намешӯяд


“БО ДЕГ ШИНӢ — СИЁҲ ШАВӢ…” (Ҳамнишинӣ бо ҷинояткор ҷиноят аст)


Иран обвинили в масштабной государственной интернет-пропаганде


Иғвоангезӣ бо услуби аҷнабӣ


Таджикистан. Международное сообщество признало ТЭО ПИВ террористической организацией. Однако…


Бадгӯии сиёсӣ ва тасвири муғризона


ТЭО ПИВ продолжает информационную войну


Гумроҳон аз Ватан меноланд


Пешгирӣ аз ифротгароӣ


“Шарифтарини ҳамаи чизҳо ақл аст, ки мадори кори олам бо ӯст.”


Экстремизм ва Терроризм


ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ДИНӢ, ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ


Муроҷиати видеоии Ғайрат Воҳидов, шавҳари марҳум Файзиниссо Воҳидова ба Илҳом Ёқубов


МУРОҶИАТИ ШАВҲАРИ ШОДРАВОН ФАЙЗИНИССО ВОҲИДОВА

{"dots":"false","arrows":"false","autoplay":"true","autoplay_interval":"3000","speed":"500","rtl":"false"}

“Шарифтарини ҳамаи чизҳо ақл аст, ки мадори кори олам бо ӯст.”

Ҳиравӣ, ки басо ба маврид аст. Инсон ҷузъи бузургтарини ҷомеъа ба ҳисоб меравад, ки тамоми ҳастӣ ва пешравиҳои олам аз ӯ вобастагӣ дорад. Бузургтарин пешкориҳо ва техникаи замонавӣ, ки атрофи моро иҳота кардаанд, тавассути инсон ва ақли пешбарандаи он идора карда мешаванд. Олами ҳастӣ бо тамоми навгониҳояш аз инсон вобастагӣ дорад, пас бешубҳа метавонем бигӯем:
Инсон мӯъҷизаест, ки мислаш Худованд чизе наофарида. Мутаассифона, дар ҷомеа шахсиятҳое ёфт мешаванд, ки бо ақли костаи хеш на танҳо худро , балки дигаронро аз атрофи масъалаҳои доғи рӯз аз қабили тероризм, экстремизм, ифродгароӣ, хурофотпарастӣ муттаҳид мекунанд. Ин мафҳумҳо бо ҳамаи оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри ХХI табдил ёфтааст. Бинобар ин зарур аст, ки фаъолияти тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот, ҳаёти осоишта ва амнияти кишварамон равона созем, зеро он гувоҳи маърифати пасти шаҳрвандист. Ин ҳолат, ки хиёнат ба Ватан-модар ва миллат аст, нишон медиҳад, ки ин гуна шахсон ҳаёти хешро абадан падруд мегӯянд. Сифатҳои зикршуда ҳама аз хурофотпарастии мардум ибтидо мегирад. Суоле ба миён меояд: Хурофот чист?
-Хурофот лафзи арабист, ки маънои сафсата, гапи бемаънӣ, ақида ва фикру мафҳуми беасосро дорад.
Имрӯзҳо дар ҷомеа мафҳумҳои беасос зиёд вомехӯранд, ки бо номҳои аз хурд то бузурги кишвар дахолат мекунанд ва сабаби талаф ёфтани ҷони зиндае, вайрон гардидани оилае, парешон гаштани қавме, вайрон гаштани муносибатҳои
давлате шуда метавонанд. Воқеаҳои худкушӣ, ба дор овехтан, ба об андохтан ва амсоли инҳо далели ин гуна хурофотпарастиҳо шуда метавонанд, ки имрӯзҳо зиёд ба назар мерасанд, ки пойдеворашон шояд рашку ҳасуду нотавонбинӣ бошад.
Беҳуда нагуфтаанд:
Нафсу шайтон мезананд аз раҳ туро,
То биандозанд андар чаҳ туро.
Пӯшида нест, ки дар ҷомеаи имрӯзи мо гурӯҳҳои ифродгаро, ки мардумро бо хабарҳои бардурӯғи худ ба ҳар гуна ҳаракатҳо ва қавмҳо ҷалб мекунанд, хело зиёданд.
Бино ба иттилои Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар сафи “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия як ҳазору наваду чор тоҷикистонӣ меҷанганд, ки аксаршон пайравони ҷараёни Салафия мебошанд.

Мувофиқи ин ҳисобот тоҷикистониёне, ки дар Сурияву Ироқ меҷанганд, 400 нафар аз вилояти Хатлон, 272 нафар аз Суғд, 254 нафар аз ноҳияҳои тобеи марказ,139 нафар аз Душанбе ва 26 нафарашон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. (Иқтибос аз маҷаллаи “Озодагон” №12 (417) 30 марти соли 2016.) Мақсади асосии ин ҷараёни Салафия “Ҷиҳод” аст, ки ин калима дар фарҳанги забони тоҷикӣ ба маънои “ҷанг дар роҳи дин” маънидод шудааст. Вале дини мубини Ислом, ки мо ҳама пайравони онем, дар ягон давру замон, дар ягон маъхазаш шахсиятро бо роҳи бад, ба маломатзада гаштан роҳнамун намесозад, ки ҷавонон аз нигоҳи диншиносӣ ба ин роҳҳои хатарнок раванд. Ислом дини иҷтимоист ва манфиати шахсро аз манфиати ҷомеа боло намегузорад.
Ифротгароёне, ки худро диндори асил мешиносанд, ҳеҷ гоҳ дарки ин маънӣ карда наметавонанд, ки Аълома Иқболи Лоҳурӣ фармуда:
Ободии будхона зи вайронии мост,
Ҷамъияти куфр аз парешонии мост.
Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусалмонии мост.
Сониян дар ҷумҳурии азизамон Донишкадаи исломии ба номи ҳазрати Имоми Аъзам дари худро ба рӯйи толибилмон боз намудааст. Ҳар фарди комилҳуқуқи ҷомеа чӣ духтару чӣ писар ва чӣ марду зан метавонанд бо имкони хеш нигаҳ карда, дар он ҷо таълим гиранд ва мутахассиси бузурги ин ҷода гарданд. Имрӯзҳо бо сабабҳои баланд бардоштани савияи донишҳои гуногуни исломӣ ҷавонони мо ба давлатҳои исломӣ аз ҷониби Сурияву Ироқ мераванд, ки мақоли “Об дар кӯзаву мо ташналабон мегардем”-ро ба ёд меоранд. Хуб мешуд, ки ҷавонони имрӯз баҳри ҳар як амали интихобнамудаашон пеш аз ҳама аз волидону шахсиятҳои рӯзгордида маслиҳате мепурсиданд, чун Мавлавии бузург фармуда:
Он чи дар оина мебинад ҷавон,
Пир андар хишт бинад беш аз он.
Самти дигари интихобнамудаи бархе аз ҷавонони имрӯз муҳоҷират ба Русия ва дигар давлатҳо мебошад. Таассуфовар аст, вақте ки баъзе аз ҷавонони имрӯз, ки бо кору фаъолият банд нестанд, самти фаъолияти хешро интихоб накардаанд, гумроҳ гашта раҳгум задаанд, аз тарафи волидон беназорат мондаанд, аз бекорӣ ва фишори рӯзгори нобасомон даст ба амалҳои номатлуб мезананд, бо хаёле, ки маблағи зарурие ба даст меоранд. Ин гуна шахсон солиёни зиёд аз ёру диёр дур гашта, муҳоҷир мегарданд. Бехабар аз он ки гуфтаанд:
Гадо гар дар Ватан мирад амир аст,
Амири беватан хору заҳир аст.

Бино ба маълумотҳои расонаҳои хабарӣ дар соли 2015 807 ҷасади муҳоҷирони тоҷик аз кишвари Русия ба Тоҷикистон ворид шудааст, ки босабабҳои гуногун фавтидаанд: бархе дар сохмонҳои баландошёна, бархе аз таъсири фишорҳои байнимиллатӣ, бархе аз таъсири лату кӯби пулисҳо ё дигару дигар сабабҳо, ки номуси миллати тоҷикро нисбат ба фарзандону қавми хеш бедор месозад. Қисмати зиёди ин муҳоҷирон барои оиладор кардани фарзандону наздикон, таъмин намудани оилаҳои хеш бо ҳама гуна анҷоми лозиму нолозим(ишора ба риоя накардани танзим дар гирифтани ҳама гуна амволи зиёд ва тиллову ороишоти навхонадорон, ки наздикони хешро маҷбур месозанд, то онҳоро таъмин намоянд) сафар карда, ҷон ба Ҷаббор месупоранд.
Қайд ба маврид аст, ки густариши тафаккури интиқодӣ, ташаккули ҷаҳонбинӣ аз тарафи ҳар як шахсият ҳанӯз аз овони тифлӣ ва мактаббачагӣ бояд риоя карда шавад. Зоеъ нагуфтаанд:
“Одамиро ки тарбият накунӣ, то ба садсолагӣ харе бошад”
Имрӯзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ омӯзиши дарсҳои маърифати оиладорӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърих ва таърихи дин бояд жар сатҳи зарурӣ қарор дошта бошад. Дар ин дарсҳо проблемагузорӣ, имконият додан ба дарки маънӣ, доштани маълумотҳои динӣ, аз қабили
-Ислом чӣ гуна дин аст ва чиро талқин мекунад?
-Маҳалгароӣ чист ва маҳалгаро кист?
-Давраи ҷавониро чӣ тавр бояд гузаронд?
-Ман оянда кӣ мешавам?
-Зану духтари мусалмон бояд кадом хусусияту вазифаро иҷро намоянд?
дошта бошанд.
Дар дарсҳои адабиёт дарки маъниҳои бузурги қитъа ва байтҳо, ғазалҳо Бедилу Ҳофиз ва Хайёму Саъдии хушкаломро равона созанд, ки аслан бештар инсониятро ба озодагӣ, муҳаббат ба Ватану модар, самимият, ҳидоят ба некию накӯкорӣ ва баргаштан аз роҳҳои баду нафратангезро талқин менамоянд, ки шояд ҷавононро дарки маъниҳои бузург аз роҳҳои баду нафратангез бигардонад ва ҷавонону зиёиён нерӯи пешбарандаи ҷомеа бошанд, на ҷомеа аз паси бадкориҳои ҷавонон!

Омўзгори фанњои забон ва адабиёти муассисањои №44, №26
Худойдодова Файзия Сангинмуродовна

Муфассал...
Экстремизм ва Терроризм

Дар воқеъ, руйдоҳои охири ҷаҳон аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ ва чандин кишварҳои аврупоӣ терроризм ва экстремизм ба хатари аввалиндараҷа табдил ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ларза андохтааст.
Домани фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст. Экстремизм аз вожаи франсавӣ гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ ва аз ҳад гузаштан аст. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин зуҳурот метавонад дар тамоми фаъолияти зуҳуроти инсонӣ инъикос ёбад. Ифодаи ифротгароӣ хеле решадор аст, он ҳеҷ гоҳ ҳудуд ё дину миллат надорад. Гузашта аз ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксар зери шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, баръакс аз ҷониби душманони ин дин роҳандозӣ шуда, пеш аз ҳама кишварҳои мусулмони зарар мебинанд.
Қайд намудан зарур аст, ки экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоеанд, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум дар дунёи имрӯза ба ҳам пайваст мебошад. Равнақу ривоҷи экстремизм дар ниҳояти кор ба терроризм меорад. Истилоҳи терроризм аз калимаи лотини гирифта шуда, маънои тарсу ваҳмро дорад. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан ҷомеаро ба тарсу ваҳшат ва ноумедию даҳшат андохтан аст. Албатта, чунин амалҳо дар байни мардум таҳлуқа андохта, дар натиҷа одамонро воҳима зер мекунад ва бевосита ҳукуматдоронро ба он водор месозад, ки ба хотиро амнияти шаҳрвандон ва озод намудани гаравгонон розӣ шаванд. Намуди дигари амали террористӣ таҳдиди куштан ва нобуд кардани ходимони давлатӣ ва сиёсӣ мебошад. Дар ин амалиёти террористӣ аз мансабдорон ва ё ҳукумат талаб карда мешавад, ки ин ё он шахсро аз мансабаш дур карда, қабули ин ё он қонунро ба таъхир гузоранд.
Намуди дигари фаъолияти экстремистӣ ташвиқоти амали террористӣ мебошад. Ин амал бевосита дар он ифода мегардад, ки баъзе давлатҳо дар таъсис додани ташкилотҳои террористӣ мусоидат мекунанд, дигар давлатҳо бошанд, чунин ташкилотҳоро дар қаламрави худ ҷойгир намуда, бо маблағҳои калон сарпарастӣ менамоянд.
Инчунин ташкилотҳои мазкур аз ҷониби созмонҳои ғайридавлатии байналмиллалӣ ҳамчун нерӯи пуштибони озодиҳои шаҳрвандон ва равандҳои демократӣ эътироф мешаванд. Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз кадом қудратҳо ба ташкилотҳои террористӣ кӯмак мерасонанд. Таҳлили гарон ҳаминро нишон доданд, ки террористон ва экстермистон барои ба ҳадафҳояшон расидан даст ба таркишу куштор мезананд.

Директори МТМУ №62-и ноҳияи И. Сомонӣ

Муфассал...
ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ДИНӢ, ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ

«Мубориза бар зидди терроризми байналмиллалӣ ва экстремизм ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва истиқлолияти кишвар вазифаи муқаддастарини тамоми мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад», – таъкид менамояд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомолӣ Раҳмон.
Падидаҳои номатлуби ҷомеъа, чун ифротгароӣ, терроризм ва экстремизм аз даврони қадим вучуд дошта, дар шаклу намуд, усулҳои корбарии гуногун зуҳур мекард. Вай дар мархилаи нави пайдоиш ва рушди сохти капиталистии ҷамъият бори аввал солхои 1798-1820 бо максади сарнагун намудани сохти давлатдорӣ дар Фаронса, Ирландия, Македония, Сербия, Италия, Испания ва ғайра арзи вуҷуд кард, бори дуввум охири асри 19 хуруҷ намуд. Мархилаи нави терроризм аз солхои 1960-1970 сар шуда, дар асри тараққиёти илму техника «терроризми сиёсӣ» ном гирифт. Вай баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳон дар Италия, Олмон Япония пайдо шуда, вазъияти сиёсии мамлакатҳоро ноором мекарданд, ва чун воситаи муборизаи ғоявию сиёсӣ истифода мешуданд.
Сиёсикунонии дин яке аз мушкилоти низоми сиёсӣ дар кишварҳои Шарқи мусалмонӣ гардид. Онро гуруҳҳои муайян дар муборизаи сиёсии худ истифода бурда, низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа ҳисобида, бо парчами дин оташи ҷангро афрӯхтанд. Маънии экстремизм – тундравӣ, террор тарс, ваҳм аст. Яъне ифротгароён бо зӯроварӣ, қатлу куштор ҷомеаро ба ҳолати тарсу ноумедӣ афкандан мехоҳанд.
Ифротгароӣ ва терроризм дар Точикистон аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта сарчашма мегирад. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ яку якбора низоми маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қудрати худро аз даст дод. Пас аз парокандашавии ИҶШС фалаҷ гардидани ҳокимияти давлатӣ, буҳрони иқтисодӣ, бекорӣ, паст шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, аз назорат дур мондани таъмини амнияти давлатию ҷамъиятиро ба вучуд овард. Вазъияти баамаломада, боис он шуд, ки таҳдид ва зӯроварӣ дар ҷамъият роҳ ёфт, иттиходияҳои ҷиноятӣ бо истифода аз ҳолатхои зикршуда, ҷавононро бо ваъдаи маблағи калон ва беҳ намудани шароити будубош ба гуруҳҳо шомил карданд. Мутаассифона, дар тассавури баъзе афроди ҷомеа ақидахои нодурусти динӣ ҷой дошта, онхоро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил гардонд. Аслан, гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ аз дин истифода бурданд.
Аз ҷумла, тавре маълум аст, пас аз қабули Қонун “ Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ҶШС Тоҷикистон” аз 12 декабри соли 1990 ҳизбу ҳаракатҳо динӣ ва террористӣ ба вуҷуд омада, соли 1990 ҳаракати мардумии “Растохез, соли 1991 Ҳизби нахзати Исломии Точикистон ХНИТ ташкил ёфта, расман сабти ном шуданд. Чун дар кишварҳои дигар, онҳо пеш аз ҳама, ба эҳсоси мазҳабию динии мардум таъсир расонда, аҳолиро барои амалӣ намудани мақсаду мароми худ ҷалб намуда, ба ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ намуданд. Зимнан, бо бахонаи хифзи дин ва ахли такво онҳо ба созмонхои ба ном хайриявии давлатхои исломӣ мурочиат менамуданд.
Вучуд надоштани назорати қатъии давлат дар солхои 1992-1995, бемасъулиятӣ дар қисмҳои ҳарбии аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ монда, фурӯши яроку аслиха ба гурӯххои гуногун аз ҷониби онҳо, бе назорат мондани сархади давлатӣ бо ҷумҳурии Афғонистон, таъсири омилҳои беруна ба он расонд, ки неруҳои ифротгароёна ва терроистӣ ба ҷанги мудҳиши шаҳрвандӣ расонида, ба Тоҷикистон хисороти зиёд ва қурбониҳо оварданд. Ба мо маълум аст, ки дар ҳаллу фасли ин масъала мақоми Асосгузори сулху Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Рахмон калон аст.
Бо максади решакан намудани терроризм соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» қабул гардид. Тибки он терроризм – зӯровари, ё тахдиди истифодаи он нисбат ба шахсони воқеӣ, мачбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ, нобуд сохтан ё таҳдиди нобуд сохтани амвол ё дигар объектхои моддии шахсони вокеӣ ва ҳуқуқииро махкум месозад. Дар он солхо фаъолияти террористӣ ва экстремистии созмонҳои «Ал-Қоида», «Харакати Толибон», «Бародарони Мусулмон», «Ҳаракати исломии Туркистони Шаркӣ» дар худуди Иттиҳоди давлатхҳои Мустақил, Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфии худро ба вазъияти чамъиятию сиёсии ин давлатхо мерасониданд, ба паҳн намудани ғояҳои ғайрианъанавии исломӣ ва ғайримазҳабӣ, аз ҷумла, ҷараёнҳои ваҳҳобия, салафия ва ғайра машғул шуда, тадриҷан сафи худро аз ҳисоби чавонони гумроҳ ва бекор зиёд менамоянд.
Бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ташкилотҳо террористӣ ва экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияти онхо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.
Дар ҳама давру замонҳо ба ҳизбҳо тақсим кардани мардуми мусулмон натиҷаи манфӣ ба бор оварда, то ҳол, ба ғайр аз харобиву қатлу куштор самари неке наовардааст. Таърих гувоҳ аст, ки онҳо бо гумони густариш додани равияи худ, нақшаҳои пинҳонии хоҷагони худро амалӣ мекарданд. Ин саҳв имрӯз дар кишварҳои Шарқи исломӣ такрор шуда, ба мардуми мусулмон азияту мушкилоти зиёд меоранд.
Дар Тоҷикистони имрӯза барои густариши дини ислом ягон монеа вуҷуд надорад. Агар дар Тоҷикистони замони шӯравӣ то соли 1988 ҷамъ 34 созмони динӣ, аз ҷумла, 17 масҷиди исломӣ, 15 калисо ва ибодатгоҳи насронӣ, 2 куништи яҳудӣ мавҷудият доштанд, имрӯз тавассути қонунҳои ҷумҳурӣ беш аз 4 ҳазор иттиҳодияи динии исломӣ – 27 масҷиди марказӣ, 325 масҷиди ҷомеъ, 3 ҳазору 334 масҷиди панҷвақта, Кумита оид ба корҳои дин, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон, Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам, 19 мадраса, дигар ҷамоатҳои динӣ амал мекунад. Ҳар сол беш аз панҷ ҳазор нафар ба хаҷ мераванд. Дар чунин ҳолат, ки барои иҷрои фаризаҳои динӣ ҳама шароиту имконият ҳаст, танҳо даъватҳои беасоси ҷудоиандозӣ ва тундравӣ аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳои алоҳидаи динӣ метавонад барои осоиштагии мардум ва кишвар хатар эҷод намояд.
Вале вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбуб ҳамеша омода бошем. Тавре Пешвои миллат иброз доштаанд, «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд карданд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакорию тафриқаандозӣ равона шудааст. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».
Мутаассифона, дар баъзе кишварҳои Ғарб амалҳои ифротгароёна сурат гирифтанд: нашри романи Салмони Рушдӣ оид ба таҳрифи дини ислом, сӯзондани китоби Қуръон аз ҷониби роҳиби масеҳӣ Тери Ҷонсон дар ИМА, нашри расм-карикатураи Паёмбари ислом аз ҷониби рассоми Дания Курт Вастергаард, нашри суратҳои пур аз таҳқир дар маҷаллаи ҳаҷвии Фаронса, қатли аҳолии мусалмон дар Мянма ва ғайра боиси авҷ гирифтани ҳисси тундравии мусалмонҳои ҷаҳон гардид. Ҳарчанд, роҳбарони дурандеши кишварҳои исломӣ таъкид мекунанд, ки ин амалҳо ба асли масеҳият ва калисо дахл надошта, ҳадафи онҳо низоъ андохтан байни ислом ва дини масеҳист. Аз ин рӯ набояд ба ин фирефта нашаванд ва пайи қасосгирӣ ба тундравӣ роҳ надиҳанд. Вале роҳбарони гуруҳҳои эстремистию террористӣ ба ин баҳона, аксуламали барвақт тарҳрезишудаи террористии худро ба роҳ мемонанд.
Пешгирӣ аз фаъолияти тахрибкоронаи ҳизбу ҳаракатхои дини-экстремистӣ ва ташкилотҳои террористӣ яке аз масъалахҳи муҳиму мубрами замона ба хисоб меравад. Барои ин зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар мавчуд надорад. Бинобар ин, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ хамкории ҳар як фарди чамъият вазифадор аст.
Барои он ки гаравидани чавонон ба чунин равияҳои ифротгароӣ аз байн бардошта шавад, масъалахои таълим ва тарбия дар муассисахои миёнаи таҳсилоти умумӣ,муассисахои таҳсилоти ибтидоӣ,миёна ва олии касбӣ бояд бехтару хубтар ба рох монда шавад. Омӯзгоронро лозим аст,ки дар дарсҳои тарбиявӣ бобати масъалаҳои мазкур бештар диққат диҳанд.Ташкил намудани конфренсияхо бо кормандони хифзи хукук дар доираи шомилшавии ҷавонон ва наврасон ба ҳаракатхои қайд гардида дар муассисаҳои таълимӣ таъсири нек мерасонад.

Орифов Самӣ

Муфассал...

Муроҷиати видеоии Ғайрат Воҳидов, шавҳари марҳум Файзиниссо Воҳидова ба Илҳом Ёқубов
Як ду рӯзи охир сомонаҳои интернетии аз қабили “Паём нет”, “Ахбор.ком” ва ғайра, ки зери як бом, яъне Ҳизби наҳзати ислом қарор дошта худро мухолифини тоҷик ном ниҳодаанд, пайваста барои

Муфассал...
МУРОҶИАТИ ШАВҲАРИ ШОДРАВОН ФАЙЗИНИССО ВОҲИДОВА

МУРОҶИАТИ ШАВҲАРИ ШОДРАВОН ФАЙЗИНИССО ВОҲИДОВА

Ӯ зане буд озода ва дигарандеш ва аз башараи сиёҳпӯшонидоишӣванаҳзатӣбезорбуд. Озод зист ва озод реҳлат кард. Дар Ватани худ ҷоно ба ҷонофарин супорд. На мисли наҳзатиҳоиоташандозва террорист, ки дар замини ғарибӣ ҳаттояквачабхокенамеёбанд, ки худу авлодашонро гӯркунанд.

Муфассал...